мегӯяд раиси вилояти Суғд, муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раҷаббой Аҳмадзода
- Муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода, мо дар арафаи ҷашни 31-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорем. Шумо дар хусуси бунёдкориҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар вилоят чӣ андеша доред?
- Нахуст фарорасии солгарди ҷашни мубораку муқаддаси Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба мардуми шарифи кишвар самимона муборакбод гуфта, ба ҳамватанон тансиҳатию осудагӣ, хонаи обод ва дар роҳи бунёдкории Ватани маҳбуб дастовардҳои нав ба нав орзу менамоям. Дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат дар саросари Тоҷикистони азиз, аз ҷумла вилояти Суғд, корҳои бунёдкориву созандагӣ вусъати тоза ёфта, роҳҳои аҳамияти байналмилалидошта, нақбу пулҳо, иншооти энергетикӣ, иншооти соҳаҳои маорифу тандурустӣ, фарҳанг сохта, мавриди истифода қарор дода шуданд. Танҳо дар се соли охир ва дар доираи таҷлили ҷашни ҳумоюни миллат 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят беш аз 10 ҳазор иншооти гуногун бунёд ва ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа, симои шаҳраку деҳот ва шаҳру ноҳияҳо боз ҳам зеботар ва ҳазорҳо нафар соҳиби ҷои кор гардиданд.
Марҳила ба марҳила афзоиши маҷмӯи маҳсулоти минтақавӣ дар ҳама бахши иқтисоду иҷтимоиёти вилоят, аз ҷумла саноату кишоварзӣ, сохтмону алоқа, савдою хизматрасонӣ, таъмин гардида, солҳои охир нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба марҳилаи рушди бонизом тамоюл карданд. Натиҷаи рушди иқтисодӣ имкон дод, ки сатҳи маош ва даромади умумӣ ба ҳар як сари аҳолӣ зиёд гардида, сатҳи зиндагии мардуми вилоят нисбатан боло равад. Андешидани тадбирҳо оид ба рушди устувори макроиқтисодӣ, роҳандозӣ намудани сиёсати мутавозини пулию қарзӣ ва ислоҳоти сохторӣ барои афзоиши нақшаҳои буҷети давлатӣ мусоидат намуд.
Албатта, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ натиҷаи амалишавии силсилаи барномаҳои соҳавии умумидавлатӣ ва иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
- Бешубҳа, пешравиҳои бузурге, ки дар вилоят дида мешавад, самараи неки соҳибистиқлолии мамлакат буда, саҳми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноил шудан ба онҳо назаррас аст. Зеро шоҳиди онем, ки дар натиҷаи ҳар сафари кории Президенти мамлакат ба шаҳру ноҳияҳои вилоят созандагиву ободкориҳои зиёд рӯи кор омада, Сарвари давлат сокинон ва соҳибкорони ватандӯстро ба ободонӣ даъват карда, пешниҳодҳои мушаххас низ ироа менамоянд. Андешаи Шумо дар ин маврид чӣ гуна аст?
- Пешравиҳое, ки дар гӯшаву канори мамлакат ба чашм мерасад, натиҷаи талош ва заҳмату кӯшишҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, зеро таъмини сулҳу субот ва хизматҳои мондагори Президенти мамлакат буд, ки имрӯз Тоҷикистон ба марҳилаи нави рушд расидааст.
Сокинони вилояти Суғд аз сафарҳои кории Сарвари давлат ба минтақаҳои гуногуни вилоят рӯҳу илҳоми тоза гирифта, баҳри ободӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани маҳбубамон содиқона меҳнат мекунанд. Зимни сафарҳои кории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуда, ҷойҳои нави кор ташкил карда мешавад, ки дар натиҷа, сатҳи зиндагии аҳолӣ боз ҳам беҳтар мегардад. Масалан, дар вақти сафари Пешвои миллат ба вилояти Суғд дар моҳи августи соли равон дар шаҳри Хуҷанд ҶДДМ «Ортопедия ва технологияи муосир», бинои нуҳошёнаи истиқоматӣ барои кормандони соҳаҳои иҷтимоӣ, муассисаи томактабии «Шукуфаҳои Истиқлол», Беморхонаи клиникавии шаҳрии № 1, дар шаҳри Гулистон бинои нави Маркази адлия, дар шаҳри Конибодом бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, маҷмааи хизматрасонии «Тоҷи заррин», муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 7 ва 15, коргоҳи коркарди меваи хушки ҶСК «Конибодом», Боғи истироҳативу фароғатии «Истиқлол», бинои иловагии Беморхонаи марказии Конибодом, фабрикаи «Конибодом-паранда», кӯдакистони «Зангӯла», дар шаҳри Истаравшан Коллеҷи ҷумҳуриявии ҳунарҳои мардумӣ, маркази инноватсионии «Суғдиён», маҷмааи хизматрасонии «Истаравшан плаза», бинои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ, корхонаи нассоҷии «Нури Истаравшан», корхонаи «Шарафи рӯз», дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли халтаҳои полиэтилении ҶДММ «Ориён пак», дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли коғазҳои рангаи «Дурахшон Бӯстон», коргоҳи қолинбофӣ ва дӯзандагӣ ва дигар иншоот ба истифода дода шуд, ки дар натиҷа, садҳо нафар бо ҷои кор ва маоши хуб таъмин гардиданд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, ки аз сафарҳои кориашон ба шаҳру ноҳияҳои вилоят бармеоянд, мунтазам тадбирҳои заруриро амалӣ намуда, барои таъмини рушди соҳаҳои хоҷагии халқ аз ҳама имконият истифода менамояд.
- Вилояти Суғд нисбат ба дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз нигоҳи бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва тавлиди маҳсулоти саноатӣ пешрафта мебошад. Оё дар солҳои минбаъда низ дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёди корхонаҳои нави саноатӣ ба нақша гирифта шудаанд?
- Дар вилояти Суғд беш аз 730 корхонаи саноатӣ фаъолият дошта, ҷиҳати зиёд намудани шумораи корхонаҳо ва номгӯи маҳсулот мунтазам тадбирҳои зарурӣ амалӣ мегардад.
Соли 2021 дар шаҳру ноҳияҳои вилоят 122 корхонаи нави саноатӣ бо 3056 ҷои нави кор бунёд гардида, дар нақша ҳаст, ки то охири соли равон 145 корхона ба истифода дода шавад. Якҷо бо соҳибкорону сармоягузорон аз оғози сол то 90 корхонаи нави саноатӣ бо 2398 ҷои нави кор бунёд карда шуд.
Ҳадафи чоруми стратегии мамлакат эълон шудани саноатикунонии босуръати мамлакат аз тарафи Пешвои миллат ва «Солҳои рушди саноат» эълон гардидани солҳои 2022-2026 водор менамояд, ки дар ин самт беш аз пеш кор карда, дар таъмини рушди соҳа аз ҳама имконият истифода барем.
Бояд таъкид кард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар 7 моҳи соли 2022 ба 12 миллиарду 890 миллион сомонӣ ва суръати афзоиш бо назардошти индекси нархҳо ба 123 фоиз расонида шуд.
- Дар вилояти Суғд дар баробари рушди соҳаи саноат дигар бахшҳо низ бо иқдому ташаббусҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯ ба инкишофанд. Мардуми вилоятро дар ояндаи наздик чӣ пешравиҳо интизоранд?
- Бале, дар баробари соҳаи саноат дар дигар соҳаҳо низ пешравиҳо назаррас аст. Ба унвони мисол, дар соҳаи кишоварзӣ дар 7 моҳи соли ҷорӣ ба маблағи 5 миллиарду 477 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид, ки ба 112 фоизи нишондиҳандаи ҳамин давраи соли қаблӣ баробар мебошад. Дар ин давра дар ҳама шакли хоҷагидорӣ 89 ҳазору 65 тонна картошка, 183 ҳазору 63 тонна сабзавот, аз ҷумла 41 ҳазору 882 тонна пиёз, 58 ҳазору 965 тонна мевагиҳо ва 68 ҳазору 311 тонна полезиҳо, гӯшти чорвою паранда бо вазни зинда 31 ҳазору 775 тонна, аз ҷумла гӯшти паранда 9370 тонна, гӯшти моҳӣ 334,2 тонна, шир 158 ҳазору 831 тонна, тухм 443 миллиону 603 ҳазор дона ва асал 308 тонна истеҳсол карда шудааст.
Мо дар асоси дастуру нишондодҳои Пешвои миллат минбаъд низ барои татбиқи барномаву стратегияҳои қабулшуда, расидан ба ҳадафҳои миллӣ фаъолият намуда, баҳри баланд бардоштани сатҳи зиндагии аҳолӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқ талош менамоем.
- Тавре маълум аст, дар вилояти Суғд таи солҳои соҳибистиқлолӣ сохтмони роҳу нақбҳо ва таъмиру барқарорсозии онҳо низ ба таври назаррас пешрафт намуд. Аз корҳои бузург дар ин самт бунёди нақбҳои «Истиқлол» ва «Шаҳристон» ба ҳисоб меравад, ки рафтуомади сокинонро осон намуд. Дар ин маврид Шумо чӣ андеша доред ва дар оянда барои рушди роҳсозӣ дар вилоят чӣ иқдомҳо рӯи даст гирифта шудааст?
- Воқеан ҳам, ифтитоҳи ду нақби бузург – «Истиқлол» ва «Шаҳристон» ба таври воқеӣ ҷуғрофиёи воҳиди Тоҷикистони азизро чун рамзи ягонагии миллати шарафманд таъмин намуд. Бунёди нақбҳо ва шоҳроҳи Душанбе — Чаноқ барои миллат ва давлат бисёр зарур буд ва бо талошҳои Пешвои миллат ин кор сурат гирифт. Минбаъд роҳу нақбҳо ба рушди иқтисодии кишвар мусоидат намуда, кишвар ба яке аз ҳадафҳои муҳими стратегӣ, яъне баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, мушарраф шуд.
Роҳу роҳсозӣ аз масъалаҳои таҳти таваҷҷуҳ буда, ҳар сол бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят садҳо километр роҳҳо мумфарш ва ҳазорҳо километри дигар таъмиру навсозӣ карда мешавад. Ҳар сол аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят нақшаи таъмиру мумфаршсозии роҳҳо тасдиқ гардида, барои иҷрои он маблағҳои зарурӣ равона мегардад. Дар асоси он тасмим дорем, ки марҳила ба марҳила роҳҳои ноободи байни деҳоти вилоятро низ таъмир ва мумфарш намоем.
- Барои рушди бахшҳои хоҷагии халқи вилоят дар оянда боз кадом корҳоро амалӣ карданӣ ҳастед?
- Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд захираю имкониятҳои мавҷударо баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон равона карда, ҷиҳати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳои зарурӣ меандешад.
Ҳоло мардуми вилоят барои сазовор истиқбол гирифтани ҷашни бузурги миллат 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ аҳлона меҳнат намуда истодаанд. Тибқи нақша, ният дорем, ки то ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ 12 ҳазор иншооти гуногунро бунёд ва мавриди истифода қарор дода, баҳри ободӣ ва пешрафту шукуфоии Ватани азизамон содиқона ҳисса гузорем.
Суҳбаторо АМИНИЁН Хӯҷаназар Файзулло,
сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум»