23 сентябри соли 2019 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар шаҳри Нурсултони Ҷумҳурии Қазоқистон бо чанде аз раисони парлумонҳои кишварҳои АвруОсиё мулоқот намуд.
Зимни суҳбат бо Раиси Маҷлиси Ҷогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Достон Ҷумабеков ҷонибҳо сатҳи кунунии муносибатҳои ду кишварро баланд арзёбӣ ва масоили гуногуни ҳамкориро баррасӣ карданд.
Шукурҷон Зуҳуров иброз дошт, ки муносиботи дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон фарогири имконоти фарохи равобит дар заминаҳои гуногун мебошад ва зарур аст, ки аз онҳо ба таври самаранок истифода бурда шавад. То ба ҳол байни кишварҳо беш аз 100 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст, яъне заминаи ҳуқуқии равобит фароҳам мебошад.
Раиси Маҷлиси намояндагон мавҷуд будани баъзе аз арзишҳои муштарак байни ду миллат — тоҷику қирғизро намунаи барҷастаи дӯстиву бародарӣ маънидод кард ва таъкид дошт, ки Тоҷикистону Қирғизистонро доштани марзи муштарак, шомил будан дар созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, аз қабили ИДМ, СҲШ, СААД, лоиҳаи бузурги CASA-1000 бо ҳам муттаҳид кардааст.
Раиси Маҷлиси намояндагон, ҳамчунин, аз нақши парлумонҳои ду кишвар дар ҳалли масъалаҳои гуногун, аз қабили мушкилоти сарҳадӣ, аломатгузории марзи давлатӣ, роҳу нақлиёт, рафтуомади озоди шаҳрвандон ба кишварҳои якдигар ва ғайра ёдовар шуда, зикр кард, ки дар ин замина бояд парлумонҳои кишварҳо дар ҳамкории бисёр зич қарор дошта бошанд ва барои ҳалли масъалаҳо талошҳои муассир анҷом диҳанд.
Дар робита ба масъалаҳои сарҳадӣ таъкид гардид, ки Комиссияи байниҳукуматии ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Қирғизистонро зарур аст, корро дар самти баррасии масъалаҳои амнияти сарҳадӣ пурзӯр намоянд ва ҳар чӣ зудтар шартномаи байнидавлатиро дар ин самт омода сохта, ба имзо расонанд.
- Мо ба таҷрибаи ғании намояндагони парлумони Қирғизистон бовар ва умед дорем, ки тавассути муколамаҳои парлумонӣ ба пешрафти кори комиссияи байниҳукуматӣ мусоидат хоҳанд кард, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Зимни мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси парлумони Луи Ҷиргаи Давлати Исломии Афғонистон Мирраҳмон Раҳмонӣ ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои байнипарлумонӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир карда шуд.
Шукурҷон Зуҳуров изҳор дошт, ки Тоҷикистон ҳамеша хостори таъмини суботу амният дар Афғонистон аст, зеро оромӣ ва суботи кишвари ҳамсоя ба тақвияти сулҳ, якпорчагии ҷумҳуриҳои ҳамҷавор ва дар маҷмӯъ, минтақа, мусоидат мекунад.
- Имрӯз дар Афғонистон бояд пружаҳое амалӣ шаванд, ки мардумро ба меҳнати осоишта ҷалб карда тавонанд. Аз ин рӯ, бояд ҳамкориҳои иқтисодиро бештар ривоҷ диҳем, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Мирраҳмон Раҳмонӣ барои дастгирӣ ва пуштибонии пайвастаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Афғонистон дар созмонҳои байналмилалӣ ва ҷомеаи ҷаҳонӣ изҳори сипос намуд.
Ҷонибҳо аз густариши робитаҳо ва ҳамкории судбахши ду кишвар, ҳамчунин, аз сатҳи баланди эътимод ва ҳусни ният дар муколамаҳои сиёсии сатҳи олӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҳангоми мулоқот бо Раиси парлумони Ҷумҳурии Молдова Зинаида Грекеани доир ба ҳамкорӣ ва дурнамои муносибатҳои Душанбе ва Кишинёв ибрози андеша кард.
Мо ба рушди муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ бо кишвари Молдова манфиатдорем, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва густариши ҳамкориҳои дуҷонибаю бисёрҷонибаро дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, бахусус, дар бахшҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ, таъкид кард.
Зикр гардид, ки Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ, ки соли 2004 таъсис ёфтааст, дар рушд ва тақвияти муносибатҳои гуногунҷанбаи дуҷониба нақши муҳим дорад. Аз ин лиҳоз, таҳкими ҳамкорӣ, ҷоннок кардани фаъолияти Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Молдова оид ба ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ зарур шуморида шуд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, ҷиҳати таҳким бахшидани ҳамкорӣ дар самтҳои фарҳангию гуманитарӣ, илму маориф ва ғайра омодагӣ иброз доштанд.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин, бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин ва Раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов мулоқот намуд.
Зимни вохӯриҳо таъкид гардид, ки самарабахшии ҳамкориҳои дуҷонибаи байнидавлатӣ аз ҳама бештар аз парлумонҳо ва намояндагони онҳо вобастагӣ дорад.
Ҷонибҳо изҳори итминон намуданд, ки муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Россия ва Ӯзбекистон дар таҳкими равобити дуҷониба дар бахшҳои иқтисод, гуманитарӣ ва фарҳангӣ нақши муҳим бозида, ба тавсеаи ҳамкориҳои байниминтақавӣ мусоидат мекунанд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, доираи васеи масъалаҳои густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, муколамаи сиёсӣ, гуманитарӣ ва амниятиро мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон