Дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

№ 12.12.2022

Дувоздаҳуми декабри соли 2022 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он нахуст масъалаҳо «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи сармоягузорӣ ба бахши обтаъминкунӣ ва беҳдошти Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ва «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (амалиёти махсус) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд оид ба лоиҳаи «Устувории шабакаи роҳҳо – маблағгузории иловагӣ» мавриди баррасӣ қарор гирифта, баъди шарҳу тавзеҳи онҳо аз ҷониби раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон оид  ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Рустам Латифзода ва оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Хайрулло Амонулло ба баррасии ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагон, инчунин, бо баррасии масъалаҳо «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хариди давлатӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид», «Дар хусуси Созишнома оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи амният байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Туркия», «Дар хусуси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкории иттилоотӣ ва мубодилаи иттилоот дар шакли электронӣ вобаста ба масъалаҳои мансуб ба сало­ҳияти мақомоти корҳои дохилӣ», «Дар хусуси Созишнома оид ба маблағгузорӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд», «Дар хусуси Созишномаи грантӣ (Лоиҳаи такмили идоракунии захираҳои об ва обёрӣ дар Тоҷикистон) байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки байналмилалии таҷдид ва рушд ва Ассотсиатсияи байналмилалии рушд» ва «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» онҳоро барои пешниҳоди хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намуд.

Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи нав­батии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул кард.

«Садои мардум»