Бисту ҳаштуми феврали соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ҷаласаи Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.
Ба рӯзномаи ҷаласа масъалаҳои зерин дохил карда шуданд:
«Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», «Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ», «Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Ҳакимзода С.А.», «Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Наимзода М.Н.», «Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз вазифаи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозхонд намудани Комилӣ Ф.», «Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муовини якуми раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Абдуллозода З.Ф.», «Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудани Аминзода С.Р.», «Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Талбакзода Д.С.», «Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Рофизода М.Ҳ.», «Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои аз вазифаи муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намудани Зоирзода И.О.», «Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини якуми прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Каримзода У.Р.», «Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Азимзода С.Б.», «Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба пешниҳоди президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани ризоият барои ба вазифаи муовини прокурори генералӣ – сарпрокурори ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Воҳидзода Ҳ.С.», «Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ҳисоботи прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023» ва «Лоиҳаи Қарори Шурои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум».
Масъалаҳои рӯзномаро Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ, раисони кумитаҳои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонону занон Маҳмадшоҳ Гулзода, оид ба иқтисодиёту коммуникатсия Шарифҷон Ҷумъазода, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода ва прокурори генералаии Ҷумҳурии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон шарҳу тавзеҳ доданд.
Шурои Маҷлиси миллӣ масъалаҳои рӯзномаро барои баррасӣ ба Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум пешниҳод кард. Шурои Маҷлиси миллӣ, ҳамчунин, «Дар бораи рӯзномаи Иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум» қарор қабул намуд.
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ