Дилрабо МАНСУРӢ: «Саҳми занон дар рушди дипломатияи сулҳ калон аст»

№131 (4393) 22.10.2021

Третий Евразийский женский форум|Third Eurasian Woman's ForumЗимни Форуми сеюми занони АвруОсиё, ки  12-15 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия перомуни «Вазифаи занон дар рушди дипломатияи сулҳ ва боварӣ» баргузор гардид, беш аз 2,5 ҳазор вакилзан, намояндагони мақомоти ҳокимияти иҷроия, созмонҳои байналмилалӣ, ширкатҳои бузурги ҷаҳонӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ, муассисаҳои илмӣ, ходимони намоёни ҳаракати байналмилалии занон бевосита ширкат намуда, ҳамчунин, қариб се миллион нафар аз тариқи фосилавӣ ба мубоҳисаҳо ҳамроҳ шуданд.

Дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ Дилрабо Мансурӣ низ ширкат ва суханронӣ намуд.

Ӯ гуфт, ки воқеан, иштироки занон дар рушди дипломатия барои сулҳ ва эътимод, пешгирӣ ва ҳалли низоъҳо дар минтақаҳои гуногун, хусусан, нуқтаҳои доғ, инчунин, баланд бардоштани сатҳи амният дар минтақаҳо тавассути баланд бардоштани иқтидори занон назаррас аст. Форум барои табодули таҷриба ва ҳамкории занони кишварҳои гуногун имконияти васеъ фароҳам овард. Дар рӯзҳои баргузории он ба шаҳри Санкт – Петербург аз 100 мамлакати ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақаҳои Федератсияи Россия занҳои намоён ҷамъ омаданд. Зимни яке аз ҷаласаҳои он, 14 октябр иштирокчиёнро Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин хайра мақдам гуфт. Инчунин, дар назди ҳозирин Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Россия, раиси Кумитаи ташкилии Форуми сеюми занони АвруОсиё Валентина Матвиенко суханронӣ кард. Дар миёни шахсони олимансаб ноиби Президенти Ҷумҳурии Либерия Ҷуэл Кеаинех Ховард, панҷ вазир аз кишварҳои хориҷӣ, 11 нафар сарвари парламентҳо низ ҳузур доштанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз соли 2015 форум дар се сол як бор доир мегардад ва он фаъолзанони ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳам оварда, ба майдони баҳсу мунозираҳои сатҳи байналмилалӣ роҷеъ ба мавқеи занон дар ҷомеа табдил ёфтааст.

Зикр шуд, ки ҳоло баланд бардош­тани мақоми занон дар ҷаҳон ва таъмини ҳуқуқу имконияти баробар барои онҳо шарти зарурии рушди иқтисод, тақсими захираҳо, амнияти давлатӣ ва дипломатия, ташаккули сиёсати кишварҳо, минтақаҳо ва минбаъд гузариш ба рушди устувори ҷаҳон мебошад.

Вазъи феълии ҷаҳонро таҳлил карда, бисёр вақт ба таҷрибаи таърихии бисёрасраи халқ рӯ меорем, ки дар гузашта занҳои тоҷик на танҳо модар ва рӯшанибахши чароғи хонадон, балки ҳамчун роҳбару сиёсатмадори дурандеш шуҳрат доштанд. Онҳо дар рушди дипломатия ва таҳкими давлатдорӣ саҳми арзанда гузошта, ҳоло низ ҳамчун фаъолони ҷомеа анъанаҳои некро давом дода истодаанд.

Воқеан, тайи солҳои соҳибистиқлолӣ дар мамлакат барои аз байн бурдани нобаробарии гендерӣ ва таъмини сиёсати муассири гендерӣ корҳои назаррас анҷом ёфт. Дар ин замина, 3 декабри соли 1999 Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа» ба имзо расид. Тибқи он, занон дар мақомоти давлатӣ, муассисаю ташкилотҳо ба мақомҳои роҳбарӣ таъин шуданд. Тоҷикистон ҳамчун қадами аввал санадҳои асосии байналмилалии ҳуқуқи инсон, аз ҷумла Конвенсия оид ба барҳам додани ҳама гуна табъиз нисбат ба занонро ба тасвиб расонид.

- Ҳоло занҳо дар ҳама соҳаи ҳаёт иштироки фаъол доранд. Чунончӣ, агар солҳои 2015-2020 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 зан намояндагӣ мекард (23,8 фоиз аз шумораи умумии вакилон) ва дар Маҷлиси миллӣ 6 зан аъзо буд, ки 17,6 дарсадро ташкил медод, пас, феълан палатаи поёнӣ аз 17 зан иборат аст (37 фоизи шумораи умумии вакилон) ва палатаи болоиро 8 зан (25,8 фоиз) намояндагӣ мекунанд. Ин нишондиҳанда дар мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори мамлакат нисбат ба баъзе аз кишварҳои ИДМ ва давлатҳои Аврупо баландтар аст, — иброз намуд муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Қобили зикр аст, ки айни замон дар мамлакат 4485 нафар зан (23,4 дарсад) дар хизмати давлатӣ фаъолият доранд. Ҳар қадаре ки онҳо ба сиёсат ва дипломатия ҷалб шаванд, ҳамон қадар зудтар натиҷаҳои мусбат ба даст меояд, зеро занон дар нигоҳ доштани субот ва таъмини демократия саҳми бузург доранд.

- Хуллас дар Форуми сеюми занони АвруОсиё, бо мақсади таҳкими фаъолияти минбаъда, тавсеаи боз ҳам бештари ширкати занон дар рушди ҷомеа ва ҳамкории бисёрҷанба панҷ созишнома ба имзо расид, — афзуд Дилрабо Мансурӣ.

Самариддин АСОЗОДА,

Бурҳониддин КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»