Ба касе пӯшида нест ва касе инкор карда ҳам наметавонад, ки дар даврони соҳибистиқлолии мамлакат ҷиҳати расидан ба истиқлолияти энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат, ҳифзи амнияти озуқаворӣ ва татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ – саноатикунонии босуръат дастовардҳои арзанда хеле зиёданд ва фаъолияти созанда дар ин самт рӯз аз рӯз вусъат гирифта истодааст.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолиятро дар самти ноил шудан ба ҳадафҳои зикршуда равона карда, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардумро тавассути ҳалли масъалаҳои пешрафти устувори иқтисодӣ, тақвияти неруи инсонӣ, такмили низоми идораи давлатӣ, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ меҳвари асосии фаъолият қарор додааст.
Далелҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар ҳама ҷанба дастовардҳо назаррасанд. Барои мисол, соли гузашта рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 7,3 фоиз ҷамъбаст гардида, таваррум 5,4 фоиз нигоҳ дошта шуд. Пешрафти соҳаҳои иқтисодӣ, бахусус, бахшҳои истеҳсолӣ, таъмин гардида, зиёда аз 150 ҳазор ҷойи кории нав таъсис дода шуд ва дар се соли охир шумораи шахсоне, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд, 25 фоиз кам гардид. Сатҳи камбизоатӣ то 29,5 фоиз коҳиш ёфта, нишондиҳандаи дарозумрии аҳолӣ ба 75 сол расид. Фавти модару кӯдак дар муқоиса бо соли 1998 мутаносибан 2,1 ва 2,6 баробар паст рафт.
Дар даҳ соли охир иқтидорҳои истеҳсолии низоми энергетикии кишвар 1520 мегаватт зиёд ва беш аз 1300 километр хатҳои интиқоли барқи баландшиддат сохта, ба истифода дода шуданд. Бамаврид аст аз он ёдовар шавем, ки бори аввал дар 28 соли соҳибистиқлолии кишвар се соли охир мардуми мамлакат пурра бо барқ таъмин гардида, 3 миллиард киловатт — соат неруи барқ ба хориҷа содирот шуд.
Шоҳиди ҳол ҳастем, ки бештари маблағи Буҷети давлатӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ ва тавсеаи корҳои ободонӣ сарф шуда истодааст. Пешвои миллат дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ иброз карда буданд, ки: «Дар шароити Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави он аз кӯҳҳо иборат аст, соҳаҳои нақлиёту коммуникатсия барои таъмин намудани рушди иҷтимоиву иқтисодӣ аҳамияти бузург доранд». Бо дарназардошти муҳимияти масъала, дар давраи соҳибистиқлолӣ дар кишвар зиёда 2100 километр роҳҳои мошингарди дорои аҳамияти байналмилаливу ҷумҳуриявӣ ва зиёда аз 1000 километр роҳҳои мошингарди дохилӣ бунёду таҷдид карда шуданд.
Дар назар бояд дошт, ки қисми даромади Буҷети давлатӣ аз 6,5 миллиард сомонии соли 2010 соли 2019 ба 24 миллиард сомонӣ расид ва афзоиши он қариб 4 баробар ва ҳиссаи хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ 43,7 фоизро ташкил дод. Дар буҷети соли 2019 нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф — 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона шуда истодааст.
Дар натиҷаи тадбирҳои амалинамудаи Ҳукумати мамлакат тайи се соли охир ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз 15,2 то 17,3 фоиз афзоиш ёфт. Боиси қаноатмандист, ки соли ҷорӣ аз 20 номгӯйи молу маҳсулоти ба содирот нигаронидашуда афзоиши истеҳсоли 15 номгӯйи он таъмин гардид. Ҳадафи чоруми стратегӣ идомаи мантиқии ибтикороти қаблӣ маҳсуб меёбад, ки бо дарназардошти аҳамияти соҳаи саноат дар ҳалли масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва таъсиси ҷойҳои корӣ эълон шуд. Ба шарофати ин иқдом дар назар аст, ки то соли 2030 ҳиссаи соҳаи саноат дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 22 фоиз расонида шавад.
Бояд ёдовар гардид, ки ислоҳоти иқтисодии тайи солҳои охир амалишуда ба беҳтар гардидани фазои соҳибкориву сармоягузорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ, аз ҷумла, сармояи мустақим, мусоидат карда истодааст. Тибқи маълумот, ҳоло дар кишвар татбиқи 70 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 30 миллиард сомонӣ идома дорад. Дар 10 соли охир ба иқтисодиёти Тоҷикистон зиёда аз 33 миллиард сомонӣ сармояи мустақими хориҷӣ ворид гардидааст, ки қисми зиёди он ба рушди соҳаҳои энергетика, алоқа, сохтмон, истихроҷу коркарди канданиҳои фоиданок ва бунёди инфрасохтор равона шудааст. Бидуни шубҳа метавон гуфт, ки тамоми дастоварду пешравӣ самараи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат ва иродаи шикастнопазири мардуми шарифи кишвар аст.
Таваҷҷуҳе, ки Пешвои миллат ба соҳибкорон доранд, камназир аст. Дар ин робита далелҳои зиёд мавҷуданд. Таъсиси Шӯрои машваратии назди Президент оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз иқдомҳои арзанда дар ин самт мебошад. Соли гузашта бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар ду сол мораторий эълон гардид, ки аз он қариб 2000 субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархӯрдор гардиданд.
Илова бар ин, бо супориши Пешвои миллат солҳои 2019-2020 санҷишҳои фаъолияти субъекти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ ва муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллӣ ва мақомоти андозу гумрук татбиқ карда шуд.
Соли гузашта, зимни ироаи Паём ба мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар, Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми азизу шарафманди Тоҷикистон, вакилони парлумони мамлакат, аъзои Ҳукумат ва хизматчиёни давлатӣ муроҷиат карданд: «Мо бояд аз истиқлолияту озодӣ ва соҳибватаниву соҳибдавлатӣ шукрона кунем, шукронаи Ватани соҳибихтиёру маҳбубамонро ба ҷо орем, онро сидқан дӯст дорем, ба давлати соҳибистиқлоламон содиқ бошем, ҳамаи саъю талоши худро ба хотири пешрафтаву неруманд гардонидани он ва дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баланд бардоштани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон равона кунем».
Боварии комил дорам, ки ин таъкиди Сарвари давлат сармашқи кори тамоми қишри ҷомеа мегардад, зеро иҷрои он қарз ва рисолати инсонии ҳар як сокини кишвар мебошад.
Ҷобирзода Тоҳир Гул, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлии Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон