Дасти саховатманд беҳ аз бозуи зӯрманд

№124 (4544) 05.10.2022

41037273762_1a8a142115_o 2Дар таърихи давлату давлатдорӣ кам касоне мисли Президент ­Эмомалӣ Раҳмон ба дунё омадаанд. Ӯ тавонист бо неруи созанда, ақли солим, далерию матонат ва кордониаш миллатро аз вартаи ҳалокат наҷот диҳад.

Президент Эмомалӣ Раҳмон. Ин номро бештари президентҳои вақту собиқи ҷаҳон ва бисёр сиёсатмадорони сатҳи ҷаҳонӣ боифтихор ва эҳтироми хоса ба забон меоранд. Президент ­Эмомалӣ Раҳмон ин муҳаббатро сазовор аст.

Президент Эмомалӣ Раҳмон дар ҳақиқат шахсияти бузургу нотакрор буда, нозуктарин санъати сухангӯӣ — ба вақти гуфтан гуфтану ба вақти хомӯшӣ хомӯш буданро хуб омӯхтаанд. Ин гуна санъат на ба ҳар сарвар муяссар гардидааст.

Шайх Саъдии бузург мегӯяд: «Ҳаргиз дуруст нест ва ба ақли соҳибназарон рост намеояд, ки шамшери Алӣ дар ғилоф бошаду забони Саъдӣ дар даҳони ӯ хомӯш бимонад. Яъне, рӯзи ҷанг бо душман дар ғилоф будани Зулфиқори Алӣ ва дар ком хомӯш мондани забони Саъдӣ, ки ҳар ду ба тавоноӣ ва бурандагӣ машҳуранд, аз рӯи ақлу хирад нест ва қобили қабул намебошанд».

Ин маънӣ он аст, ки Президенти мо низ саъдивор аз номи миллат сухан мегӯянд. Аз номи миллати ориёию озодандеш ва аз минбари Созмони Милали Муттаҳид мегӯянд, зеро Пешвои миллат давомдиҳандаи давлати Ҳахоманишиён ва шоҳони Сомонианд.

Аз ҳама муҳим, Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд маҳбубияти халқу миллатро ба даст оранд. Миллат Пешвои худро дӯст медорад ва бо ӯ ифтихор дорад.

Марк Аврелийи бузург мефармояд: «Ҳеҷ неруе қавитар аз неруи муҳаббат ба Ватан вуҷуд надорад». Алҳол ин қувваро Президент Эмомалӣ Раҳмон бо халқу миллат доранд. Мардум низ сарварашро бо амалҳои накӯ дар роҳи халқу Ватан ва бо рафтори шоистаи ҷавонмардиашон дар дилу дида ҷо додаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доимо аз ғаму дарди миллат огаҳ буда, нисбат ба мушкилоташ ҳеҷ гоҳ бепарво нестанд. Таърихи давлатдории шоҳони қадим ва муосир исбот кардааст, ки дар зиндагӣ кам сарвароне ҳастанд, ки дар вақти тавоноию қуд­ратмандиашон ҳама ислоҳоти сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоиро муваффақона амалӣ карда, мардумро роҳнамоӣ намудаанд. Алҳол Пешвои миллати тоҷикон рамзи озодӣ, истиқлол ва адолатанд.

Суханрониҳои пайдарпайи Пешвои миллат аз минбари баланди Созмони Милали Муттаҳид роҷеъ ба ҳалли проблемаҳои глобалии дунё, дараҷаи баланди инсондӯстӣ ва сатҳи олии ҷаҳонбиниашонро нишон медиҳад. Ҷои ифтихор аст, ки суханрониҳои пурмуҳтавои Президенти маҳбуби мо бо забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, шуҳрату обруи Тоҷикис­тонро дучанд мегардонад.

Пешвои миллати мо борҳо хонаи Худоро зиёрат кардаанд ва аз нуру сафо саршор мебошанд. Беҳуда нест, ки Президенти мо Эмомалӣ Раҳмон дар қатори 500 мусулмони шуҳратманди дунё ҷой гирифтаанд ва аз минбарҳои баланди конфронсҳои исломӣ арзишҳои дини мубини исломро ҳимоят мекунанд.

Дар лавҳи турбати Баҳроми Гӯр навишта шуда, ки дасти саховатманд беҳ аз бозуи зӯрманд аст. Пешвои мо низ соҳибкарам аст. Ӯ ҳамчун шахси саховатпеша дар байни халқ ном баровардааст. Мо бояд оини ҷавонмардӣ ва расму шеваи футувватро аз Пешвои миллат омӯзем. Чаро, ки номи пуршарафи ҷавонмардиро бар ивази хатар ба ҷонашон ба даст овардаанд.

Бузургии дигари Пешвои миллат он аст, ки ӯ ҳамеша ситоиши илму дониш ва хоксорию беозориро талқин менамоянд. Ҳеҷ гоҳ ғуруру худписандиро хуш надоранд. Пешвои миллат шеъру шоирӣ ва зиёиёнро самимона дӯст медоранд. Олимону ҳунармандонро навозишу эҳтиром менамоянд. Аз аввалинҳо шуда, фарҳангро ҳастии миллат номиданд ва ба он арҷгузорӣ намуданд.

Зиндагӣ ва фаъолияти Пешвои миллат мароми зиндагонии одамони бошараф ва баору номус аст. Агар аҳамият дода бошед, Президент қобилияту истеъдоди ниҳоят баланди суханварӣ доранд ва ҷаҳониён инро қоил мебошанд. Донишмандони муосири дунё ба рӯҳияи озодихоҳӣ, илмдӯстӣ ва инсонпарварии Президенти мо баҳои баланд медиҳанд.

Қаҳрамони миллии Афғонистон шодравон Аҳмадшоҳи Масъуд муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро самимӣ дӯст медошт. Соли 1995 буд. Дар қарияи Ҷангалаки Панҷшери Афғонистон, аниқтараш дар хонаи шодравон сухан дар бораи сулҳу ваҳдати Тоҷикистон мерафт. Ҳамон солҳои душвор Аҳмадшоҳи Масъуд гуфта буд: «Шумо тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон доред. Тасаввур кунед, мо зиёда аз сӣ сол боз барои сулҳ дар Афғонистон мубориза мебарем. Ин абармарди миллат барои Шумо дар як сол сулҳи бебозгашт овард. Акнун тасаввур кунед, ки Шумо чӣ гуна Пешвое доред. Ин гуна Пешворо ҳама хайрхоҳони ҷаҳон орзу мекунанд».

Эмомалӣ Раҳмон дили бузурги инсонӣ доранд, — гуфта буд Масъуд. — Дар ин дил ҳама меғунҷад. Ӯ охирон тоҷикро ба Ватан баргардонид. Магар ин тавоноию қудратмандии инсон нест? Эмомалӣ Раҳмонро на Шумо тоҷикон, балки тамоми тоҷикони дунё дӯст медоранд. Худо шоҳид аст, ин мард бо ин ақлу заковате, ки дорад, дунёро муассир мегардонад.

Тавре ки Масъуди одамшинос гуфта буд: «Бузургии Эмомалӣ Раҳмон беандоза аст». Имрӯз мо чӣ қадаре, ки дар бораи ин абармарди миллат ва шахсияти дар ҷаҳон эътирофшуда нависем, кам аст. Вале дар камии мо самимияту ихлосу меҳрубониҳои зиёде ба Пешвоямон нуҳуфта аст.

Ҳар нафаре, ки сарнавишти печидаи халқи тоҷикро медонад, дар паҳлуи ин шахсияти Худодод фаъолият карда, заҳматҳои шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос менамояд, ки мо на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро дарк намудаем.

Бешак, тасвири симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърих дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кард, халқи гирифтор дар гирдоби нобудиро наҷот дод, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашид, ҷинояткоронро авф кард, гурезаҳоро ба Ватан баргардонид, ба миллати мотамзада ваҳдат, субот, амният овард, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор намуд, пояи давлатдориро аз сифр, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ кард, низоми молияро аз хазинаи холии бағоратрафта, лашкарро бо фармондеҳони кироя бунёд намуд, неъмати озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо кард, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонд, мардуми парешонро атрофи дастархони сиёсии миллат муттаҳид кард, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намуд, дуруст гуфтаанд, ки кори як минбар, як маърӯза ва ҳатто як китоб ҳам нест. Ҳақиқат ин аст, ки нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале рӯҳ ва ғояҳояшон таърихи ояндаро комил месозанд.

Барои ин ҷониб мояи ифтихор аст, ки бо чунин шахсияти таърихӣ муддатҳо паҳлу ба паҳлу кор ва фаъолият кардаам. Аз ин рӯ, бо амри дил, ҷиҳати инъикоси қисме аз воқеият, ифшои чанд сабақе, ки дар вазнинтарин ҳолатҳои зиндагии халқ аз ин шахсияти таърихӣ гирифтаам, баён намоям.

Дар замоне, ки касе ба як соати ояндаи зиндагӣ бовар надошт, дар шароите, ки модар баргаштани фарзанд ва ё зан шавҳари барои нон ба мағоза рафтаашро бо сад гумону хаёл интизорӣ мекашид, дар лаҳзаҳое, ки садои тиру туфанг нолаи модарону гиряи кӯдаконро пахш карда буд, дар он рӯзгоре, ки адлу инсоф, дӯстию муҳаббат, садоқату ҳақиқатро беинсофию нобаробарӣ, хиёнату чоплусӣ, номардию туҳмат гулӯгир карда буд, ӯ масъулияти роҳбариро бар дӯш гирифта, умед ва бовариро ба сулҳу ваҳдат дар дили мардум ҷо намуд.

Ӯ ҳанӯз баъд аз 23 рӯзи савганди таърихиаш, моҳи декабри соли 1992, дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикис­тон гуфта буд: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гулгулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Роҳбар на танҳо ба қасамаш содиқ буд, балки ҷиҳати иҷрои он фидокорона кӯшиш кард, ин вазифаи муқаддасро ҳеҷ гоҳ фаромӯш накард. Дар замоне, ки як ҳиссаи шаҳрвандони мамлакат дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзандон гум мезад, ӯ худро нороҳат ҳис мекард. Ӯ ҳамчун роҳбари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ оромиро эҳсос намекард, рӯҳаш барои зиндагии нотинҷи кишвар, сӯхтану бетартибиҳои яроқбадастон азият мекашиду қалбаш ба аҳволи мардуми фирорӣ месӯхт. Дар чунон ҳолати тоқатфарсо пайваста ба мардуми фирорӣ мегуфт: «Ҳамдиёрони азиз, ба Ватан баргардед! Ба шумо кӯҳи тилло ваъда намедиҳам, аммо як пора ноне, ки дорем бо ҳам мехӯрем». Бо чӣ гуна дард ва бо чӣ самимият гуфта мешуданд ин суханҳо.

Ҳамон самимият ва муҳаббат буд, ки як миллион гуреза ва муҳоҷири иҷборӣ ба ҷои зисти аввалаашон баргардонда шуданд, 36 ҳазор хонаи пурра ва ё қисман харобгашта дар муддати кӯтоҳ пурра барқарор шуд.

Бузургон дуруст гуфтаанд: «Ҳама кор бо ният алоқаманд аст». Нияти ӯ, мароми ӯ нек буд, ки ҳама ба некӣ анҷомид. Ӯ қадам ба қадам, ҳар лаҳза ва ҳар замон ба умеди ваҳдат, ба нияти субот фикр мекард, ҳарф мезад, амал мекард ва аз худию бегона, аз рӯҳи гузаштагону Офаридгори замину осмон талаби тинҷию оромии кишварро менамуд. Ин ҳамаро мо на танҳо медидему мешунидем, балки бо қалбу рӯҳ дарк мекардем ва аз ин мактаб дарс ва ҳадиси ватандорӣ меомӯхтем.

Ӯ ба суханаш содиқ, ба ваъдааш устувор буд ва ба амалаш муҳаббат дошт, ки тавонист бузургтарин неъмат — умед ба зиндагии осоиштаро дар дили мардум ҳифз карда, халқро аз парокандагӣ, миллатро аз нестшавӣ ва давлатро аз завол наҷот диҳад.

Бидуни тамаллуқ ва манфиате, ба хотири баёни ҳақиқат ва иҷрои рисолати инсонӣ ин лаҳзаҳо таърихи пурфоҷиаи миллатро бо садои парокандаи фарзандони барӯманди халқи тоҷик, ки дар замони бедавлатӣ ба бедавлатон давлатдорӣ омӯхта, ба бефарҳангон фарҳангу адаб дода, бо мушти хоку забони шевои ашъори гуҳарбори тоҷикӣ дар паҳнои олам берун аз Ватан бо орзую омоли ватандорӣ дар ғарибӣ чашм ба хоби абад рафтаанд, пеши назар меорем.

Мактаби сиёсии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, дарси ибрати ваҳдати миллии ӯ, давлатсозию ҳадиси ватанпарастии ин шахси таърихӣ барои халқи азиятдидаи мо сарчашмаи худогоҳӣ, хазинаи худшиносӣ ва ганҷинаи эҳсоси баланди миллатдӯстист, ки ба қадри он расидан, номи асосгузори онҳоро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда, идома додан қарзи инсонии ҳар соҳибватан буда, эҳтиром ба роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқлолият, ­қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.

Миллате, ки таърих ва бузургони гузаштаи худро қадр мекунад, саодатманд аст, вале бузургтару саодатмандтар, ба қавли хирадмандон, миллатест, ки ба қадри бузургон ва қаҳрамонони зиндааш мерасад.

Илми таърихи сиёсӣ — иҷтимоӣ ва таҷрибаи давлатҳои мутамаддин собит менамоянд, ки давлатҳои гузаштаю имрӯза хизматҳои содиқона, созанда ва тақдирсози чунин фарзандони қаҳрамони худро мадди назар гирифта, ҳанӯз дар айёми дар қайди ҳаёт буданашон бо мақсади нигоҳ доштани меросияти таърихӣ ва рушди бонизоми ҷомеа ва давлат, симо ва шахсияти онҳоро ҳамчун қаҳрамон, пешво ва падари миллат ва давлатҳо эътироф кардаанд.

Соҳаҳои гуногуни илм низ аз ҷанбаҳои гуногун хизматҳои воқеии онҳоро қадршиносӣ карда, таъсири нек ва қавии чунин симоҳоро дар масири таърих барои рушд, ваҳдат ва пешрафти миллату ҷомеаҳо ёдрас шуда, шинохт ва эътирофи онҳоро ба ҳайси «Пешвои миллат», «Падар — бунёдгузори давлат» ва монанди инҳо ба фазои илмҳои сиёсатшиносӣ ва ҷомеашиносӣ ворид кардаанд.

Ин нуктаро мо бояд ҳеҷ гоҳ аз хотир набарорем.

Саидмурод ФАТТОҲЗОДА,

раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот,

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон