Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дастури рӯимизӣ ва сармашқи кор

№24 21.02.2024

53426548470_97860e3698_oДар ҷаҳон зиёда аз 1,8 миллиард нафар ҷавонон умр ба сар мебаранд ва қариб 90 дарсади онҳо дар кишварҳои рӯ ба рушд зиндагӣ мекунанд. Онҳо дар ҳамаи соҳаҳо — иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва сиёсӣ низ саҳмгузор буда, дар баробари захираи зеҳнӣ сармояи бузурги кишварҳо маҳсуб меёбанд. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама баромаду суханрониҳояшон пайваста таъкид месозанд, ки ҷавонон қувваи бузурги созанда ва ояндаи миллату давлат буда, барои онҳо тамоми шароит бояд фароҳам шавад.

Вобаста ба ин дар Паёми навбатӣ Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид намуданд: «Ғамхорӣ нисбат ба ҷавонон, ҳалли мушкилоти онҳо ва истифодаи дурусти ин захираи стратегии миллӣ барои пешрафту ободии Ватан ва таъмини амнияту суботи ҷомеа яке аз афзалиятҳои асосии Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад».

Бояд гуфт, ки дар замони истиқлолияти давлатӣ баҳри баланд бардош­тани сатҳи зиндагии аҳолӣ, аз ҷумла ҷавонон, як қатор тадбирҳо амалӣ гардиданд.

Мулоқоти нахустини Роҳбари мамлакат, Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони ҷумҳурӣ дар 70-умин рӯзи сарвариашон, ки 2 феврали соли 1993 сурат гирифта буд, далели барҷастаи ғамхорӣ ва дастгирии ҷавонон аз ҷониби Сарвари кишвар маҳсуб меёбад.

Дар навбати худ имрӯз ҷавонони саодатманди Тоҷикистон бо шукргузорӣ аз фазои озоду обод, неъматҳои беназири истиқлолияти давлатӣ, бо дастгирӣ аз сиёсати хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри бунёди давлати навин, ваҳдату ҳамбастагии саросарӣ, ҳифзи муқаддасоти миллӣ ва муаррифии кишвар дар арсаи байналмилалӣ садоқатмандона талош меварзанд.

Пешвои миллат зимни ироаи Паём, ҳамчунин, ба ободию созандагӣ, дӯст дош­тани Ватан ва ҳифзи он таваҷҷуҳ зоҳир намуда, аз сокинони мамлакат, минҷумла ҷавонон, даъват ба амал оварданд, ки: «Биёед, минбаъд низ якҷоя кору фаъолият намуда, кишвари худро ободу зебо созем, сатҳу сифати зиндагии халқамонро баланд бардорем ва обрӯи Ватани азизи худ – Тоҷикистони соҳиб­истиқлолро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму тақвият бахшем».

Ба ҳуқуқи инсон ва баланд бардош­тани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон диққати махсус зоҳир намудани Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бесабаб нест. Имрӯз тамоюлҳои ҷаҳонишавӣ ва пешбурди манфиатҳои геополитикӣ аз тарафи баъзе давлатҳои абарқудрат ва гурӯҳҳои манфиатдор хавфу хатарҳои гуногун, аз ҷумла нақзи ҳуқуқи инсон, суст шудани пояи давлатдорӣ, нест кардани миллатро метавонад ба вуҷуд орад. Ба ин хотир, минбаъд тарбияи шаҳрвандон, хоса ҷавононро тарзе ба роҳ мондан лозим аст, ки на танҳо худ меъёрҳои қонунро риоя кунанд, балки дар ҳолатҳои нақзи қонун бетараф набошанд. Тоҷикистон давлати ҳуқуқбунёд аст ва амалӣ намудани меъёрҳои Конститутсия ба мо имкон дод, ки пояҳои устувори ҷомеа ва давлатро созмон диҳем, сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллиро таҳким бахшем, рушди устувори иқтисодии кишварамонро таъмин намоем. Бинобар ин, бо пешниҳоди Роҳбари давлат соли 2024 «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон шуд.

Илму маориф ва ба талаботи давр ҷавобгӯ намудани соҳа низ дар Паём баррасӣ шуд. Аслан, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ба рушди соҳаи маориф, фароҳам овардани шароити мувофиқ барои таҳсилу касбомӯзии ҷавонон ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд. Ба шарофати ғамхориҳои доимии Сарвари давлат дар солҳои истиқлолияти давлатӣ муассисаҳои олию миёна, китобхонаю осорхонаҳо, марказҳои варзишу дилхушии зиёд сохта шуданд.

Дар маҷмӯъ, Паём дастури раҳнамоест, ки роҳи минбаъдаи рушди кишвари моро муайян менамояд. Иҷрои дастуру супоришҳое, ки Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ­ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олӣ доданд, боиси рушди соҳаҳои гуногун гардида, дар маҷмӯъ, ба рушди Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Дар шароити ниҳоят ҳассос ва ноорому пуртаҳаввули ҷаҳони имрӯза, афзоиши таҳдиду хатарҳои муосир ба истиқлолу озодӣ, суботи сиёсӣ ва амнияти ҷомеаи башарӣ ҷавонон вазифадоранд, ки беш аз ҳар вақти дигар босабру таҳаммул ва муттаҳиду сарҷамъ бошанд, тамоми саъю талоши худро ба ҳимояи арзишҳои миллӣ, ҳифзи манфиатҳои давлату миллат, ободии Ватани азизамон ва рушди кишвари соҳибихтиёрамон равона намоянд. Бо ин мақсад, Паёми Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат бояд барои ҳар як фарди ҷомеа дастури рӯимизӣ ва сармашқи кор бошад.

М. АБДУСАЛОМЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон