Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№143 (4563) 15.11.2022

14-уми ноябри соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар оғоз масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият», «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси фазои ҳавоии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба мубодила ва ҳифзи мутақобилаи иттилооти махфӣ» мавриди таҳлил қарор гирифта, пас аз шарҳу тавзеҳи раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия ва оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот барои баррасӣ ба ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд

Сипас, масъалаҳо «Дар хусуси Созишнома оид ба таъминоти муштараки моддиву техникӣ ва тиббии Қӯшунҳои (Қувваҳои дастаҷамъонаи) Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ», «Дар хусуси Созишнома оид ба масъалаҳои тобеияти ҳуқуқӣ ва расонидани кумаки ҳуқуқӣ ба парвандаҳои марбут ба будубоши муваққатии ҷузъу томҳои қувва ва воситаҳои низоми амнияти дастаҷамъӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ», «Дар хусуси Созишномаи сармоягузорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ширкати инвеститсионию истеҳсолии «Ориён Инвест» оид ба сохтмон ва ба истифода додани корхонаи истеҳсоли семент дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон» ва «Дар хусуси Протокол дар бораи ворид намудани тағйирот ба Созишнома оид ба фаъолияти сулҳоваронаи Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 6-уми октябри соли 2007» барои пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ниҳодҳои дахлдор ирсол шуданд.

Ҳамчунин, Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сафари вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба вилояти Суғд», «Дар бораи доир намудани муҳокимаи парламентӣ «Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2022» дар 9 моҳи соли 2022», «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул кард.

Хӯҷаназари АМИНИЁН,

«Садои мардум»