Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 7 октябри соли 2019 дар шаҳри Тошкент бо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров мулоқот намуд.
Раиси Маҷлиси намояндагони мамлакат барои пазироии самимӣ ба Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев изҳори сипос ва миннатдорӣ намуда, ба ӯ саломи самимона ва орзуҳои неки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро расонид.
- Барои мо хеле муҳим аст, ки имкони деринаи муошират ва баррасии масъалаҳои афзалиятноки муносибатҳои неки ҳамсоягӣ ба вуҷуд омад, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров ва афзуд: «Сафари имрӯза таҷассумгари робитаҳои барқароршуда аст ва мо онро нишонаи равшани шарикии стратегии ду давлат арзёбӣ мекунем. Тақрибан се сол мешавад, ки Шумо сарварии Ҷумҳурии Ӯзбекистонро ба уҳда доред. Ин давраро метавон солҳои ислоҳоти муҳим ва тағйирот номид, зеро се сол пеш ин корҳо ғайриимкон менамуданд. Мо дар хотир дорем, ки пас аз расидан ба қудрат, Шумо чӣ гуна моҳи декабри соли 2016 афзалиятҳои асосии сиёсати хориҷӣ ва дохилии Ӯзбекистонро эълон кардед: самти наздикшавӣ бо ҳамсояҳо, барқарорсозии муносибат бо кишварҳои дигари хориҷи дур, озодсозии иқтисодиёт дар ислоҳоти идоракунии давлатӣ».
Зикр гардид, ки бино ба гуфтаи коршиносон, дар миёни 10 тағйироти мусбати Ӯзбекистон, ки дар давраи раёсати Шавкат Мирзиёев ба вуҷуд омад, нуқтаи аввал — самти наздикшавӣ бо ҳамсоягон дар ҷойи аввал қарор дорад. Воқеан ҳам, масъалаҳои баҳсноки дарозмуддат бо кишварҳои ҳамсоя хеле бомуваффақият ҳал ва сарҳадҳо кушода шуданд. Сиёсати хориҷӣ ва дохилии пешгирифтаи мамлакати дӯст пояҳои амнияти минтақаро мустаҳкам менамоянд, барои рушди муттасили на танҳо ҷомеаи Ӯзбекистон, балки Осиёи Марказӣ таъсири мусбат мерасонанд.
Бояд гуфт, ки сафари давлатии Президенти Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва сафари ҷавобии Президенти Тоҷикистон ба Ӯзбекистон (моҳҳои март ва августи соли 2018) барои рушди робитаҳои байнипарлумонӣ заминаи муҳим гузоштанд.
Масъалаи таҳкими робитаҳо дар ин самт ҳангоми мулоқоти Шавкат Мирзиёев бо раисони Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, инчунин, дар доираи сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ӯзбекистон ва дидору мулоқотҳояшон бо раисони Сенат ва Палатаи қонунгузории Ӯзбекистон баррасӣ гардид.
Шукурҷон Зуҳуров, ҳамчунин, иброз намуд, ки заминаи ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро тақрибан 170 созишнома ва шартномаи сатҳи байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ ва байниидоравии имзошуда ташкил медиҳанд.
Боиси қаноатмандист, ки барои васеъ ба роҳ мондани иқтидори иқтисоди миллӣ ва ба сатҳи нав баровардани ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузорӣ барномаҳои васеъмиқёси давлатӣ татбиқ шуда истодаанд. Ҳоло Ӯзбекистон дар Осиёи Марказӣ давлати калидӣ ба шумор меравад, ки сиёсати нави он фазои тамоман дигарро ба вуҷуд овардааст, — гуфт Шукурҷон Зуҳуров.
Зикр гардид, ки соли 2018 тақрибан 750 000 сайёҳ аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ва тақрибан ҳамин қадар шаҳрванди Тоҷикистон ба Ӯзбекистон сафар кардаанд.
Агар се-чор сол пеш шумораи донишҷӯёни Ӯзбекистон дар муассисаҳои олии Тоҷикистон ангуштшумор буданд, пас, имсол беш аз 4000 довталаби ӯзбек ба муассисаҳои олии Тоҷикистон дохил шудаанд, ки ин аз динамикаи мусбати рушди муносибатҳои байни давлатҳо шаҳодат медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев аз рушду тавсеаи муносибатҳои байнидавлатӣ изҳори қаноатмандӣ ва таъкид намуд, ки муколамаҳои мунтазами сатҳи баланди сиёсӣ асоси таҳкими равобит ва ҳамкории ду давлати дӯст ба ҳисоб мераванд.
Ҷонибҳо, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳро баррасӣ карданд.
Ҳафтуми октябри соли равон дар шаҳри Тошкент Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Сенати Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Нарбаева мулоқот намуд, ки зимни он масъалаҳои марбут ба ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардиданд.
Шукурҷон Зуҳуров Танзила Нарбаеваро ба муносибати Раиси Сенати Ӯзбекистон таъин шудан табрик намуда, гуфт, ки итминон дорад дар муддати кӯтоҳ муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав ва ҳам дар шакли дуҷониба ва ҳам дар доираи созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд хоҳад ёфт.
Зикр гардид, ки вохӯриҳои роҳбарони сатҳи олии ду мамлакат дар Душанбе ва Тошкент заминаи нави ҳуқуқии ҳамкориҳоро фароҳам овард, ки барои таҳкими равобити дуҷониба хеле муҳим мебошад.
- Алҳол дар доираи созишномаҳои баимзорасида, ки мавриди амал қарор доранд, ҳар ду мамлакат раводидро то 30 рӯз бекор, парвозҳоро барқарор ва ҳамкории тиҷоративу иқтисодиро амиқтар кардаанд, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон ва ин муваффақиятҳоро натиҷаи фаъолияти хирадмандонаи сарони давлатҳо — муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Шавкат Мирзиёев маънидод кард.
Ҳар ду ҷониб бо боварӣ изҳор доштанд, ки дар шароити рушди ҳамкории бисёрҷонибаи мутақобилан судманди Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои байнипарлумонӣ низ бо мазмун ва мундариҷаи нав густариш хоҳанд ёфт.
Ҳафтуми октябри соли 2019 дар шаҳри Тошкент мулоқоти Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров бо Раиси Палатаи қонунбарори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоилов доир гардид.
Шукурҷон Зуҳуров ба Нурдинҷон Исмоилов барои даъват ҷиҳати боздид аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва истиқболи гарму самимӣ изҳори сипос намуда, сафари ҳайатҳои парлумониро ба кишварҳои ҳамдигар омили муҳими робитаҳои дуҷонибаи байнипарлумонӣ маънидод кард.
- Мо бояд кӯшиш намоем, ки робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ба сатҳи сифатан нав боло рафта, ҳам дар қолаби дуҷониба ва ҳам чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалии парлумонӣ рушд кунанд, зеро онҳо дар оянда ба тақвияти муносибатҳои иқтисодӣ, башардӯстӣ, фарҳангӣ ва густариши робитаҳои байниминтақавӣ мусоидат хоҳанд намуд, — иброз дошт Шукурҷон Зуҳуров.
Зикр шуд, ки Ӯзбекистон ва Тоҷикистонро таърих ва фарҳанги муштарак, ягонагии арзишҳои маънавӣ ба ҳам мепайванданд. Халқҳо аз қадимулайём паҳлуи ҳам зиндагонӣ мекарданд. Ва ин анъанаҳои ҳамсоягиву муносибатҳои дуҷониба бояд ба унвони як пояи маҳкаму устувор барои ҳамкорӣ хизмат кунанд.
Ҷонибҳо аз он изҳори қаноатмандӣ намуданд, ки ҷараёни инкишофи ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва гуманитарии байни Тоҷикистону Ӯзбекистон бо дарназардошти манфиатҳои мутақобилан муфид ба роҳ монда шудааст ва муносибатҳои дуҷонибаи сиёсӣ рӯз то рӯз мустаҳкам мегарданд.
Пас аз мулоқот байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи қонунгузори Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкории байнипарлумонӣ созишнома ба имзо расид.
8 октябри соли ҷорӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ба шаҳри Самарқанд ташриф оварда, баъзе аз ҷойҳои таърихию муқаддаси онро тамошо карданд.
Дар Фурудгоҳи байналмилалии Самарқанд Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯро намояндагони воломақом истиқбол гирифтанд. Сипас, ташрифи ҳайати парлумонии Маҷлиси намояндагон дар ин шаҳри бостонӣ аз зиёрати оромгоҳи нахустин Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон шодравон Ислом Каримов оғоз гардид.
Баъдан, Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ва ҳамроҳони ӯ аз оромгоҳи Ал-Бухорӣ, масҷиди «Ҳазрати хизр», расадхонаи ба номи Мирзо Улуғбек, майдони «Регистон» боздид ба амал оварда, бо таърихи бою рангини марказҳои қадима шиносоӣ пайдо карданд.
Дар ин бора мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Султонов иттилоъ дод.