Таҳти чунин унвон 18 октябри соли ҷорӣ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон семинари машваратӣ баргузор гардид.
Дар он корманди масъули Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон Нуралӣ Музаффаров роҷеъ ба салоҳияти кумитаҳои Маҷлиси намояндагон маълумот дод.
Ӯ, аз ҷумла, изҳор дошт, ки кумитаҳои Маҷлиси намояндагон мутобиқати лоиҳаҳои қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон ва Шӯрои Маҷлиси намояндагонро ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқоиса намуда, хулосаҳояшонро оид ба баррасӣ ба ҷаласаҳои Шӯрои Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси намояндагон омода ва пешниҳод менамоянд. Ҷиҳати такмили лоиҳаҳои қонунҳои дар баррасии Маҷлиси намояндагон қарордошта, вобаста ба фаъолияти қонунгузорӣ, бо мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатӣ ҳамкориро ба роҳ мемонанд.
Дар сурати зарурат оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ё лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ экспертизаи ҳуқуқӣ, забонӣ ва зиддикоррупсионӣ таъин менамоянд, муҳлати гузаронидани экспертизаро муайян мекунанд ва ба субъектҳои дахлдор маводи заруриро барои гузаронидани экспертиза мефиристонанд.
Дар доираи салоҳияташон соҳаҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳлил намуда, ҷиҳати такмили онҳо таклифҳо пешниҳод менамоянд.
Дар анҷом Нуралӣ Музаффаров ба саволҳои сершумори иштирокчиёни нишаст посух гуфт.
Хадамоти матбуотии Маҷлиси намояндагон