Ҳаштуми майи соли 2024 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони арҷманд!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд.
Имкон шуд, ки ба кори ҷаласа шурӯъ намоем.
Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.
Мутобиқи моддаи 34-и Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода, муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода, раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода, муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Ба рӯзномаи ҷаласа чордаҳ масъала пешниҳод шудааст, ки нусхаи он дар дасти шумо ҳаст.
Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар ҳаст? Нест.
Хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Бобозода Умед»
2. Дар хусуси Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Роҳи Обигарм-Нуробод-пули дароз ва роҳҳои ба он васлшаванда» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ
3. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»
5. Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ
6. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
7. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
8. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ»
9. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»
10. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»
11. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»
12. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим»
13. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»
14. Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025».
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи додани ризоият барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» таъин намудани Бобозода Умед» шурӯъ мекунем.
Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи додани ризоият барои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин намудани Бобозода Умед» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Роҳи Обигарм-Нуробод-пули дароз ва роҳҳои ба он васлшаванда» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Қаҳҳорзодадода мешавад. Марҳамат.
Файзиддин ҚАҲҲОРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Роҳи Обигарм-Нуробод-пули дароз ва роҳҳои ба он васлшаванда» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ пешниҳод мегардад.
Созишномаи қарзии мазкур бо риояи расмиёти муқарраргардида 3 апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, ҳаҷми умумии маблағи қарзии ҷалбшаванда 536,4 млн. юани чинӣ ё 75,5 млн. доллари амрикоиро ташкил менамояд. Маблағи қарзии зикршуда ба муҳлати 29 сол, аз ҷумла 6 соли давраи имтиёзнокӣ, ҷалб шуда, хизматрасонии он бо меъёри тағйирёбандаи «SHIBOR» анҷом дода мешавад. Мақсад аз ҷалби маблағи қарзии мазкур сохтмони пул бо дарозии 920 метр дар масири роҳи Обигарм – Нуробод (дарозии роҳ ҳамагӣ 73 км), ҳамзамон, мусоидат ба рушди иқтисодиёти миллӣ, таъмини равобити нақлиётии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсарҳад тавассути шоҳроҳи М-41, инчунин, таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар ин масир ва сарфаи вақти ҳамлу нақли бор ва мусофиркашонӣ мебошад. Барои татбиқи пурраи ин масири роҳ ҷалби 407,9 млн. доллар, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои грантии Бонки осиёии рушд 110 млн. доллар, қарзи Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 150,3 млн. доллар, қарзи Фонди ОПЕК дар ҳаҷми 40,0 млн. доллар, кумаки техникии Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (БОСИ) 3,2 млн. доллар, қарзи Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ (БОСИ) 75,5 млн. доллари амрикоӣ дар доираи созишномаи баррасишаванда ва 28,8 млн. доллари амрикоӣ саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Созишномаҳои мазкур бо қарорҳои дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ ва мавриди татбиқ қарор доранд.
Татбиқи лоиҳаи мазкур соли 2024 оғоз гардида, анҷоми он дар соли 2030 ба нақша гирифта шудааст, яъне чор сол барои сохтмон ва ду соли дигар барои нигоҳдории пул равона мегардад.
Ҷалби маблағҳои мазкур ба талаботи меъёрҳои «Стратегияи идоракунии қарзи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2024 – 2026» мутобиқ мебошад.
Бо истифода аз фурсат барои дастгирии доимӣ ва ҳамкориҳои судманд ба шумо — муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд изҳори миннатдорӣ карда, ҳамзамон, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи созишномаи пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Азиз Гиёзода дода мешавад. Марҳамат.
Азиз ГИЁЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Роҳи Обигарм-Нуробод-пули дароз ва роҳҳои ба он васлшаванда» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ 3 — юми апрели соли 2024 дар шаҳри Душанбе ба имзо расида, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Бо мақсади раҳо намудани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил додани он Ҳукумати мамлакат аз нахустин солҳои соҳибистиқлолӣ тамоми захираю имкониятҳоро сафарбар намуда, айни ҳол дар соҳаи нақлиёт 17 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи беш аз 13 миллиард сомонӣ амалӣ шуда истодааст. Ҳоло лоиҳаҳои сохтмону таҷдиди роҳҳои мошингарди Роғун-Обигарм-Нуробод ба маблағи 3,3 миллиард сомонӣ идома ёфта, баъди тасдиқи лоиҳаи созишномаи қарзии мазкур бунёди пули калонтарин дар мамлакат бо дарозии 920 метр амалӣ хоҳад гардид.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Созишномаи мазкур дар кумита бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, тамоми расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 57-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ буда, ба талаботи санадҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони муҳтарам хоҳиш менамоям, ки созишномаи мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Созишномаи қарзӣ оид ба лоиҳаи «Роҳи Обигарм-Нуробод-пули дароз ва роҳҳои ба он васлшаванда» байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода дода мешавад. Марҳамат.
Сулаймон ДАВЛАТЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда шудааст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 — уми марти соли 2024 қайд намуданд, ки «бо дарназардошти таҷрибаи дар ин самт андӯхташуда Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар таҳрири нави ҷавобгӯ ба талаботи замон қабул карда шавад». Дар ин замина, лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи танзими ҷашну маросим ва баҳри беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва вазъи оилавии шаҳрвандон таҳия шудааст.
Дар лоиҳа мафҳуми «маросимҳо» ба «маросим», ки худ шакли ҷамъ аст, иваз карда, мафҳуми «анъана» хориҷ карда шуд, зеро дар матн муқаррароти марбут ба он пешбинӣ нашудааст.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур моддаҳои нав доир ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот илова карда шуд. Дар навбати худ, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ ва комиссияҳои доимии маҳаллӣ дар моддаҳои алоҳида мушаххас карда шуда, масъалаи ба ҳисоб гирифтани тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ дар асоси муроҷиатҳои электронии шахсони воқеӣ пешбинӣ карда шуд. Инчунин, дар моддаи 9-и лоиҳа меъёрҳои марбут ба ҷашнҳои расмӣ такмил дода шуда, бо мақсади тарбияи дурусти кӯдакон ва таъмини бехатарии онҳо дар рӯзҳои Иди Рамазон ва Иди Қурбон исрофкорӣ, зиёдаравӣ, тақдими ширинӣ ва туҳфаҳои дигар (идгардак) манъ карда шуд. Бояд қайд кард, ки дар кишварҳои дигар низ идгардак дар шакли мавҷуда ба мушоҳида намерасад.
Дар моддаи 11 лоиҳаи қонуни мазкур муҳлати ба таври ройгон гузаронидани хатна дар муассисаҳои тиббии дахлдор аз бист рӯзи амалкунанда ба як моҳ баъд аз таваллуди писар тамдид карда, меъёрҳои марбут ба хатнасури хайриявӣ хориҷ карда шуд, зеро хатнасур ва маросими дигари вобаста ба таваллуди кӯдак хусусияти оилавӣ касб намудаанд.
Дар моддаи 12-и лоиҳаи қонуни мазкур дар илова ба муқаррароти мавҷуда оид ба тӯйи домодию арӯсӣ, гузаронидани на зиёда аз ду маърака дар тӯйҳо пешбинӣ гардида, ташкили маъракаҳои дигари бо тӯйи домодию арӯсӣ алоқаманд манъ карда шуданд ва ба ҷойи додани зиёфат ё оши тӯй ба шаҳрвандон имкони сарф намудани маблағҳо барои корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод карда шуд.
Дар ин ҷо бояд қайд кард, ки тибқи таҷриба шаҳрвандон ҳангоми бақайдгирии давлатии ақди никоҳ 4 автомашина истифода намоянд ҳам, ҳангоми гусели арӯсу домод муқаррароти мазкур дар баъзе ҳолатҳо вайрон мегардид. Аз ин рӯ, дар лоиҳа истифодаи на бештар аз 4 автомашинаи сабукрав ҳангоми гусели арӯсу домод пешбинӣ гардид.
Қобили зикр аст, ки солҳои охир шумораи умракунандагон афзуда, аз ҷониби баъзе шаҳрвандон ҳангоми пешвози умракунандагон ба зиёдаравию исрофкориҳо роҳ дода мешавад. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 — уми марти соли 2024 бамаврид таъкид намуданд, ки: «Ҳоло ҳам ҳастанд шахсоне, ки баъди бозгашт барои ташкили маросими ҳоҷизиёрат боз ду баробар зиёдтар маблағ сарф мекунанд. Дар натиҷа, ба сабаби адои ҳаҷ ё умраи як нафар тамоми аҳли оила муддати дароз ба душвории молиявӣ гирифтор мегардад». Аз ин рӯ, дар моддаи 13 лоиҳаи қонуни мазкур дар доираи оила гузарондани маъракаҳои гуселу пешвози ҳам ҳоҷиён ва ҳам умракунандагон пешбинӣ гардида, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ва ё умра манъ карда шуд ва ба ҳоҷиён ва умракунандагон ҷойи маъракаҳои манъшуда имкони анҷом додани корҳои хайриявию эҳсонкорӣ, аз ҷумла таъмири роҳ, кашидани хатти об, сохтмон ва ё таъмири иншооти иҷтимоӣ ва пулҳо пешниҳод карда шуд.
Дар моддаи 18-и лоиҳаи қонуни мазкур меъёрҳои марбут ба уҳдадории шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳангоми гузарондани ҷашну маросим такмил дода шуда, масъулияти сархатибон, имомхатибон, имомҳои масҷидҳои панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раисони маҳаллаҳо ва роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ барои риояи талаботи қонуни мазкур дар ҳудуди деҳаю маҳали истиқомат ва ё фаъолият пешбинӣ карда шуд. Инчунин, тибқи лоиҳа воридот, фурӯш, тарғиби либосҳои ба фарҳанги миллӣ бегона, инчунин, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ пӯшидани чунин либосҳо манъ гардид.
Дар навбати худ, ба мақоми ваколатдор, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот имкон фароҳам оварда шуд, ки иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ оид ба таъмини риояи талаботи қонуни мазкур, аз ҷумла пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ дар баргузории ҷашну маросим, ақди никоҳи бармаҳалу ғайрирасмӣ ва қонунвайронкуниҳои дигар дар ин самт, ҷалб намоянд.
Дар сурати дастгирӣ ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур раванди танзими баргузории ҷашну маросим такмил ёфта, таъмини риояи қонуни миллӣ боз ҳам беҳтар мегардад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Парвиз Шодизода дода мешавад. Марҳамат.
Парвиз ШОДИЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Бо мақсади танзими оқилонаи ҷашну маросими мардумӣ, ки зарурат ба он аз серхарҷ гардидан, тақлидкорӣ ва рақобати бемантиқ ҳангоми баргузории тӯю маъракаҳо ва ба бори гарони зиндагӣ табдил ёфтани маросими дафну азодорӣ ба миён омад, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» соли 2007-ум қабул гардид.
Лоиҳаи қонуни мазкур, ки бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида буд, бори аввал дар таҷрибаи ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол ба муҳокимаи умумихалқӣ бароварда шуда, беш аз ду моҳ идома ёфт ва зиёда аз 20 ҳазор таклифи шаҳрвандон доир ба такмили матни он манзур гардиданд. Ин қонун анъанаҳои аҷдодӣ ва меъёрҳои таърихан ташаккулёфтаи халқи тоҷикро ҷиҳати баргузории ҷашну маросими мардумӣ инъикос намуда, онҳоро дар асоси дастовардҳои фарҳанги миллӣ ва тамаддуни ҷаҳонӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ, сарфакорӣ ва истифодаи оқилонаи маблағҳо ба танзим медарорад.
Бо пеш омадани зарурат ва бо мақсади такмили қонунгузорӣ дар ин самт, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод гардида, бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 — уми апрели соли 2024, № 2160 ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ барои баррасӣ, ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон барои додани хулоса ва ба раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ супорида шуда буд. Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз муқаддима, 6 боб ва 22 модда иборат буда, тартиби гузарондани ҷашну маросимро муайян карда, ба ҳифзи арзишҳои миллӣ, пешгирии хурофоту таассуб, баланд бардоштани маънавиёт ва сатҳи иҷтимоию иқтисодии мардуми Тоҷикистон равона гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ буда, аз буҷети давлат маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои қабули он овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад?
Сухан ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзулло Баротзода дода мешавад. Марҳамат.
Файзулло БАРОТЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади такмили қонунгузорӣ оид ба танзими ҳуқуқии баргузории ҷашну маросим дар мамлакат таҳия гардидааст, ҳамчун идомаи сиёсати пайгиронаи Пешвои миллат ҷиҳати дарёфти асолати фарҳангии ҷашну маросим дар зиндагии сокинон, пешгирӣ намудани рафторҳои хурофотӣ, исрофкорӣ ва тақлидҳои бебунёд муаррифӣ гардида, ин санади меъёрии ҳуқуқӣ ба таҳкими сатҳи маънавиёти шаҳрвандон ва некуаҳволии шахс, оила ва ҷомеа равона гардидааст.
Ба андешаи мо, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз чанд ҷиҳат муҳим аст. Якум, қонуни мазкур аз нигоҳи техникаи қонунэҷодкунӣ ва услуби фаҳмои баён аз матни пештара ба маротиб беҳтар гардонда шудааст. Гуфтан мумкин аст, ки шеваи возеҳи ифодаи матлаб барои даст кашидан аз урфу одатҳои бебунёд, расму оинҳои шахшуда ва шигифтангез, бахусус дар бахши тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими ҳаҷҷу умра, мусоидат мекунад, дар партави мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар 9 — уми марти соли 2024 рафтори хурофотӣ ва бегонапарастиро коҳиш медиҳад ва дар доираи ақлу идрок тасарруф намудани маблағҳои аз пайи меҳнат ва касби ҳалол ҷамъшудаи шаҳрвандонро ба манфиати оилаю фарзандон талқин менамояд.
Дуюм, дар матни лоиҳаи қонуни нав салоҳият ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот дар боби дуюм дарҷ гардида, моддаҳои 4-8 салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақоми ваколатдор, ваколатҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, комиссияҳои доимии маҳаллӣ ва комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба танзими ҷашну маросимро дар алоҳидагӣ муқаррар кардааст. Ин тартиб вазифа, салоҳият, ҳолатҳои истисноӣ ва масъулияти зинаҳои гуногуни ҳокимияти давлатиро ба таври мушаххас муайян месозад. Мазмуни моддаҳои ин боб доираи амали зинаҳои гуногуни мақомот, назорат ва пешгирии қонунвайронкунӣ дар самти танзими ҷашну маросимро аз боло ба поён ва ба таври амудию уфуқӣ пешбинӣ менамояд.
Сеюм, моддаи 19-уми боби 5 «Ҷалби аҳли ҷомеа ҳангоми гузаронидани тӯю маъракаҳо» сафарбар намудани иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва диниро ҷиҳати гузарондани чорабиниҳои омӯзишӣ ва маърифатӣ дар самти пешгирии зиёдаравию исрофкорӣ ҳангоми баргузории ҷашну маросим пешбинӣ менамояд, ки барои таъмини риояи талаботи қонуни мазкур созгор хоҳад буд.
Қабули лоиҳаи қонуни мазкур масъулият ва уҳдадориҳои мақомоти ваколатдор ва шаҳрвандонро барои ташаккули мафкураи созгори ҷамъиятӣ дар самти танзими ҷашну маросим тақвият бахшида, ҳисси ватандӯстӣ ва худшиносии миллиро дар шинохти асолати фарҳангӣ баланд мебардорад ва омори қонунвайронкуниҳоро ба манфиати ҷомеа коҳиш медиҳад.
Дар асоси андешаҳои баёншуда, аз шумо — вакилони муҳтарам, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» — ро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИС: — Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳим Саидзода дода мешавад. Марҳамат.
Раҳим САИДЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати дар таҳрири нав қабул намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» иқдоми саривақтӣ буда, қабули он дар ҳалли мушкилоти мавҷуда мусоидат мекунад.
Дар шароити Тоҷикистон таълиму тарбияи кӯдак беҳбудиро мехоҳад. Аз ин рӯ, қабули лоиҳаи қонуни мазкур дар таҳрири нав ва фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ барои низом дар ин самт ба манфиат аст. Дар лоиҳаи қонуни мазкур нисбат ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 — юми августи соли 2011, №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дигаргуниҳои зиёд ба манфиати фаъолият дар ин самт дида мешаванд. Шурӯъ аз худи номгузорӣ намудани лоиҳаи қонун, яъне аз «фарзанд» ба «кӯдак» табдил додани мафҳумҳои асосии қонун ва хориҷ намудани калимаҳои «падару модар» бисёр муҳим дониста мешаванд, зеро мафҳуми «фарзанд» маҳдуд буда, масъулият танҳо ба падару модар тааллуқ дорад, ҳол он ки дар татбиқи қонуни зикршуда дигар шахсон низ масъул мебошанд (масалан, омӯзгорон). Дар баробари ин, фарзанд ҳадди синнусолӣ надорад, аммо дар татбиқи қонуни зикршуда масъулияти падару модар танҳо нисбат ба фарзандони то 18 — сола, яъне кӯдак, пешбинӣ шуда буд.
Дар муқаддимаи лоиҳаи қонуни мазкур на танҳо мақсади қабули қонун, балки мавзуъ ва вазифаҳои асосии он низ инъикос ёфтаанд.
Дар лоиҳаи қонуни мазкур бори аввал принсипҳои масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҷалби аҳли ҷомеа барои таълиму тарбияи кӯдак, мақомоте, ки масъалаҳои вобаста ба масъулият барои таълиму тарбияи кӯдакро баррасӣ мекунанд, салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои муассисаи таълимӣ ва омӯзгор ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти таълиму тарбияи кӯдак пешбинӣ шуданд.
Айни замон дар ҷумҳурӣ вобаста ба ҳамоҳангсозии қонуни мазкур мақоми ягонаи ваколатдори давлатӣ вуҷуд надорад. Дар лоиҳаи қонуни зикргардида норасоии мазкур бартараф шуда, дар моддаи 8 ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ пешбинӣ гардидааст. Дар моддаи 9 ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ амалигардонии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак ва ғайра муқаррар шудаанд.
Дар амалия вобаста ба татбиқи қонун мушкилоте мавҷуд буд, ки падару модар фарзандони худро ба хешу ақрабо бе ягон расмиёт супорида, ба давлатҳои дигар мерафтанд. Хешу ақрабо масъулиятро нисбат ба кӯдак ба уҳда нагирифта, нисбат ба онҳо барои иҷро накардани уҳдадориашон чораҳои дахлдор андешида намешуд. Дар натиҷа кӯдакон ба оворагардӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳо даст зада, аз таълиму тарбия дур мемонданд. Дар лоиҳаи қонун мушкилоти мазкур бартараф шуда, дар сархати 7 моддаи 1 дар баробари падару модар, инчунин, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии дигаре, ки кӯдак воқеан таҳти таълиму тарбияи онҳо қарор дорад, масъул гардиданд.
Мушкилоти дигаре, ки лоиҳаи қонуни мазкур бартараф намудааст, ин дақиқ пешбинӣ намудани иштироки мақомоти иҷроияи марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар амалисозии сиёсати давлатӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак, ҳамоҳангсозӣ дар фаъолияти онҳо, муайян намудани ваколатҳои ин ниҳодҳо мебошанд.
Соли 2018 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 августи соли 2011, №762 «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» тағйиру иловаҳо вобаста ба комиссияҳои ҷамъиятӣ оид ба амалигардонии қонун ворид карда шуда буд, аммо бинобар мушаххас пешбинӣ накардани муқаррарот ҳангоми фаъолияти комиссияи ҷамъиятии мазкур дар амалия мураккабиҳо ба миён омаданд. Дар мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ ва муассисаҳои таълимӣ аслан татбиқкунанда ва назораткунандаи талаботи лоиҳаи қонуни мазкур комиссияҳои ҷамъиятӣ мебошанд. Дар лоиҳаи қонун шумораи аъзои комиссия ва ҳайати он дақиқ муқаррар гардидааст. Ҳамзамон, дар салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудани тасдиқи низомномаи намунавии комиссияҳои ҷамъиятӣ дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак пешниҳоди бамаврид буда, фаъолияти ин комиссияҳоро пурра ва ҳаматарафа ба танзим медарорад. То ҳол қабули чунин санади меъёрии ҳуқуқӣ дар амалия мавҷуд набуд.
Ин ва дигар навгониҳо дар лоиҳаи қонуни мазкур ташаббуси бамавридест, ки ислоҳоти назаррасро дар самти таълиму тарбияи кӯдак ба миён меоварад. Аз ин рӯ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Холмаҳмадзода Солеҳа дода мешавад. Марҳамат.
Солеҳа ХОЛМАҲМАДЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар партави дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии наврасону ҷавонон ва бо самти созанда ба роҳ мондани таълиму тарбия ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои онҳо як қатор санадҳои меъёрию ҳуқуқиро ба тасвиб расондааст, ки яке аз чунин санадҳои муҳим Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» мебошад, ки он 2 — юми августи соли 2011, №762 бо таклифу пешниҳоди зиёда аз 2 миллион нафар шаҳрвандон қабул ва мавриди амал қарор дода шуд. Пешвои миллат ҳангоми пешниҳоди лоиҳаи қонун ба муҳокимаи умум қайд намуданд, ки қонуни мазкур ба наслҳои имрӯзу ояндаи кишвар нигаронида шудааст, зеро масъулият барои сарнавишти Ватан ва ояндаи миллат дар навбати аввал маҳз ба уҳдаи насли ҷавон хоҳад гузашт.
Бинобар бо сабаби танзими муносибатҳои ҷамъиятӣ, шароит ва эҳтиёҷоти мавҷуда дар таълиму тарбияи кӯдак зарурати дар таҳрири нав таҳия намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ба миён омада, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва пешниҳод карда шуд. Мақсади асосии лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак пурзӯр намудан, таълиму тарбияи кӯдакро дар рӯҳияи инсондӯстӣ, ифтихори ватандорӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ, фарҳангӣ ба роҳ мондан буда, он ба ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои кӯдак равона гардидааст, зеро таълиму тарбияи дурусти кӯдакон, манъ намудани онҳо аз корҳои зишту нораво, дар рӯҳияи худшиносӣ, ватандорию ватанпарастӣ ва бо ахлоқи ҳамида тарбия намудани онҳо яке аз масъалаҳои асосии ҷомеаи имрӯзаи мо мебошад. Таълиму тарбияи кӯдак дар ҳамкории зичи се ниҳоди иҷтимоӣ — оила, мактаб ва ҷомеа сурат мегирад. Бинобар ин, тамоми қишрҳои ҷомеа бояд дар ин самт худро масъул ва уҳдадор ҳисобида, зиндагии кӯдакро тибқи нақшаи муайян амалӣ намоянд.
Лоиҳаи қонуни мазкур аз муқаддима, 7 боб ва 25 модда иборат буда, муҳимияти он нисбат ба қонуни амалкунанда дар он аст, ки дар чордаҳ моддаи нави лоиҳаи қонуни мазкур муносибатҳоро оид ба масъулият дар таълиму тарбияи кӯдак ва ҳуқуқу уҳдадориҳо аз ҷониби падару модар ва шахсони онҳоро ивазкунанда, омӯзгор, муассисаи таълимӣ, комиссияҳои ҷамъиятӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот, мақоми ваколатдор ва дигар вазорату идораҳо ва аҳли ҷомеа дар моддаҳои алоҳида оварда шудааст.
Дар асоси Қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 — уми апрели соли 2024, №2161 лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ барои баррасӣ ва ба кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои пешниҳоди хулосаи ҳуқуқӣ сурорида шуд. Аз ҷониби кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ба кумитаи масъул 75 таклифу пешниҳод ворид гардида, аз онҳо 9 таклиф пурра қабул, 2 таклиф қисман қабул шуда, 64 таклиф қабул нагардид.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мутобиқ буда, аз буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ дода мешавад. Марҳамат.
Содиқ ИМОМӢ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ», ки 12 — уми декабри соли 2023 дар шаҳри Душанбе ба имзо расидааст, пешниҳод карда мешавад. Зарурати қабули қарори мазкур ин ба анҷом расондани расмиёти дохилидавлатӣ ҷиҳати эътибор пайдо кардани ёддошти тафоҳуми мазкур ба ҳисоб меравад. Бояд гуфт, ки фаъолияти Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ ҳамчун сохтори СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи Созишномаи асосӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ аз 14 — уми июли соли 2003, ки дар он ҳуқуқ, ухдадорӣ ва масъулияти тарафайн дарҷ шудааст, амалӣ мешавад.
Боиси тазаккур аст, ки Нақшаи стратегии кишварии «Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2023-2026» дар давоми ду сол (2021-2022) дар ҳамкорӣ ва мувофиқа бо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар доираи он Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки тариқи барномаҳои мухталиф аз донорҳо қариб наваду ду миллион (91 900 725) доллари амрикоӣ барои расондани кумак дар шакли озуқаворӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намояд. Нақшаи стратегии номбурда ба чаҳорчӯбаи ҳамкории Созмони Милали Муттаҳид оид ба рушди устувор барои Тоҷикистон (солҳои 2023-2026) ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2030», ки роҳбурди фарогири кишвар барои расидан ба Ҳадафҳои рушди устувор маҳсуб меёбад, мутобиқ карда шудааст. Он ба тавсияҳои арзёбии мустақили «Нақшаи стратегии кишвар барои солҳои 2019-2024» асос ёфтааст, ки дар соли 2021 баргузор шудааст ва ҳамзамон, ба ҳадафҳои 1, 2 ва 17 Ҳадафҳои рушди устувор ва натиҷаҳои стратегии 1, 2, 3 ва 4-и Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ саҳм мегузорад.
Дастгирии Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ дар доираи ин нақшаи стратегӣ ба ҳадафҳои миллӣ тавассути дастгирии воситаҳои рӯзгузаронӣ, беҳтарсозии истеҳсолоти кишоварзӣ, беҳтарсозии натиҷаҳои тандурустӣ, маориф, истеъмоли ғизо ва таҳкими ниҳодҳо ва низомҳои миллӣ мусоидат хоҳад кард. Дар доираи Нақшаи стратегӣ кумаки техникӣ ва машваратҳои сиёсӣ, инчунин, барои ба ҳадди аксар расондани даромади сармоягузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи амнияти озуқаворӣ ва ғизо пешниҳод карда мешавад. Яъне, баҳрабардорони лоиҳаи мазкур доираи васеи соҳаҳо ва бахшҳои иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвари мо мебошанд.
Муқаррароти ёддошти тафоҳуми мазкур бо меъёрҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунгузории миллӣ мутобиқ буда, зарурати ба онҳо ворид намудани тағйиру иловаҳоро ба миён намеорад ва маблағи иловагиро аз буҷети давлатӣ талаб намекунад. Бо дарназардошти ин, аз шумо – вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори пешниҳодшударо ҷонибдорӣ кунед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Мавзуна Шамсидинзода дода мешавад. Марҳамат.
Мавзуна ШАМСИДДИНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ 12 — уми декабри соли 2023 ба имзо расида, тибқи Нақшаи стратегии кишварии «Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 2023 – 2026», Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ тасмим гирифтааст, ки дар доираи барномаҳои мухталиф аз донорҳо ба андозаи 91,9 млн. доллари амрикоӣ ҳамчун кумак дар шакли озуқаворӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷалб намояд.
Бояд қайд кард, ки бо ибтикор ва зери таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳи ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари мо бо тамоми шарикони рушд, аз ҷумла Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии Созмони Милали Муттаҳид, ҳамкориҳои судмандро ба роҳ мондааст. Тавре иттилоъ доред, масъалаҳои ҳамкориҳо бо ин созмони бонуфузи байналмилалӣ бори дигар зимни сафари расмии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Италия баррасӣ гардиданд. Дар мулоқот изҳори итминон карда шуд, ки бо талоши рӯзафзуни ҷонибҳо дар оянда низ ҳамкорӣ ба татбиқи ислоҳоти кишоварзӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалисозии яке аз ҳадафҳои стратегӣ — таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасӣ ба ғизои хушсифат, дар маҷмӯъ ноил шудан ба Ҳадафҳои рушди устувор, мусоидат хоҳад намуд.
Ёддошти тафоҳуми мазкур аз 11 модда иборат мебошад. Назорат ва арзёбии муқаррароти дахлдори нақшаи стратегӣ мутобиқи муқаррарот ва қоидаҳои Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ аз тарафи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ амалӣ карда мешавад.
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ тамоми расмиёти дохилиро тибқи талаботи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаштааст. Кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон дар хулосаҳо тасдиқи ёддошти тафоҳуми мазкурро ҷонибдорӣ намуданд. Он ба муқаррароти моддаи 57 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқат мекунад. Аз ин рӯ, аз шумо — вакилони гиромӣ, бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки тасдиқи Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳониро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар хусуси Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо мақсади такмили кодекс ва пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ, иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ ва вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими ҷашну маросим таҳия шудааст.
Тавре маълум аст, 1-уми марти соли ҷорӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» қабул гардид, ки тибқи он шаҳрвандон уҳдадоранд таълими миёнаи умумиро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ гиранд. Дар ин замина, мутобиқи лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида моддаи 164 (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ) дар таҳрири нав ифода гардида, ҷавобгарии ҷиноятиро пурзӯр кардааст.
Ҷазои моддаи 174 (Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ) дар таҳрири нав ифода ёфта, мутобиқи он ҳадди ҷарима зиёд гардида, дар як вақт ба сифати ҷазои алтернативӣ корҳои ҳатмӣ низ пешбинӣ гардидааст. Ҳамзамон, ба кодекси мазкур моддаи нав (Моддаи 2401. Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) илова гардидааст, ки тибқи он барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин, ба кодекси мазкур моддаи нави дигар (Моддаи 3342. Вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими ҷашну маросим) илова гардидааст, ки мутобиқи он ҷавобгарии ҷиноятӣ барои такроран содир намудани кирдорҳои дахлдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ, пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфтааст. Бинобар ин, аз шумо — вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мавлудахон Мирзозода дода мешавад. Марҳамат.
Мавлудахон МИРЗОЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади муайян ва пурзӯр намудани ҷавобгарии ҷиноятӣ барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ, иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ ва моддаҳои нав, ҷавобгарии ҷиноятӣ барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, инчунин, вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим таҳия карда шудааст.
Баъди ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф» моддаи 164 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ) дар таҳрири нав ифода гардида, тибқи он, барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти миёнаи умумӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда мешавад. Дар айни ҳол ҷавобгарии ҷиноятӣ танҳо барои монеъ шудан ба гирифтани таҳсилоти ҳатмии умумии асосӣ (нуҳсола) пешбинӣ шудааст. Инчунин, тибқи иловаи пешбинишуда ба моддаи 166 кодекс минбаъд ба ғайри шахсоне, ки дар модда пешбинӣ шудаанд, инчунин, шахсоне, ки воқеан ба зиммаашон тарбияи шахсони ноболиғ гузошта шудааст, барои ҷалби шахси ноболиғ ба содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ тибқи қисми 2 ин модда ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Бо мақсади пурзӯр кардани ҷавобгарӣ санксияи моддаи 174 (Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи ноболиғ) дар таҳрири нав илова мегардад. Инчунин, ба кодекси мазкур моддаи нав 240 илова 1 кирдори ҷиноятиро барои машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ, агар чунин кирдор дар давоми соли баъди татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҳамзамон, моддаи нав (Моддаи 3342. Вайрон кардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим) илова мегардад, ки мутобиқи он барои аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ, муассис ё роҳбари ташкилоти тиҷоратӣ, сархатиб, имомхатиб, имоми масҷиди панҷвақта, ходимони ғайрирасмии динӣ, раиси маҳалла ва дигар роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, инчунин, дағалона ё дар шароити пайдоиш ва паҳншавии пандемияи бемориҳои сироятӣ, ҳолатҳои фавқулодаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ, вазъияти фавқулода вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ дар бораи танзими ҷашну маросим, агар ин кирдорҳо дар давоми як соли пас аз татбиқи ҷазои маъмурӣ содир шуда бошад, ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ карда мешавад.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо қарори Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми расмиётро гузашта, кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон онро мавриди баррасӣ қарор дода, ҷонибдорӣ намуданд. Лоиҳаи қонуни зикршуда ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муқаррароти дохилии Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва боби 5 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Бинобар ин, аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш мекунам, ки барои қабули лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода дода мешавад. Марҳамат.
Зариф АЛИЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар асоси дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар иброз гардида буданд, таҳия гардидааст. Тибқи лоиҳаи қонуни мазкур моддаҳои 90 (Иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак), 4641 (Ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ ва марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ) ва 481 (Риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим) дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст.
Дар моддаи 90 падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, инчунин, шахси воқеии дигар, ки кӯдак воқеан таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, барои пешгирӣ накардани амалҳои зерини кӯдак, аз ҷумла бе сабабҳои узрнок ба таҳсилоти миёнаи умумӣ фаро нагирифтани кӯдак зиёда аз панҷоҳ соати дарсӣ дар як чоряк, паҳн кардани маводди дорои хусусияти террористӣ, экстремистӣ, тундгароӣ, ҷудоихоҳӣ, порнографӣ ва зӯроварӣ, зарар расондан ба биною иншоот, шикастани панҷараҳо, ҳайкалҳо, нимпайкараҳо ва ороишоти дар оромгоҳҳо ва ҷойҳои таърихию фарҳангӣ насбшуда, ба муассисаи таълимӣ овардани маҳсулоти тамоку, машруботи спиртӣ, воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ, сахтаъсир ва мадҳушкунандаи дигар, асбобу ашёи манъшуда ва халандаву буранда, инчунин, гирифта гаштани онҳо ва дигар кирдорҳо, ҷавобгарии маъмурӣ пурзӯр гардидааст.
Моддаи 4641 низ бо мақсади роҳ надодани кӯдак барои воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ (клубҳои шабона, дискоклубҳо, толорҳои букмекерӣ ва марказҳои бозиҳои бурднок) аз тарафи шахсони воқеӣ, соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ дар таҳрири нав пешниҳод гардидааст.
Мувофиқи лоиҳаи қонуни мазкур моддаи 481 дар таҳрири нав таҳия гардидааст, ки тибқи он, барои хабардор накардани комиссияҳои доимии маҳаллӣ оид ба танзими ҷашну маросим дар хусуси баргузории тӯйи домодию арӯсӣ ва маросими азодорӣ, барои оростани зиёфатҳои манъшуда, вайрон намудани тартиби гузарондани зодрӯз, хатнасур, дигар маросими вобаста ба таваллуди кӯдак, дафну азодорӣ ва мавлудхонӣ, барои вайрон намудани тартиби гузарондани тӯйи домодию арӯсӣ, инчунин, риоя накардани вақт ва давомнокии баргузории ҷашну маросим, барои риояи накардани тартиби гузарондани маъракаҳои гуселу пешвоз барои адои ҳаҷ ё умра, ташкили маъракаҳои ҳоҷизиёрат, ҳоҷиталбон, ҳоҷиошӣ ва дигар маърака ба хотири ҳаҷ ё умра, инчунин, тақсими туҳфаҳо, идона оро додани ҳавлӣ, кӯчаву маҳалла ва мошинҳо ба хотири ҳаҷ ё умра ҷавобгарӣ пурзӯр ва кирдорҳо мушаххас карда шудааст.
Ҳамзамон, ҷазои қисми 2 моддаи 482 (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) дар таҳрири нав ифода гардидааст ва мутобиқи он андозаи ҷаримаи маъмурӣ зиёд карда, дар як вақт ҳабси маъмурӣ низ ҳамчун ҷазои алтернативӣ илова шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон такмил ёфтааст. Бинобар ин, аз шумо вакилони муҳтарам бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Мансур Усмонзода дода мешавад. Марҳамат.
Мансур УСМОНЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» тибқи талаботи моддаи 58 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади мушаххас ва пурзӯр намудани ҷавобгарии маъмурӣ барои иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба таълиму тарбияи кӯдак ва риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим таҳия шудааст. Тибқи лоиҳа, моддаҳои 90 ва 4641-и Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар таҳрири нав ифода ёфтааст. Дар моддаҳои мазкур барои иҷро накардани уҳдадориҳо дар самти масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак аз ҷониби падару модар, васӣ, парастор, шахсе, ки дар асоси шартнома кӯдакро тарбия мекунад, намояндаи дигари қонунии кӯдак, шахси дигари воқеӣ, ки кӯдак таҳти тарбияи ӯ қарор дорад, инчунин, аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ пешгирӣ накардан ва ё ба кӯдак додани иҷозати воридшавӣ ба марказҳои дилхушӣ, марказҳои пешниҳоди бозиҳои компютерӣ ва риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вақти манъшуда, барои расондани зарар ба объектҳои ҷамъиятӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, ба муассисаҳои таълимӣ овардани ҳама гуна моддаҳои мадҳушкунанда ва ашёҳои манъшуда меъёрҳо пешбинӣ шудаанд. Вобаста ба кирдорҳои содиршуда ҷазои маъмурӣ дар моддаҳои зикршуда нисбат ба субъектони ҳуқуқвайронкунанда мушаххас ва пурзӯр карда шудааст. Моддаи 481 низ дар таҳрири нав ифода ёфта, дар он вобаста ба риоя накардани талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими ҷашну маросим меъёрҳо мушаххас гардидаанд. Тибқи моддаи мазкур барои вайрон кардани ҳама гуна маросими миллӣ, ба монанди тӯйи домодию арӯсӣ, маросими азодорӣ, зодрӯз, хатнасур, маросими дигар вобаста ба таваллуди кӯдак, вайрон намудани тартиби хизматрасонии ҷашну маросим, риоя накардани маъракаҳои гуселу пешвоз вобаста ба адои ҳаҷ ё умра, баъди таъини ҷазои маъмурӣ такроран содир намудани кирдорҳои ҳуқуқвайронкунӣ, дар вазъияти фавқулода, пандемияи бемориҳои сироятӣ гузарондани маърака, инчунин, аз ҷониби соҳибкорони инфиродӣ, роҳбарони ташкилот, ходимони дин ва роҳбарони дигари мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ вайрон кардани талаботи қонунгузорӣ оид ба танзими ҷашну маросим, меъёрҳо муайян гардида, барои аз ҷониби шахсони воқеӣ, ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ вобаста ба содир намудани кирдорҳояшон ҷазои маъмурӣ мушаххас ва пурзӯр карда шудааст. Ҳамзамон, моддаи 482 (Машғул шудан ба сеҳру ҷоду ва фолбинӣ) дар таҳрири нав ифода гардида, мутобиқи он андозаи ҷаримаи маъмурӣ зиёд карда, дар як вақт ҳабси маъмурӣ низ ҳамчун ҷазои алтернативӣ пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқи Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми расмиёти дохилиро гузаштааст. Аз ҷониби кумитаҳо ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон лоиҳаи қонун мавриди баррасӣ қарор дода шуда, ҷонибдорӣ гардид. Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мухолифат надорад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни зикргардидаро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзодадода мешавад. Марҳамат.
Ашурбой СОЛЕҲЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият бахшидани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ омода шудааст.
Лоиҳаи қонуни мазкур хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, ба бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта бо дарназардошти манфиатҳои давлатию ҷамъиятӣ равона карда шудааст. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» иқдоми саривақтӣ буда, мақсад аз таҳияи он баланд бардоштани ҷолибияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо дарназардошти таҷрибаи кишварҳои пешрафта, самаранокии фаъолияти маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва дар ин раванд ҳар чӣ бештар ҷалб кардани сармояи хориҷиву ватанӣ, ташкили корхонаҳои нав, нигоҳ доштани ҷойҳои кории мавҷуда ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ, тақвияти иқтидори содиротии ҷумҳурӣ ва коҳиш додани вобастагии кишвар аз воридот мебошад. Дар лоиҳаи қонуни мазкур мафҳумҳои «феҳристи ягонаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «ширкати хизматрасон», принсипи «равзанаи ягона» ва «минтақаи озоди иқтисодии комплексӣ» ва дигар муқаррароти бо ворид намудани ин мафҳумҳо алоқаманд пешбинӣ карда шудаанд. Дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» мафҳуми «ширкати хизматрасон» ворид карда шудааст.
Ширкати хизматрасон — субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ мебошад, ки фаъолияти худро дар хизматрасонии ҳудуди минтақаи озоди иқтисодӣ (аз ҷумла муҳофизат ва тоза нигоҳ доштани ҳудуд ва иншоот, корҳои боркунию борфарорӣ, таъмир, сохтмон ва нигоҳдории биноҳо ва иншоот, таъмини субъектҳои минтақа бо қувваи барқ, об, канализатсия ва нақлиёт, ба кироя додани ҳудуд, анборҳо ва биноҳои дигар, муаррифии минтақаи озоди иқтисодӣ барои ҷалби сармоя ва пешниҳоди дигар хизматрасониҳо ва кор) аз ҳисоби худ амалӣ менамояд.
Роҳандозии фаъолияти ширкати хизматрасон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба коҳиш додани вобастагии молиявии маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз буҷети давлатӣ барои рушди инфрасохтори минтақаҳо мусоидат менамояд.
Пешбинӣ шудани мафҳумҳои «феҳристи ягонаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва принсипи «равзанаи ягона» ба содагардонии расмиёти пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ тавассути коҳиш додани муҳлати расмиёт, таъмини шаффофияти он ва маҳдуд намудани робитаи мустақими довталабон бо мақомоти давлатӣ ҳангоми омодасозӣ ва пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, тибқи истифодаи технологияи рақамӣ, равона карда шудааст.
Ворид намудани мафҳуми «комплексӣ» пас аз сархати чоруми қисми 2 моддаи 5-и қонуни амалкунанда аз қисмҳои 3, 4, 5, 6 ва 7 моддаи 5 ҳамин қонун иқтибос мегирад. Моҳияти он дар қисми 8 ҳамин модда чунин пешбинӣ шудааст: «Минтақаи озоди иқтисодии комплексӣ минтақаи озоди иқтисодие мебошад, ки хусусиятҳои якчанд намуди минтақаҳои озоди иқтисодӣ (саноатӣ, савдо ва тиҷоратӣ, хизматрасонӣ, инноватсионӣ, илмию тадқиқотӣ ва ҷорикунанда)-ро дар бар мегирад».
Дар лоиҳаи қонуни мазкур пешниҳод гардидааст, ки дар қисми 4 моддаи 24 қонуни амалкунанда калимаҳои «мақомоти ваколатдор дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва рушди иқтисод ва савдо» ба калимаҳои «мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ва мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба идоракунии минтақаҳои озоди иқтисодӣ» иваз карда шаванд, зеро тибқи банди 1 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои аввалиндараҷа оид ба ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба масъалаҳои ташкил, идоракунӣ ва фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст.
Қайд кардан зарур аст, ки лоиҳаи қонуни мазкур бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар дигар кишварҳо ва таҷрибаи кории зиёда аз 10 соли фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ таҳия карда шудааст. Мавриди зикр аст, ки дастуру супоришҳои Сарвари давлат вобаста ба тақвият бахшидани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва ҷалби ҳар чӣ бештари сармояи ватанию хориҷӣ моро водор месозад, ки бо истифода аз тамоми имконияту шароити мавҷуда саҳми минтақаҳои озоди иқтисодиро дар татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти мусоидат ба рушди содирот ва воридотивазнамоӣ баланд бардорем. Бо дарназардошти ин, аз шумо — муҳтарам Раис ва вакилони арҷманд бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ғиёсиддин Ашурзода дода мешавад. Марҳамат.
Ғиёсиддин АШУРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ворид намудани мафҳумҳои «феҳристи ягонаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ», «ширкати хизматрасон» ва принсипи «равзанаи ягона» мебошад.
Пешбинӣ шудани мафҳумҳои «феҳристи ягонаи субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва принсипи «равзанаи ягона» ба содагардонии расмиёти пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ тавассути кам кардани иштироки довталабон дар раванди ҷамъоварӣ ва омодасозии ҳуҷҷатҳо ва инчунин, маҳдуд намудани робитаи мустақими онҳо бо субъектҳои пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва истифодаи технологияи рақамӣ равона карда шудааст. Инчунин, мафҳуми «ширкати хизматрасон» ҷиҳати роҳандозии низоми нави идоракунӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ бо ҷалби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ барои бунёди инфрасохтори зарурӣ дар минтақа ва пешниҳоди хизматрасониҳои муосири инфрасохторӣ ба субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ мувофиқи мақсад мебошад. Инчунин, роҳандозии фаъолияти ширкати хизматрасон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба коҳиш додани вобастагии молиявии маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ аз буҷети давлатӣ ва васеъ намудани сарчашмаҳои андозбандӣ мусоидат менамояд.
Лоиҳаи қонуни мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ ва ҳамзамон, 30 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки қисми зиёди онҳо қабул гардиданд.
Лоиҳаи қонуни зикргардида ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ба овоз монда шуда, қонун қабул гардид.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзодадода мешавад. Марҳамат.
Ашурбой СОЛЕҲЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият бахшидани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ омода шудааст.
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ин баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақа, бартараф намудани маҳдудият дар ҷалби сармоя, тақвият бахшидани фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ва субъектҳои он дар таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ, тавсеаи иқтидори содиротии кишвар ва воридотивазнамоӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ мебошад.
Пешбинӣ намудани мафҳуми «ширкати хизматрасон» ҷиҳати ҷалби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ барои бунёди инфрасохтори замонавӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар минтақа дар асоси истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, роҳандозии технологияҳо ва таҷрибаи пешқадами хизматрасониҳо ба субъектҳо, васеъ намудани доираи хизматрасониҳои тиҷоратӣ ба субъектҳо, баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои фаъолияткунанда ва устувории молиявии маъмурияти минтақа мувофиқи мақсад мебошад. Инчунин, роҳандозии фаъолияти ширкати хизматрасон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба коҳиш додани вобастагии молиявии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ аз буҷети давлатӣ барои рушди инфрасохтор мусоидат менамояд. Таҳлилҳо дар давоми фаъолияти минтақа нишон медиҳанд, ки имкониятҳои буҷети давлатӣ барои маблағгузории сохтмони инфрасохтори замонавӣ дар ҳудуди минтақа маҳдуд мебошанд.
Дар таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ фаъолияти ширкатҳои хизматрасон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Ҳамзамон, дар Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» намуди фаъолияти саноатию инноватсионӣ ба намуди фаъолият ба комплексӣ иваз карда шуд. Мақсад аз тағйир додани намуди фаъолият ба комплексӣ аз байн бурдани маҳдудият ҳангоми ҷалби сармоягузорони соҳаҳои гуногун мебошад. Дар баробари ин, дар лоиҳаи низомномома тартиби фаъолияти комиссия оид ба баррасии лоиҳаҳои сармоягузории довталабон дар назди маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ барои гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ карда шуд.
Мақсад аз ворид намудани тағйироти мазкур содагардонии расмиёти баррасӣ ва бақайдгирии субъектҳо ва коҳиш додани муҳлат ва хароҷоти ин расмиёт мебошад.
Дароз кардани муҳлати фаъолияти минтақаҳо аз 25 сол то 50 сол ба аз байн бурдани маҳдудият ҷиҳати ҷалби бештари сармоя ва дар ин замина бақайдгирии субъектҳои нав равона гардидааст.
Қайд кардан зарур аст, ки минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» соли 2019 таъсис ёфта, баъд аз 19 сол муҳлати амали ин минтақа ба охир мерасад. Аз ин рӯ, барои таъмини ҷолибияти минбаъдаи сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ зарурат ба дароз кардани муҳлати фаъолияти минтақаҳо ба миён омадааст.
Барои оғози фаъолияти истеҳсолӣ дар низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ сармоягузорӣ намудани на кам аз 500 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ карда шудааст. Бинобар ин, дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба низомнома пешниҳод мегардад, ки бо мақсади аз байн бурдани маҳдудият дар ҷалби сармоя рақами «500 ҳазор» ба «300 ҳазор» иваз карда шаванд.
Ҳамзамон, қаблан муҳлати истифодашудаи таҷҳизоти технологӣ-истеҳсолии ба минтақа воридшаванда на зиёда аз 3 сол пешбинӣ шуда буд. Бо мақсади ҷалби технологияҳои пешқадам пешниҳод гардид, ки муҳлати истифодаи технологияи воридшаванда на зиёда аз 2 сол бошад. Бо дарназардошти ин, аз шумо — муҳтарам Раис ва вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ашурзода Ғиёсиддин дода мешавад. Марҳамат.
Ғиёсиддин АШУРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Мақсади лоиҳаи қарори мазкур барои баланд бардоштани ҷалби сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва субъектҳои он дар самти ҷалби бештари сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам меоранд. Инчунин, дар таҷрибаи ҷаҳонӣ фаъолияти «ширкати хизматрасон» васеъ ба роҳ монда шуда, бо ин роҳ маблағгузориҳои бахши хусусӣ барои сохтмон ва нигоҳдории инфрасохтори минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асоси қарордоди дарозмуҳлат бо давлат ва субъектҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар баробари таъмини риояи меъёрҳои баланди сифати идоракунӣ ҷалб карда мешаванд.
Қайд кардан зарур аст, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бо дарназардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии кишварҳо ва таҷрибаи кории зиёда аз 10 соли фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ таҳия карда шудааст. Лоиҳаи қарори мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ ва ҳамзамон, 14 таклифу дархостҳо пешниҳод намуданд, ки қисме аз онҳо қабул шуд. Лоиҳаи қарори мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо — вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» шурӯъ мекунем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода дода мешавад. Марҳамат.
Ашурбой СОЛЕҲЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият бахшидани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ омода шудааст.
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ин баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақа, бартараф намудани маҳдудият дар ҷалби сармоя, тақвият бахшидани фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ва субъектҳои он дар таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ, тавсеаи иқтидори содиротии кишвар ва воридотивазнамоӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ мебошад.
Пешбинӣ намудани мафҳуми «ширкати хизматрасон» ҷиҳати ҷалби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ барои бунёди инфрасохтори замонавӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар минтақа дар асоси истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, роҳандозии технологияҳо ва таҷрибаи пешқадами хизматрасониҳо ба субъектҳо, васеъ намудани доираи хизматрасониҳои тиҷоратӣ ба субъектҳо, баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои фаъолияткунанда ва устувории молиявии маъмурияти минтақа мувофиқи мақсад мебошад. Инчунин, роҳандозии фаъолияти ширкати хизматрасон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба коҳиш додани вобастагии молиявии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ аз буҷети давлатӣ барои рушди инфрасохтор мусоидат менамояд.
Таҳлилҳо дар давоми фаъолияти минтақа нишон медиҳанд, ки имкониятҳои буҷети давлатӣ барои маблағгузории сохтмони инфрасохтори замонавӣ дар ҳудуди минтақа маҳдуд мебошанд. Дар таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ фаъолияти ширкатҳои хизматрасон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ васеъ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон, дар Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» намуди фаъолияти истеҳсолию инноватсионӣ ба намуди фаъолият ба комплексӣ иваз карда шуд. Мақсад аз тағйир додани намуди фаъолият ба комплексӣ аз байн бурдани маҳдудият ҳангоми ҷалби сармоягузорони соҳаҳои гуногун мебошад.
Дар баробари ин дар лоиҳаи низомномома тартиби фаъолияти комиссия оид ба баррасии лоиҳаҳои сармоягузории довталабон дар назди маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ барои гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ карда шуд.
Мақсад аз ворид намудани тағйироти мазкур содагардонии расмиёти баррасӣ ва бақайдгирии субъектҳо ва коҳиш додани муҳлат ва хароҷоти ин расмиёт мебошад.
Дароз кардани муҳлати фаъолияти минтақаҳо аз 25 сол то 50 сол ба аз байн бурдани маҳдудият ҷиҳати ҷалби бештари сармоя ва дар ин замина бақайдгирии субъектҳои нав равона гардидааст.
Қайд кардан зарур аст, ки минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» соли 2009 таъсис ёфта, аллакай баъд аз 16 сол муҳлати амали ин минтақа ба охир мерасад. Аз ин рӯ барои таъмини ҷолибияти минбаъдаи сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ зарурат ба дароз кардани муҳлати фаъолияти минтақаҳо ба миён омадааст.
Қайд кардан зарур аст, ки барои оғози фаъолияти истеҳсолӣ дар Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» сармоягузорӣ намудани на кам 500 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ карда шудааст. Бинобар ин, дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба низомнома пешниҳод мегардад, ки бо мақсади аз байн бурдани маҳдудият дар ҷалби сармоя рақами «500 ҳазор» ба «300 ҳазор» иваз карда шаванд.
Қаблан муҳлати истифодашудаи таҷҳизоти технологӣ-истеҳсолии ба минтақа воридшаванда на зиёда аз 3 сол пешбинӣ шуда буд. Бо мақсади ҷалби технологияҳои пешқадам пешниҳод гардид, ки муҳлати истифодаи технологияи воридшаванда на зиёда аз 2 сол бошад. Бо дарназардошти ин, аз шумо — муҳтарам Раис ва вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Суғд»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Ашурзода Ғиёсиддин дода мешавад. Марҳамат.
Ғиёсиддин АШУРЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қарори мазкур барои баланд бардоштани ҷалби сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва субъектҳои он дар самти ҷалби бештари сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам меоранд. Ҳамзамон, тағйироту иловаҳои воридгардида бо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» мутобиқ карда шудааст.
Тағйиру иловаҳо ба низомномаҳои минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба дароз кардани муҳлати фаъолияти минтақаҳо аз 25 сол то 50 сол, ҷалби бештари сармоя ва дар ин замина бақайдгирии субъектҳои нав, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, мусоидат ба рушди содироти маҳсулот аз минтақаҳо, тақвияти истеҳсолоти воридотивазкунанда ва дар маҷмӯъ баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ равона карда шудаанд.
Лоиҳаи қарори мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ ва ҳамзамон, 25 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аксарияташ қабул гардид. Лоиҳаи қарори мазкур ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз ин лиҳоз, аз шумо – вакилони арҷманд хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода дода мешавад. Марҳамат.
Ашурбой СОЛЕҲЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият бахшидани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ омода шудааст.
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳои иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ин баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақа, бартараф намудани маҳдудият дар ҷалби сармоя, тақвият бахшидани фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ва субъектҳои он дар таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ, тавсеаи иқтидори содиротии кишвар ва воридотивазнамоӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ мебошад.
Пешбинӣ намудани мафҳуми «ширкати хизматрасон» ҷиҳати ҷалби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ барои бунёди инфрасохтори замонавӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар минтақа дар асоси истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, роҳандозии технологияҳо ва таҷрибаи пешқадами хизматрасониҳо ба субъектҳо, васеъ намудани доираи хизматрасониҳои тиҷоратӣ ба субъектҳо, баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои фаъолияткунанда ва устувории молиявии маъмурияти минтақа мувофиқи мақсад мебошад. Дар таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ фаъолияти ширкатҳои хизматрасон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ васеъ ба роҳ монда шудааст. Дар баробари ин, дар лоиҳаи низомномома тартиби фаъолияти комиссия оид ба баррасии лоиҳаҳои сармоягузории довталабон дар назди маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ барои гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ карда шуд.
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳои мазкур содагардонии расмиёти баррасӣ ва бақайдгирии субъектҳо ва коҳиш додани муҳлат ва хароҷоти ин расмиёт мебошад.
Дароз кардани муҳлати фаъолияти минтақаҳо аз 25 сол то 50 сол ба аз байн бурдани маҳдудият ҷиҳати ҷалби бештари сармоя ва дар ин замина бақайдгирии субъектҳои нав равона гардидааст.
Қайд кардан зарур аст, ки минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» соли 2008 таъсис ёфта, аллакай баъд аз 16 сол муҳлати амали ин минтақа ба охир мерасад. Аз ин рӯ, барои таъмини ҷолибияти минбаъдаи сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ зарурият ба дароз кардани муҳлати фаъолияти минтақаҳо ба миён омадааст.
Барои оғози фаъолияти истеҳсолӣ дар низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ сармоягузорӣ намудани на кам 500 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ карда шудааст. Бинобар ин дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба низомнома пешниҳод мегардад, ки бо мақсади аз байн бурдани маҳдудият дар ҷалби сармоя рақамҳои «500 ҳазор» ба «300 ҳазор» иваз карда шаванд. Ҳамзамон, қаблан муҳлати истифодашудаи таҷҳизоти технологӣ-истеҳсолии ба минтақа воридшаванда на зиёда аз 3 сол пешбинӣ шуда буд. Бо мақсади ҷалби технологияҳои пешқадам пешниҳод гардид, ки муҳлати истифодаи технологияи воридшаванда на зиёда аз 2 сол бошад. Бо дарназардошти ин, аз шумо — вакилони гиромӣ бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.
Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қарори мазкур барои зиёдтар ҷалб шудани сармоя ба минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва тақвият бахшидани фаъолияти маъмурияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ ва субъектҳои он дар самти ҷалби бештари сармоягузорӣ шароити мусоид фароҳам меорад. Тағйиру иловаҳои воридгардида бо муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» мутобиқ шудааст.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» бо назардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии кишварҳо ва таҷрибаи кории зиёда аз 10 соли фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ таҳия шудааст. Лоиҳаи қарори мазкурро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ва ҳамзамон, 22 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аксари он қабул шуд. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Панҷ» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» оғоз менамоем.
Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода дода мешавад. Марҳамат.
Ашурбой СОЛЕҲЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият бахшидани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ омода шудааст.
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ин баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақа, бартараф намудани маҳдудият дар ҷалби сармоя, тақвият бахшидани фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ва субъектҳои он дар таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ, тавсеаи иқтидори содиротии кишвар ва воридотивазнамоӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ мебошад.
Пешбинӣ намудани мафҳуми «ширкати хизматрасон» ҷиҳати ҷалби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ барои бунёди инфрасохтори замонавӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар минтақа дар асоси истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, роҳандозии технологияҳо ва таҷрибаи пешқадами хизматрасониҳо ба субъектҳо, васеъ намудани доираи хизматрасониҳои тиҷоратӣ ба субъектҳо, баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои фаъолияткунанда ва устувории молиявии маъмурияти минтақа мувофиқи мақсад мебошад. Инчунин, роҳандозии фаъолияти ширкати хизматрасон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба коҳиш додани вобастагии молиявии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ аз буҷети давлатӣ барои рушди инфрасохтор мусоидат менамояд.
Таҳлилҳо дар давоми фаъолияти минтақа нишон медиҳанд, ки имкониятҳои буҷети давлатӣ барои маблағгузории сохтмони инфрасохтори замонавӣ дар ҳудуди минтақа маҳдуд мебошанд.
Дар таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ фаъолияти ширкатҳои хизматрасон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ васеъ ба роҳ монда шудааст.
Дар лоиҳаи низомнома тартиби фаъолияти комиссия оид ба баррасии лоиҳаҳои сармоягузории довталабон дар назди маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ барои гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ шудааст.
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳои мазкур содагардонии расмиёти баррасӣ ва бақайдгирии субъектҳо ва коҳиш додани муҳлат ва хароҷоти ин расмиёт мебошад.
Дароз кардани муҳлати фаъолияти минтақаҳо аз 25 сол то 50 сол ба аз байн бурдани маҳдудият ҷиҳати ҷалби бештари сармоя ва дар ин замина бақайдгирии субъектҳои нав равона гардидааст.
Қайд кардан зарур аст, ки минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» соли 2009 таъсис ёфта, баъд аз 16 сол муҳлати амали ин минтақа ба охир мерасад. Аз ин рӯ, барои таъмини ҷолибияти минбаъдаи сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ зарурият ба дароз кардани муҳлати фаъолияти минтақаҳо ба миён омадааст.
Барои оғози фаъолияти истеҳсолӣ дар низомномаи минтақаи озоди иқтисодӣ сармоягузорӣ намудани на кам 500 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ шудааст. Бинобар ин, дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба низомнома пешниҳод мегардад, ки бо мақсади аз байн бурдани маҳдудият дар ҷалби сармоя рақами «500 ҳазор» ба «300 ҳазор» иваз карда шаванд.
Ҳамзамон, қаблан муҳлати истифодашудаи таҷҳизоти технологӣ-истеҳсолии ба минтақа воридшаванда на зиёда аз 3 сол пешбинӣ шуда буд. Бо мақсади ҷалби технологияҳои пешқадам пешниҳод гардид, ки муҳлати истифодаи технологияи воридшаванда на зиёда аз 2 сол бошад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» — ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.
Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Лоиҳаи қарори мазкур бо баромадҳои қаблӣ дар ҳамбастагӣ қарор дорад. Зарурати такмили Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ин беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ дар минтақаи озоди иқтисодӣ, мусоидат ба ҷалби васеи сармоя, таҳким бахшидани фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ва субъектҳои он дар самти ҷалби бештари сармоягузорӣ, таъсиси субъектҳои нави соҳибкорӣ ва ҷойҳои нави корӣ, татбиқи сиёсати мусоидат ба содирот ва воридотивазнамоӣ дар кишвар мебошад.
Лоиҳаи қарори зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ва ҳамзамон, 28 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аксари он қабул шуд.
Лоиҳаи қарори мазкур дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори мазкурро ҷонибдорӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Ишкошим» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шурӯъ мекунем.
Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Ашурбой Солеҳзода дода мешавад. Марҳамат.
Ашурбой СОЛЕҲЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба тақвият бахшидани фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодӣ омода шудааст.
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ин баланд бардоштани ҷолибияти сармоягузории минтақа, бартараф намудани маҳдудият дар ҷалби сармоя, тақвият бахшидани фаъолияти маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ ва субъектҳои он дар таъсиси корхонаҳои нав ва ҷойҳои нави корӣ, тавсеаи иқтидори содиротии кишвар ва воридотивазнамоӣ дар асоси омӯзиши таҷрибаи пешқадами байналмилалӣ мебошад.
Пешбинӣ намудани мафҳуми «ширкати хизматрасон» ҷиҳати ҷалби сармоягузорони дохилӣ ва хориҷӣ барои бунёди инфрасохтори замонавӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ дар минтақа дар асоси истифодаи механизми шарикии давлат ва бахши хусусӣ, роҳандозии технологияҳо ва таҷрибаи пешқадами хизматрасониҳо ба субъектҳо, васеъ намудани доираи хизматрасониҳои тиҷоратӣ ба субъектҳо, баланд бардоштани рақобатпазирии корхонаҳои фаъолияткунанда ва устувории молиявии маъмурияти минтақа мувофиқи мақсад мебошад. Инчунин, роҳандозии фаъолияти ширкати хизматрасон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ ба коҳиш додани вобастагии молиявии маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ аз буҷети давлатӣ барои рушди инфрасохтор мусоидат менамояд.
Таҳлилҳо дар давоми фаъолияти минтақа нишон медиҳанд, ки имкониятҳои буҷети давлатӣ барои маблағгузории сохтмони инфрасохтори замонавӣ дар ҳудуди минтақа маҳдуд мебошанд. Дар таҷрибаи пешқадами ҷаҳонӣ фаъолияти ширкатҳои хизматрасон дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар асоси созишномаи шарикии давлат ва бахши хусусӣ васеъ ба роҳ монда шудааст.
Ҳамзамон, дар Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» намуди фаъолияти истеҳсолию инноватсионӣ ба намуди фаъолият ба комплексӣ иваз карда шуд. Мақсад аз тағйир додани намуди фаъолият ба комплексӣ аз байн бурдани маҳдудият ҳангоми ҷалби сармоя мебошад.
Дар баробари ин, дар лоиҳаи низомномома тартиби фаъолияти Комиссия оид ба баррасии лоиҳаҳои сармоягузории довталабон дар назди маъмурияти минтақаи озоди иқтисодӣ барои гирифтани мақоми субъекти минтақаи озоди иқтисодӣ пешбинӣ шуд.
Мақсад аз ворид намудани тағйиру иловаҳои мазкур содагардонии расмиёти баррасӣ ва бақайдгирии субъектҳо ва коҳиш додани муҳлат ва хароҷоти ин расмиёт мебошад.
Дароз кардани муҳлати фаъолияти минтақаҳо аз 25 сол то 50 сол ба аз байн бурдани маҳдудият ҷиҳати ҷалби бештари сармоя ва дар ин замина бақайдгирии субъектҳои нав равона гардидааст.
Қайд кардан зарур аст, ки минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» соли 2009 таъсис ёфта, аллакай баъд аз 16 сол муҳлати амали ин минтақа ба охир мерасад. Аз ин рӯ, барои таъмини ҷолибияти минбаъдаи сармоягузории минтақаҳои озоди иқтисодӣ зарурият ба дароз кардани муҳлати фаъолияти минтақаҳо ба миён омадааст.
Барои оғози фаъолияти истеҳсолӣ дар Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» сармоягузорӣ намудани на кам 500 ҳазор доллари ИМА пешбинӣ карда шудааст. Бинобар ин дар лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба низомнома пешниҳод мегардад, ки бо мақсади аз байн бурдани маҳдудият дар ҷалби сармоя рақами «500 ҳазор» ба «300 ҳазор» иваз карда шаванд.
Ҳамзамон, қаблан муҳлати истифодашудаи таҷҳизоти технологӣ-истеҳсолии ба минтақа воридшаванда на зиёда аз 3 сол пешбинӣ шуда буд. Бо мақсади ҷалби технологияҳои пешқадам пешниҳод гардид, ки муҳлати истифодаи технологияи воридшаванда на зиёда аз 2 сол бошад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Данғара»-ро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Мунаввар Абдусаломзода дода мешавад. Марҳамат.
Мунаввар АБДУСАЛОМЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст. Лоиҳаи қарори мазкур низ бо баромадҳои қаблӣ дар ҳамбастагӣ қарор дорад. Ҳаминро қайд карданиям, ки дар Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» намуди фаъолият аз истеҳсолию инноватсионӣ ба комплексӣ иваз карда мешавад. Мақсад аз тағйир додани намуди фаъолият аз истеҳсолию инноватсионӣ ба комплексӣ аз байн бурдани маҳдудият ҳангоми ҷалби сармоягузориҳо мебошад.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ҳам бо назардошти таҷрибаи пешқадами байналмилалии фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии кишварҳо ва таҷрибаи кории зиёда аз 10 соли фаъолияти минтақаҳои озоди иқтисодии ҷумҳурӣ таҳия шудааст.
Лоиҳаи қарори зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ва ҳамзамон, 27 таклифу дархост пешниҳод намуданд, ки аксари он қабул шуд.
Лоиҳаи қарори пешниҳодгардида дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои озоди иқтисодӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Аз шумо — вакилони гиромӣ хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Низомномаи минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Оид ба лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» оғоз менамоем. Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон Гулбаҳор Назирӣ дода мешавад. Марҳамат.
Гулбаҳор Назирӣ:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» барои фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати таҳия ва қабули «Барномаи давлатии баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ», ки аз талаботи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бармеояд, пешниҳод мешавад.
Қобили зикр аст, ки дар «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025», ки бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16-уми июни соли 2021, №441 тасдиқ шудааст, фарогирии молиявӣ ва баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои таъмини рушди устувори бахши молиявии мамлакат муҳим арзёбӣ гардидааст. Тибқи зербанди 9), банди 37 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии барномаи мазкур таҳияи «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Стратегияи миллии маърифати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар алоҳидагӣ пешбинӣ шудааст.
Бо мақсади таъмини ҳадафҳои пешбининамудаи барномаи мазкур Бонки миллии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ва шарикони рушд «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» — ро таҳия намуд, ки он бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 — уми июли соли 2022, №314 тасдиқ гардида, мавриди амал қарор дорад. «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» чор самти асосиро дар бар гирифта, яке аз самтҳои афзалиятноки он «Саводнокии молиявӣ» мебошад, ки бо пешниҳоди вазорату идораҳои дахлдор ва тавсияҳои шарикони рушд дар он масъалаҳои асосии барои рушди низоми бонкии мамлакат муҳим пешбинӣ шудаанд. Аз ин лиҳоз, дар соли 2022 зарурати пешниҳод намудани лоиҳаи омодашудаи «Стратегияи миллии маърифати молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҳамчун ҳуҷҷати алоҳида мавқуф гузошта шуд. Чунки дар марҳилаи аввал масъалаҳои асосии вобаста ба баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ дар «Стратегияи миллии фарогирии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2026» фаро гирифта шуданд.
Омӯзиши таҷрибаи аксар давлатҳо собит менамояд, ки баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ бо назардошти рушди босуръати технологияҳои муосири рақамӣ дар низоми бонкӣ дар чанд марҳила тавассути қабул ва дар амал татбиқ намудани барномаҳои миёнамуҳлати давлатӣ (5-сола) амалӣ мешавад. Бинобар ин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон низ дар марҳилаи дуюм таҳия ва дар амал татбиқ намудани барномаи давлатии алоҳида ҷиҳати баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ манфиатбахш буда, ба рушди низоми бонкии мамлакат, беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасониҳои молиявӣ ва фарогирии молиявии аҳолӣ мусоидат хоҳад намуд.
Бо назардошти асосноккунии овардашуда, тибқи лоиҳаи қарори пешниҳодшаванда дар зербанди 9) банди 37 Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» тағйири дахлдор ворид карда шуда, заминаи ҳуқуқии таҳия намудани лоиҳаи «Барномаи давлатии баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030» дар соли 2025 пешбинӣ гардидааст. Лоиҳаи қарори мазкур ба Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қарори мазкурро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Сухани навбатӣ ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидзода дода мешавад. Марҳамат.
Фозил ОБИДЗОДА:
- Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» бо мақсади фароҳам овардани заминаи ҳуқуқӣ ҷиҳати дар соли 2025 таҳия ва қабул намудани «Барномаи давлатии баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ барои солҳои 2026-2030» таҳия шудааст.
Бояд қайд намуд, ки мувофиқи «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» бо мақсади таҳкими иқтидори захираҳои инсонии ташкилотҳои қарзии молиявии ҳамаи сатҳи низоми бонкӣ, таҳия намудани «Барномаи давлатии баланд бардоштани саводнокии молиявии аҳолӣ» пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи қарори зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон бо пешниҳоди хулосаҳо ҷонибдорӣ ва ҳамзамон, 2 таклиф пешниҳод намуданд, ки он ба назар гирифта шуд.
Лоиҳаи қарори пешниҳодгардида дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия бо тартиби муқарраргардидаи Дастури Маҷлиси намояндагон баррасӣ гардида, расмиёти дохилиро гузашта, ба моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи банақшагирии стратегӣ ва дурнамосозии давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Бо эҳтиром хоҳиш менамоям, ки барои тасдиқи он овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ҳаст? Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйир ба «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» ба овоз монда шуда, қарор тасдиқ гардид.
РАИС: — Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Тибқи талаботи моддаи 6 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон савганд ёд мекунад. Бобозода Умед, марҳамат, савганд ёд кунед.
Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон Умед Бобозода савганд ёд кард.
РАИС: - Вакилони муҳтарам, ҳозирини гиромӣ!
Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа пешбинӣ гардида буданд, баррасӣ шуданд. Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.
Барои фаъол буданатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ