28-уми марти соли 2024 муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода бо ҳайати парлумонии Гурҷистон таҳти роҳбарии раиси Кумита оид ба муносибатҳои байналмилалӣ Николоз Самхарадзе, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон омадаанд, мулоқот намуд.
Дар мулоқот вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Гурҷистон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Таъкид гардид, ки ҷониби Тоҷикистон ба рушду густариши бештари муносибатҳо бо Ҷумҳурии Гурҷистон, аз ҷумла таҳкиму тавсеаи робитаҳои байнипарлумонӣ, таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.
Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо дар навбати аввал беҳтарсозии кори гурӯҳи парлумонӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва парлумони Гурҷистон муҳим шуморида шуд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Гурҷистон дар ҳама самтҳо мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои зиёди мавриди таваҷҷуҳ ва барои тарафҳо манфиатоварро фаро хоҳанд гирифт.
Худи ҳамон рӯз раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Саидмурод Фаттоҳзода низ бо ҳайати парлумонии Гурҷистон мулоқот намуд, ки зимни он масоили кунунӣ ва дурнамои муносиботи байнипарлумонии ҳар ду кишвар баррасӣ шуданд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон