Ҳаждаҳуми декабри соли 2023 таҳти раёсати муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Дар он масъалаҳо «Дар бораи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини амнияти иттилоотии байналмилалӣ», «Дар бораи Созишнома байни Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати мудофиаи Давлати Қатар оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи мудофиа», «Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишнома дар бораи Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм ва Низомнома дар бораи тартиби ташаккул ва иҷрои буҷети Гурӯҳи АвруОсиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм», «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳисоботи роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба иҷрои сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2023», «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сохтор, басти вазифаҳо ва сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2024 ва «Дар бораи лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба тасдиқи сметаи ягонаи даромад ва хароҷоти Муассисаи давлатии «Редаксияи рӯзномаи «Садои мардум» барои соли 2024» мавриди баррасӣ қарор гирифта, пас аз шарҳу тавзеҳи онҳо аз ҷониби раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод ва раиси Комиссияи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба назорати Дастур ва ташкили кор Ҷамшед Муртазозода ба баррасии ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод гардиданд.
Масъалаҳо «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сайёҳӣ» ва «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ» барои додани хулоса ба кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шуданд.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, вобаста ба таъсиси гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Кодекси иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд.
Шӯрои Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, «Дар бораи даъват кардани ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» ва «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул кард.
«Садои мардум»