14 майи соли равон бо ташаббуси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ таҳти раёсати муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайринисо Юсуфӣ дар мавзӯи «Вазъи соҳаи фарматсевтӣ дар ҷумҳурӣ» соати парламентӣ доир гардид.
Хайринисо Юсуфӣ ёдовар шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22 декабри соли 2016 дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мушкилоти соҳаи дорусозӣ дахл карда, гуфта буданд: «Назорати қатъии сифати доруворӣ яке аз масъалаҳои асосии соҳаи тандурустӣ ба шумор меравад. Зеро то ба ҳол доруворӣ асосан аз хориҷи кишвар ворид шуда, сифати он дуруст муайян карда намешавад. Имрӯзҳо масъалаи маводи дорувории қалбакӣ ва ба талабот ҷавобгӯй набудани он на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар бисёр аз кишварҳои дунё мавриди нигаронӣ қарор дорад. Ба табобати беморон ҳамон вақт кафолат дода мешавад, ки агар сифати доруворӣ таъмин карда шавад».
- Бо пешниҳоди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз моҳи январи соли равон воридоти технологияҳои навтарин барои корхонаҳои дорусозӣ ва таҷҳизоти ҳозиразамон ташхису табобат аз андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод карда шуд, — гуфт Х. Юсуфӣ. — Ҳамчунин соли равон дар заминаи се хадамоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ – Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ таъсис ёфт. Бинобар ин, масъулони ниҳодҳои марбутаро даъват намудем, то роҳи ҳалли мушкилоти дар соҳаи дорусозӣ мавҷудбуда баррасӣ гардад.
Муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Саида Умарзода иброз дошт, ки соҳаи фарматсевтии мамлакат баъди соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ тайи чанд соли аввал ба мушкилиҳои ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардид. Бо сабаби заволи низоми давлатии мутамаркази таҳвили маводи доруворӣ, коҳиши маблағгузорӣ барои хариди он, афзоиши талабот ба онҳо нархи доруворӣ якбора баланд шуд.
- Аз соли 1993 дар ҷумҳурӣ бақайдгирии доруворӣ амалӣ мешавад, — гуфт Саида Умарзода. — Алҳол дар мамлакат 4540 номгӯйи маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд, ки аз онҳо 2340 номгӯ дар ИДМ ва 2200 номгӯи дигар дар кишварҳои хориҷии дур истеҳсол гардидаанд. Аксари дорувории бақайдгирифташуда ба давлатҳои Россия, Украина, Ҳиндустон, Австрия, Германия ва Венгрия рост меояд.
Номбурда зикр намуд, ки солҳои охир дар кишвар воридоти доруворӣ зиёд гардидааст. Агар соли 2000 — ум ба ҷумҳурӣ ба маблағи 4 миллиону 899349 доллари амрикоӣ маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ ворид гардида бошад, ин нишондод соли 2017 — ум ба 47 миллиону 357652 доллари амрикоӣ расид.
Бинобар мукаммал гардонидани озмоишгоҳи собиқ Хадамоти назорати давлатии фаъолияти фарматсевтӣ бо таҷҳизоти зарурӣ ва реактивҳо назорати сифати маводи доруворӣ солҳои охир беҳтар гардид.
Чунончӣ, соли 2001 аз 666 номгӯйи маводи дорувории аз таҳлил гузарондашуда 143 номгӯ (24,83 фоиз) ба талабот ҷавобгӯ набуданд. Соли 2017 нисбат ба соли 2001- ум 51 маротиба доруворӣ зиёдтар аз ташхис гузаронида шуд, вале дорувории ба талабот ҷавобгӯ набуда 0,9 фоизро ташкил дод, ки ин дар муқоиса бо соли 2001- ум 25 маротиба кам аст.
Мустаҳкам кардани базаи моддӣ – техникии озмоишгоҳҳо баҳри пурзӯр намудани назорат барои аз муомилот гирифтани маводи дорувории ба стандартҳо ҷавобгӯнабуда ва муҳлати истифодаашон гузашта мусоидат мекунад.
- Айни ҳол дар мамлакат 32 корхона истеҳсоли зиёда аз 242 номгӯи доруворӣ ва молҳои тиббиро ба роҳ мондаанд. Дар онҳо зиёда аз 350 мутахассис бо ҷойи кор таъмин гардиданд. Зимни корҳои мавсимӣ то 3100 нафар ҷалб мегарданд. Бо мақсади рушди истеҳсоли ватанӣ ва бо ҷои кор таъмин намудани мутахассисон, инчунин ҷиҳати таҳия ва коркарди дорувории ватанӣ дар назди Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии «Фарматсия» моҳи августи соли 2017 ба фаъолият шурӯъ намуд. Дар он 15 нафар фаъолият намуда, ҳар сол зиёда аз 200 донишҷӯро ба таҷрибаомӯзӣ ҷалб менамоянд. Дар марказ 52 номгӯи дорувории экстемпоралӣ тайёр ва 5 номгӯи гиёҳҳои шифобахши ватанӣ коркард мегарданд, — гуфт Саида Умарзода.
Дар ҷавоб ба пурсиши вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Тоҳир Ҷобирзода, ки оё дар соҳаи фарматсевтӣ Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба танзими нарх амал мекунад, Сардори Хадамоти назорати давлатии тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Султон Бекмуродзода гуфт, нархи доруҳо озод буда, аз субъекти фурӯшандаи он вобастагӣ дорад. Масалан, арзиши иҷораи дорухона дар қисматҳои гуногуни пойтахт аз ҳамдигар фарқ мекунад. Нархро субъектҳо тибқи талабот муайян менамоянд.
Директори МТИФ — и Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино Гадомад Раҷабов илова намуд, ки вобаста ба теъдоди растаниҳои шифобахши дар мамлакат мавҷудбуда дар матбуоти ҷумҳурӣ бисёр вақт рақамҳои носаҳеҳ ба табъ мерасанд. Дар Тоҷикистон 4513 намуд растанӣ мерӯянд, ки аз онҳо 663 намуд шифобахш эътироф шуда, 74 намуд дар соҳаи дорусозӣ қобили истифода мебошанд.
Дар хотима аз рӯи масъалаи баррасишуда қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд.
С. СУННАТӢ,
«Садои мардум».
Суратгир Н. Алиев