Якуми июни соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Сумангул Тағойзода оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон» соати парлумонӣ баргузор гардид.
Дар он муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Абдураҳмонзода, сардори Раёсати баҳисобгирии инфиродӣ Дилшод Саъдуллозода, муовини сардори Раёсати таъмини сиёсати нафақа Маҳмадмумин Қурбонов, инчунин вакилони Маҷлиси намояндагон ва рӯзноманигорон иштирок намуданд.
Сумангул Тағойзода иброз дошт, ки сабаби асосии интихоби мавзӯи мазкур зиёд будани нофаҳмӣ доир ба татбиқи фармони Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои дахлдори Ҳукумати мамлакат дар мавриди зиёд шудани нафақаи шаҳрвандон аст.
- Баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум дар Тоҷикистон яке аз масъалаҳои муҳими иҷтимоиву иқтисодии давлат ба ҳисоб меравад. Бо мақсади танзими муносибатҳо дар таъмини нафақаи шаҳрвандон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандон» амал мекунад, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи таъминоти моддиро тавассути додани нафақаҳои меҳнативу иҷтимоӣ кафолат медиҳад, — зикр кард Сумангул Тағойзода.
Гуфта шуд, ки то якуми апрели соли ҷорӣ шумораи нафақагирон дар ҷумҳурӣ 765 ҳазору 378 нафарро ташкил медиҳад, ки талаботи моҳонаи онҳо ба нафақа 256, 3 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 4,7 миллион сомонӣ ё 1,9 фоиз афзудааст. Илова гардид, ки аз шумораи умумии нафақагирон гирандагони нафақаҳои меҳнатӣ 317 ҳазору 347 нафар, нафақаҳои суғуртавӣ 259 ҳазору 558 кас ва нафақаҳои иҷтимоӣ 188 ҳазору 453 шахсро ташкил медиҳанд.
Бо мақсади пурра огоҳ гардидан аз раванди таъмини нафақаҳои шаҳрвандон дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ, зиёдшавии андозаи нафақаи заминавӣ ва дигар нафақаҳои амалкунанда мутахассисони соҳа маълумоти фаровон доданд.
Муовини якуми директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Абдураҳмонзода чунин гуфт:
- Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои марбутаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба беҳтар гардонидани сатҳи некуаҳволии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон агентӣ пайваста чораҳои зарурӣ меандешад. Аз ҷумла, мутобиқи нақшаи чорабиниҳо агентӣ вазифадор аст, ки аз 1-уми июли соли 2023 тамоми нафақаҳои амалкунандаро бозҳисобӣ ва индексатсия намояд.
Ҳамчунин, вобаста ба иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 -уми феврали соли 2023 таҳти №39 «Дар бораи тадбирҳои амалишавии Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6-уми феврали соли 2023 таҳти № 526 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии кормандони ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» аз 1-уми июли соли 2023 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ зиёд ва индексатсия мешаванд. Вобаста ба ин, нафақаҳои суғуртавие, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидаанд, вобаста ба сатҳи таварруми ду соли охир баробари 16 фоиз индексатсия мешаванд.
То 1 — уми июли соли 2023 зиёда аз 783 ҳазору 251 нафақагир мавриди бозҳисобӣ ва индексатсияи нафақа қарор мегиранд.
- Дар маҷмӯъ, омодагӣ ҷиҳати татбиқ Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 — уми июни соли 2023 ҷиддӣ буда, воҳидҳои сохтории агентӣ аз 19 — уми майи соли 2023, зиёд намудани нафақаҳо ва тартиб додани ҳуҷҷатҳои пардохти нафақаҳоро шурӯъ намуданд, — афзуд Ҷамила Абдураҳмонзода.
Сипас, байни вакилони парлумон ва намояндагони Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон саволу ҷавоб сурат гирифт. Аз ҷумла, Гавҳар Шарофзода аз масъулин дар мавриди дер пардохт шудани нафақа дар бархе шаҳру навоҳии вилояти Хатлон пурсид. Муовини сардори Раёсати таъмини сиёсати нафақа Маҳмадмумин Қурбонов посух дод, ки дар ин маврид шикоятҳо беасосанд, зеро дар таъмини пардохти нафақа мушкил вуҷуд надорад.
Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ