Душанбе. Омодагӣ ба интихобот дар мадди аввал

№150 (4890) 16.12.2024

1640127c-e2a4-4bb6-bc13-f7a0969318a1Даҳуми декабри соли 2024 дар шаҳри Душанбе иҷлосияи ғайринавбатии бистуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе бо роҳбарии Раиси Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ доир гардид.

Дар кори иҷлосия муовинон, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ, корхонаю муассисаҳои шаҳрӣ, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, сохторҳои маҳаллии мақомоти марказии ҳокимияти иҷроия ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок дош­танд.

Бо назардошти иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декаб­ри соли 2024, таҳти №882 «Дар бораи таъини интихоботи даъвати нави Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ» рӯзномаи иҷлосия таҳия гардида, ба он масъалаҳо дар бораи муқаррар намудани шумораи ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ва таъсис додани комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе ворид карда шуд.

Бо баррасии масъалаҳо иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе қарор кард, ки шумораи ҳавзаҳои интихоботӣ барои интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар доираи 70 (ҳафтод) адад муқаррар карда шавад.

photo_2024-12-13_13-35-45Ҳамчунин, дар иҷлосия комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе дар ҳайати 9 нафар таъсис дода шуд.

Раиси шаҳри Душанбе таваҷҷуҳи вакилони халқ, раисони ноҳияҳо, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳрӣ ва дигар сохторҳои дахлдорро барои дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор гардидани ин маъракаи сиёсӣ ҷалб намуда, баҳри таъмини бехатарию тартиботи ҷамъиятӣ, иштироки фаъоли интихобкунандагон, тозаю озода нигоҳ доштани шаҳр ва ба таври муносиб инъикос намудани рафти баргузории интихобот дас­туру супоришҳои судманд доданд.

Аз рӯи ҳамаи масъалаҳои баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул гардид.

www.dushanbe.tj