Ёздаҳуми апрели соли равон таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодири Қосим дар мавзӯи «Эъломияи муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси ташаккул ва рушди заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба» суҳбати гирди миз баргузор гардид.
Қодири Қосим иброз намуд, ки имрӯз ба шарофати сиёсати дурандешонаи роҳбарияти ҳар ду кишвари ҳамҷавор ва баррасии ҳамаҷонибаи сабақҳои таърихӣ робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Хитой тамоюли комилан нав пайдо карда, барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳои самарабахш заминаи устувор фароҳам омадааст.
- Ҳамкориҳои мақомоти олии намояндагӣ ва қонунгузории Тоҷикистону Хитой бахши муҳими робитаҳои ҳар ду кишвари дӯсту ҳамҷаворро ташкил медиҳад. Азбаски Ҷумҳурии Халқии Хитой шарики стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад, густариши робитаҳои дуҷониба ва ҳамкории самарабахш бо ин кишвар яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати хориҷии Тоҷикистон ҳисоб меёбад, — гуфт нотиқ.
Сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Халқии Хитой дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Тсзи Шумин иброз намуд, ки моҳи марти соли 1993 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори аввал ба Хитой сафар карданд. Зимни ин сафари таърихӣ «Эъломияи муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Халқии Хитой ва Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расид, ки заминаи асосӣ барои рушди робитаҳои устувору самарабахши ҳар ду кишвари дӯст ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки ҳамкориҳои мақомоти намояндагӣ ва қонунгузории ҳар ду кишвар сол то сол вусъат ёфта истодаанд. Соли гузашта суҳбати онлайнии Раиси Кумитаи доимии Ҷаласаи умумихитойии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Ли Чжаншу ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ, инчунин суҳбати онлайнии раиси Кумита оид ба корҳои хориҷии Ҷаласаи умумихитойии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой Чжан Есуй ва раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода баргузор гардид. Робитаҳои Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ дар парлумонҳои Хитой ва Тоҷикистон низ дар сатҳи хуб ба роҳ монда шудааст.
- Ҷумҳурии Халқии Хитой бузургтарин кишвари сармоягузор ба иқтисодиёти Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Мувофиқи маълумоти мақомоти гумруки Хитой, соли 2022 сарфи назар аз мушкилиҳои мавҷуда тиҷорат миёни Тоҷикистону Хитой 2,6 миллиард доллари амрикоиро ташкил дод, ки ин нисбат ба соли қаблӣ 40 дарсад бештар аст. Миёни ҳар ду кишвари ҳамсоя як қатор лоиҳаҳо дар бахшҳои нақлиёт, энергетика ва саноат амалӣ шуда истодаанд, — гуфт Тсзи Шумин.
Бино ба гуфти раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин, раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷаласаи умумихитойии намояндагони халқи Ҷумҳурии Халқии Хитой Рустам Латифзода, заминаи меъёрӣ — ҳуқуқии ҳар ду кишвари дӯстро зиёда аз 200 санади дуҷониба ташкил медиҳад. Ӯ дар бораи таърихи ҳамкориҳои байнипарламентӣ, иқтисодӣ ва фарҳангии ҳар ду кишвар иттилоъ дода, зикр намуд, ки баъд аз ифтитоҳи гузаргоҳи сарҳадии «Кулма — Қаросу» робитаҳои тиҷоратии дуҷониба вусъат ёфта, соли 2005 миёни ду кишвар хатсайри доимии ҳавопаймо ба роҳ монда шуд.
- Ташаббуси Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷаноби Си Ҷин Пин зери унвони «Як камарбанд- як роҳ» дар таҳкими робитаҳои ҳусни ҳамҷаворӣ саҳми арзанда гузошт, — гуфт номбурда.
Ректори Донишкадаи Конфутсий Лю Тсзянвэй зикр намуд, ки бори аввал моҳи сентябри соли 1994 ду донишҷӯи тоҷик барои омӯзиши забон ба Ҷумҳурии Халқии Хитой фиристода шуданд. Моҳи августи соли 2008 дар назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Донишкадаи Конфутсий фаъолияташро оғоз намуд. Соли 2015 дар назди Донишкадаи кӯҳӣ — металлургии Тоҷикистон чунин донишкада ифтитоҳ ёфт.
- Ҳоло дар 13 мактаби миёнаи Ҷумҳурии Тоҷикистон забони хитойӣ ҳамчун фанни факултативӣ омӯхта мешавад. Инчунин, дар 9 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ донишҷӯён дар сатҳи бакалавр ва дар ду донишгоҳ дар сатҳи магистр забони хитойӣ меомӯзанд. Дар 30 соли охир 10 000 ҷавони тоҷик барои омӯхтани забон ва ихтисосҳои гуногун ба Ҷумҳурии Халқии Хитой рафтааст. Миёни устодону донишҷӯён ва намояндагони соҳаҳои фарҳанг, матбуот, телевизион ва кино табодули таҷриба хуб ба роҳ монда шудааст, — таъкид кард Лю Тсзянвэй.
Намояндаи Палатаи тиҷоратии муассисаҳои Тоҷикистону Хитой Ван Чжи зикр намуд, ки алҳол дар палатаи мазкур 34 ширкат аъзо буда, дар амалисозии як қатор лоиҳаҳои муштарак саҳми бузург мегузорад. Аз ҷумла, Ширкати роҳу пулсозии Хитой дар самти сохтмони шоҳроҳҳо то ин дам 20 лоиҳаро анҷом дода, амалисозии марҳилаи дуюми лоиҳаи шоҳроҳи «Тоҷикистон — Хитой» — ро идома дода истодааст. Ширкати «Сино Ҳайдро» 5 лоиҳаи сохтмони роҳро ба анҷом расонида, алҳол ба таҷдиди техникии неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Сарбанд» машғул аст.
- Палата дар баробари таҳкими фаъолияти иқтисодӣ, инчунин дар амалисозии лоиҳаҳои иҷтимоӣ низ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мекунад. Чунончи, Ширкати «ТВЕА» дар Тоҷикистон чор «Мактаби дӯстии Хитой — Тоҷикистон» — ро ба истифода дод. Ширкати «Хуаксин — Ёвон» бошад, се лоиҳаи хайриявиро дар бахши сохтмони мактаб, таъмири кӯпрук ва роҳҳо амалӣ намуд. Ширкати муштараки «Зарафшон» бунёди боғчаи кӯдакона, мактаби ибтидоӣ ва МТМУ №47 — ро дар шаҳри Панҷакент маблағгузорӣ намуд,- иброз намуд Ван Чжи.
Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Салим зикр намуд, ки Тоҷикистону Хитой шарикони ҳамаҷонибаи стратегӣ мебошанд. Бо мақсади тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ миёни ҳар ду кишвар Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои иқтисодӣ — тиҷоратӣ таъсис дода ва байни вазоратҳои корҳои хориҷӣ механизми машваратҳои сиёсӣ ба роҳ монда шудааст.
Дар ҳамоиш муовини якуми вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Исоҷон Қурбонзода, муовини якуми вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Шоимзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Лутфия Абдухолиқзода, муовини вазири кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Анварӣ, муовини вазири нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Неъматзода ва муовини раиси Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон Насим Анваров дар бораи вусъати робитаҳои дуҷониба сухан ронда, дурнамои ҳамкориҳоро бо Ҷумҳурии Халқии Хитой нек номиданд.
Дар хотима зикр шуд, ки сӣ сол пеш бо имзои Эъломияи муштарак миёни ҳар ду кишвар «дарахти дӯстӣ» шинонда шуд, ки он самар овард.
Сайфиддин СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ