ё натиҷагирӣ аз фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум (солҳои 2020 — 2025)
Парламенти касбии тоҷик ба шарофати сатҳи илмии худ, заҳмату талош ва муносибати самимонаи вакилон дар эҷоди қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ тавонист, ки аз рӯзҳои нахустини ба фаъолият шурӯъ намуданаш худро ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор нишон диҳад. Парламенти мамлакат бо ҷуръат ва ҷасорати арзанда ба ҳалли мушкилоти ҷомеа мусоидат кард ва қадам ба қадам, лаҳза ба лаҳза, ҳатто метавон гуфт, ки зарра-зарра салоҳиятҳои конститутсионии худро чун институти сиёсӣ мустаҳкам намуд.
Парламенти Тоҷикистон тӯли шаш даъват, ҳамчун ниҳоди қонунгузори кишвар, на танҳо низоми ягонаи ҳуқуқиро дар дохили кишвар ташаккул дод, балки дар самти ворид шудан ба фазои ягонаи ҳуқуқии байналмилалӣ низ қадамҳои устувор гузошт.
Дар ҳамин гуна шароит ба шарофати тадбирҳои фаврию амалии андешидаи роҳбарияти давлату Ҳукумати Тоҷикистон вакилони мо тавонистанд дар тӯли шаш иҷлосия ба дастовардҳои назаррас ноил гарданд.
Дар ин давра тибқи талаботи моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 10 маротиба ҷаласаҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардида, вобаста ба масъалаҳои мубрами рӯз қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд. Аз ҷумла, дар ҷаласаҳои якҷоя маросими савгандёдкунии муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинобар аз нав интихоб шуданашон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъину озод кардани Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукумат, ироаи ҳамасолаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», инчунин, додани ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон сурат гирифтанд.
Қобили тазаккур аст, ки масъалаи додани ризоият ба истифодаи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз ҳудуди он барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалӣ дар таърихи фаъолияти мақоми олии қонунгузор таҷрибаи нахустин буд.
Хушбахтона, пас аз додани ризоият афсарону сарбозони шуҷои Ватан таҳти роҳнамоиҳои Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рисолати хизматию уҳдадориҳои ҳарбии худро мардонавор ва бомуваффақият иҷро намуда, сарбаландона ба Ватан баргаштанд.
Фаъолияти даъвати шашум мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», Дастури Маҷлиси намояндагон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбута дар се бахш – намояндагӣ, қонунгузорӣ ва байнипарламентиву хориҷӣ амалӣ карда шуд.
Қонунгузорӣ яке аз самтҳои асосии фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад. Дар давраи сипаришуда 171 ҷаласаи Шуро ва 128 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон доир шуда, 723 қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, аз ҷумла 20 тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионӣ, 4 кодекс, 113 тағйиру иловаҳо ба кодексҳо, 58 қонуни мукаммал, 271 тағйиру иловаҳо ба қонунҳо, 1 стратегия, ҳудуди 260 созишнома, барномаҳои давлатӣ, мактубҳои мубодилавӣ, конвенсия, протоколу ёддоштҳо, шартнома, аҳднома, оиннома, низомнома, дурнамоҳо ва 144 Қарори Маҷлиси намояндагон тасдиқ гардиданд.
Дар ҷараёни даъвати шашум бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 146 лоиҳа, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 425 лоиҳа, аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон 152 лоиҳа дар ҳаммуаллифӣ бо аъзои Маҷлиси миллӣ пешниҳод ва қабул гардиданд.
Дар шумули санаду меъёрҳои қабулшуда қонунҳое ҳастанд, ки дар таърихи фаъолияти қонунгузории кишвар бори нахуст ва ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таҳия гардидаанд.
Хусусияти таҳия ва қабули қонунҳои мукаммал на танҳо хоси иҷлосияҳои алоҳида, балки ҳамчун яке аз самтҳои пурсамари фаъолияти даъвати шашум мебошад. Дар ҷараёни шаш иҷлосия 18 қонуни мукаммал қабул карда шуд, ки тамоми соҳаҳои ҷомеаи кишварро фаро гирифтаанд. Аз ҷумла, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масунияти юрисдиксионии давлати хориҷӣ ва моликияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо», «Дар бораи захираҳои генетикӣ», «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», «Дар бораи ёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи назорати маъмурӣ нисбат ба шахсони аз муассисаҳои ислоҳӣ озодшуда», «Дар бораи дастрасӣ ба иттилоот оид ба фаъолияти судҳо», «Дар бораи савдои электронӣ», «Дар бораи тиҷоратикунонии натиҷаҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», «Дар бораи суғуртаи ҳатмии ҷавобгарии гражданию ҳуқуқии соҳибони воситаҳои нақлиёт», «Дар бораи таъмини амнияти биологӣ ва муҳофизати биологӣ», «Дар бораи авф бинобар қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон» ва ғайра аз ҳамин шуморанд.
Албатта, аксари қонунҳо ва санадҳои дар ҷараёни иҷлосияҳо қабулшуда барои имрӯзи кишварамон зарур ва муҳим ба шумор мераванд, вале дар ин миён қонунҳое қабул карда шуданд, ки тақозои замон ва талаботи рӯз буда, барои пешбурди ҷомеаи кишвар хеле муҳим ва саривақтӣ мебошанд. Яке аз ин санадҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» мебошад, ки мутобиқи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 12 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо мақсади танзими ҳуқуқии фаъолият дар самти тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, муайян кардани мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ин соҳа, субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, тақсимоти вазифаҳо дар байни мақомоти ба амалбароварандаи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон, ҳамоҳангсозии фаъолияти субъектҳои тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ва муайянсозандаи масъулияти онҳо таҳия ва пешниҳод гардид.
Қабули қонуни мазкур ба таҳкими ҳисси муҳаббат ба Ватан, ватанпарастӣ, худшиносӣ ва нигоҳдошти ҳувияти миллии шаҳрвандон мусоидат намуда, масъулияти мақомоти давлатию ҷамъиятӣ ва шаҳрвандонро дар рушду инкишофи кишвар, ҳифзи манфиатҳои умумимилливу умумидавлатӣ баланд мебардорад, инчунин, барои ташаккули заминаҳои меъёрии ҳуқуқии самти тарбияи ватандӯстӣ, ҷабҳаҳои фарҳангӣ, маънавию сиёсӣ ва маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, коҳиш додани сатҳи ҷинояткорӣ дар ҷомеа, бахусус дар байни наврасону ҷавонон, имкониятҳои нав ба вуҷуд меорад.
Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҷомеа, расонидани кумак ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ ва ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ тавассути фароҳам овардани фазои мусоиди иқтисодӣ барои соҳибкории иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳамкорӣ бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи соҳибкории иҷтимоӣ» пешниҳод ва қабул гардид.
Бо боварӣ метавон гуфт, ки амалияи қонунҳои мазкур муносибатҳои муҳими ҷамъиятиро ба танзим дароварда, ба устувории сохтори қонунгузории кишвар замина фароҳам меоранд ва барои таъмини рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ такони ҷиддӣ мебахшанд.
Дар ин раванд баргузор намудани муҳокимаҳои парламентӣ яке аз василаҳое мебошад, ки вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ тавонистанд тавассути таҳлили мунтазами қонунгузорӣ, аз ҷумла мониторинги амалишавии санадҳои қонунгузорӣ ва барномаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба пешрафти иқтисодиёти кишвар саҳми босазо гузоранд ва дар ин замина ҷараёни татбиқи қонунҳои соҳавиро таҳлилу баррасӣ намоянд. Дар ин давра дар Маҷлиси намояндагон 26 муҳокимаи парламентӣ, 4 соати парламентӣ, 7 семинар ва беш аз 20 мизи мудаввар доир шуд. Инчунин, бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи таърихии ХVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 5-уми сентябри соли 2022 бо иштироки аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон Конференсияи ҷумҳуриявӣ доир карда шуд.
Фаъолияти намояндагӣ яке аз бахшҳои муҳими Маҷлиси намояндагон ба шумор рафта, василаи муҳими густариши робита бо ҷомеа, огоҳӣ пайдо намудан аз вазъи воқеии иҷтимоию сиёсии кишвар, инчунин, омили таҳкимбахшандаи фаъолияти ҳар як вакил маҳсуб меёбад. Бинобар ин, самти мазкур низ таҳти назорати роҳбарияти Маҷлиси намояндагон қарор дошта, барои дар сатҳи баланди ташкилию сиёсӣ гузаштани онҳо дар якҷоягӣ бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ чораҳои мушаххас андешида шуданд. Вакилон дар ин давра 7 маротиба ба сафари хидматӣ баромада, бо интихобкунандагон мулоқоту вохӯриҳо баргузор намуданд. Ҷамъбасти гузоришҳои вакилон аз натиҷаи мулоқотҳояшон бо интихобкунандагон бо қарорҳои Шурои Маҷлиси намояндагон барои чораҷӯӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шуданд. Дар асоси таъкид ва супоришҳои роҳбарияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо дархостҳои муҳим ва асосии интихобкунандагон ба гузоришҳо ворид гардида, дархостҳое, ки моҳияти маҳаллӣ доштанд, барои чораҷӯӣ ба мақомоти марбутаи маҳаллӣ ирсол карда шуданд.
Фаъолияти намояндагии вакилон бо баргузории мулоқоту вохӯриҳои нақшавӣ дар маҳалҳо маҳдуд нашуда, қабули шаҳрвандон бевосита дар бинои Маҷлиси Олии мамлакат ба роҳ монда шуд ва баррасии муроҷиатҳои хаттӣ ва шифоҳии онҳо низ таҳти назорати қатъии роҳбарияти Маҷлиси намояндагон қарор гирифт. Дар ин давра муроҷиатҳои интихобкунандагон аз ҷониби вакилон ҳамаҷониба мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифта, дар доираи ваколат ва салоҳияташон ба ҳалли мусбати онҳо мусоидат карда шуд. Дар давоми даъват ба Маҷлиси намояндагон 2119 нома ва 14126 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ворид гашт, ки ҳамагӣ мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва аз рӯйи онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд. Мусаллам аст, ки дар пушти ин рақамҳо кори мушаххас, манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат истодаанд, ки аз афзоиши эътимоди сокинони мамлакат ба мақоми олии қонунгузор шаҳодат медиҳад.
Самти дигари муҳими фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими дипломатияи парламентӣ мебошад. Президенти мо, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули сиёсати хориҷии Тоҷикистон ва рушди дипломатияи парламентӣ, инчунин, роҳандозии тамосу равобити дӯстона бо кишварҳои гуногун, созмонҳои байналмилалӣ, ниҳодҳои молиявии ҷаҳонӣ ва муаррифии давлату миллат дар ақсои олам нақши созанда ва беназир доранд. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шарофати сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонист дар даврони истиқлол натанҳо равобити судмандро бо ҷаҳони хориҷ барқарор созад, балки бо пайдо намудани равиши хоси дипломатияи худ, ки бар ҳифзи манофеи миллӣ ва эҳтироми арзишҳои умумибашарӣ асос ёфтааст, ҳамчун як кишвари фаъол ва таъсиргузор дар ҳалли масоили глобалӣ шинохта шавад.
Дар ин замина, дипломатияи парламентӣ яке аз самтҳои муҳими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва ҳамгироӣ барои ҳар як давлати демократӣ, воситаи муассир барои барқарор кардани муносибатҳои корӣ ва эътимоднок бо парламентҳои кишварҳои хориҷӣ мебошад.
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои конститутсионии худ фаъолияти қонунгузориро ҷиҳати таъмини самти сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии он, инчунин, кор дар сохторҳои байнипарламентӣ муносибатҳоро бо парламентҳои дигар давлатҳо дар даъвати шашум тақвият бахшид.
Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари пешбарандаи сиёсати хориҷии сулҳҷӯёнаву созанда эътироф шудааст ва мо низ дар заминаи ҳамин мафҳум бо ҳамаи давлату созмонҳо ҳамкории судмандро ба хотири рушди дипломатияи парламентӣ ба роҳ мондаем. Бо истифода аз асли сиёсати «дарҳои кушода» вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ даъвати шашум робитаҳои байнипарламентиро бо кишварҳои дуру наздик густариш дода, аз имконият ва мавридҳои муносибе, ки имрӯз ва дар оянда пеш хоҳанд омад, ба манфиатҳои миллӣ истифода намуданд.
Дар давраи иҷлосия вакилони Маҷлиси намояндагон дар раванди тасдиқи созишнома, шартнома ва конвенсияҳои байнидавлатӣ ё байниҳукуматӣ ва мутобиқсозии онҳо ба манфиатҳои миллӣ иштироки фаъол доштанд.
Дар баробари ин, мо ба хотири пешбурди муносибатҳои дипломатии байнипарламентии боэътимод бо кишварҳои шарик, татбиқшавии ташаббусҳо дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ ва минтақавӣ, устувор гардонидани давлатдории дунявӣ дар асоси принсипҳои демократӣ ва амалишавии сиёсати пешгирифтаи «дарҳои кушода»-и Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои хориҷӣ, роҳбарони созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ, инчунин, намояндагони гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентӣ, сафирон ва ходимони намоёни сиёсии мамлакатҳои хориҷӣ дар давраи даъвати шашум мулоқотҳои судманд анҷом додем. Дар рафти ин мулоқоту вохӯриҳо асосан доир ба рушду тавсеаи равобити дуҷонибаю бисёрҷониба, ба роҳ мондани ҳамкории байнипарламентӣ ва аз таҷрибаи ҳамдигар истифода намудан дар соҳаи қонунгузорӣ барои рушду нумуи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа суҳбату мулоқотҳо сурат гирифтанд.
Дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба мо гурӯҳҳои дӯстии байнипарламентии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро бо 55 кишвар ба роҳ мондем.
Боиси зикр аст, ки бо мақсади татбиқи ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нақши фаъол доштан дар ҳалли мушкилоти вобаста ба об дар сатҳи парламентҳои ҷаҳонӣ, алалхусус минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором, дар ҳошияи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба «Даҳсолаи байналмилалии об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028», рӯзҳои 10–11 июни соли 2024 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии парламентӣ таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» баргузор гардид. Дар кори он вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони воломақоми давлатҳои аъзои Форуми парламентҳои Осиё оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд (AFPPD), Ассотсиатсияи аҳолӣ ва рушди Осиё (APDA) ва Хазинаи нуфуси Созмони Милали Муттаҳид (UNFPA), намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳо, корпусҳои дипломатии муқими Душанбе, ташкилотҳои байналмилалӣ, ҷавонони ташаббускор, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд. Зимни баргузории форум масоили тавонмандсозии занон, ҷавонон, баробарии гендерӣ, устувории демографӣ, камбизоатӣ, норасоии об ва тағйирёбии иқлим, инчунин, роҳҳои ҳалли татбиқи иқтидори пурраи занон тавассути сиёсати оилавӣ, таҳкими шарикӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба «Рӯзномаи 2030» ва табодули таҷриба барои баланд бардоштани огоҳӣ ва саҳмгузорӣ оид ба рушди устувор матраҳ гардиданд.
Ҳамаи ин тадбиру ибтикорҳо ба он мусоидат кард, ки имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сиёсати ҷаҳонӣ ҷойгоҳи худро мустаҳкам намуда, доираи муносибату ҳамкориҳои худро сол ба сол тавсеа мебахшад. Ба шарофати роҳандозии чунин сиёсат Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати кишвари сулҳдӯсту инсонпарвар, пайрави арзишҳои демократӣ, тарафдори ҳамгироӣ ва ҳамкориҳои бисёрҷониба шинохта шудааст. Маҳз, ба ҳамин хотир, бо даъвати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ рӯзҳои 10-11 октябри соли 2024 дар бинои муҳташаму навбунёди Маҷлиси Олӣ Конфронси байналмилалии парламентӣ таҳти унвони «30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо иштироки роҳбарони парламентҳои ҷумҳуриҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон, Арманистон, Беларус, Озарбойҷон, Эрон, Федератсияи Россия, Туркманистон баргузор гардид.
Тибқи муқаррароти моддаи 53-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми корӣ ва ҳамоҳангсози Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дастгоҳи он мебошад ва пешрафти кори вакилон низ аз сатҳу сифати корбарӣ ва фаъолияти кормандони он вобастагӣ дорад.
Дар ин давра бо дастгирӣ ва ғамхориҳои бевоситаи Сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ, ваколатҳо, ҳаҷм ва доираи фарогирии вазифаҳо сохтори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба талаботи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2016 «Дар бораи тасдиқи Феҳристи мансабҳои давлатӣ» мутобиқ гардонида шуд.
Ҳамчунин, бо мақсади мушаххас намудани вазифа ва ҳуқуқу уҳдадориҳо ба Низомномаи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти куллӣ ворид карда шуда, мақоми аксарияти шуъбаҳои амалкунанда ба сатҳи раёсат баланд бардошта шуд, ки бешак, ба фаъолияти самараноку муназзами Дастгоҳ мусоидат намуд.
Дар ҷараёни даъвати шашум Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар бахшҳои ташкили кор, назорат, ташхиси ҳуқуқӣ, тарҷума ва таҳрир, иттилоотӣ, молиявӣ, моддӣ-техникӣ ва дигар бахшҳои омодасозии шароити корӣ барои вакилони Маҷлиси намояндагон фаъолияти муайянро ба таври муносиб ба анҷом расонид.
Инчунин, дар ин давра Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав қабул гардид, ки дар он салоҳияти Маҷлиси намояндагон ба пуррагӣ ҷой дода шуд. Дар таҳрири нав Дастури Маҷлиси намояндагон ҳамчун як санади кории фарогир ва баёнгари тамоми самтҳои фаъолияти Маҷлиси намояндагон мавриди амал қарор гирифт.
Даъвати шашум, бешубҳа, давраи пурсамар дар корномаи касбии ҳамаи вакилон маҳсуб меёбад. Мо — вакилони Маҷлиси намояндагон ҳама вақт эътимоду дастгириҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро эҳсос мекардему ҳама вақт гиромӣ медорем. Барои эътимод ва дастгириҳои бузург ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сидқан миннатдорӣ баён мекунам.
Ба ҳамаи вакилони арҷманд, инчунин, ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ – Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода низ барои заҳмати пурсамару фидокорона ҷиҳати рушди низоми ҳуқуқии кишвар ва таҳкими қонуният дар давраи даъвати шашум изҳори сипос менамоям. Ҳамаи шумо бори гарони масъулияти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ бар дӯш доштед ва онро аз оғоз то имрӯз ба таври шоиста иҷро намудед.