29-уми сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе-инвест 2023» оғоз гардид. Ибтидо Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба иштирокдорони Форуми байналмилалӣ бо паёми видеоӣ муроҷиат намуданд.
Дар қисмати расмии ифтитоҳи форум Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Қоҳир Расулзода суханронӣ намуданд.
Дар кори Форуми байналмилалии сармоягузории «Душанбе — инвест 2023», ҳамчунин, Сарвазири Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Алӣ Асадов, муовини Сарвазири Федератсияи Россия Марат Ҳуснуллин, муовини Сарвазир — роҳбари Дастгоҳи Ҳукумати Қазоқистон Галимжан Койшибаев ва меҳмонони олимақом аз дигар давлатҳо, инчунин, роҳбарони вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок карданд.
Дар маҷмӯъ, форум беш аз 600 нафар соҳибкору сармоягузори якчанд кишвар ва намояндагони созмонҳои бонуфузи байналмилалии молиявиро ба ҳам овард.
Муаррифии бештари зарфияту фазои мусоиди сармоягузории Тоҷикистон, ҷалби сармоя, ба роҳ мондан ва тақвияти ҳамкорӣ байни ширкатҳои ватанӣ ва сармоягузорони хориҷӣ, ҳамчунин, фароҳамсозии имконият барои рушди тиҷорати рақамӣ бо мақсади татбиқи ҳадафи чоруми стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат аз ҳадафҳои асосии форум арзёбӣ шуд.
Форуми мазкур дар Муассисаи давлатии «Китобхонаи миллӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баргузор намудани ҷаласаҳои панелӣ идома меёбад. Мавзӯъҳои баррасишаванда дар ин нишастҳо — «Имконоти сармоягузории шаҳри Душанбе», «Саноат — омили асосии рушди иқтисодӣ ва заминаи мусоид барои сармоягузорӣ», «Тоҷикистон — мамлакати «энергияи сабз», «Иштироки бахши хусусӣ дар рушди энергетика», «Нақши низоми молиявӣ дар рушди соҳибкорӣ ва ҷалби сармоя», «Рушди иқтисодиёти «сабз», рақамикунонӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Имконоти сармоягузорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, истеҳсол ва содироти маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тозаи кишоварзӣ ба бозори ҷаҳонӣ», «Рушди нақлиёт, логистика ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ», «Имконияти сармоягузорӣ дар соҳаи нигаҳдории тандурустӣ, дурнамои рушди соҳаи дорусозӣ ва тибби хусусӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва ғайра мебошанд.
Интизор меравад, ки дар рӯзи дуюми баргузории форум иштирокдорон аз корхонаҳои саноатии шаҳрҳои Душанбе, Норак ва Турсунзода боздид намоянд.
«Садои мардум»