Чанд муддат аст, ки ҷаҳонро таҳдиди нав, яъне бемории сироятии коронавируси навъи нави COVID-19 фаро гирифта, аҳолии сайёраро ба хатари ҷиддӣ рӯ ба рӯ гардонидааст. Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон низ аз олудашавӣ бо ин вабои аср эмин набуда, соҳаи тандурустии онҳо бо он дастбагиребонанд. Аммо дида истодаем, ки дар натиҷаи муборизаи салоҳиятноки илман асоснок афзоиши беморӣ дар бархе аз кишварҳо тамоюли пастшавиро касб карда, муждаи пурра баркандани решаи вабо аллакай расида истодааст. Чунин мужда аз «зодгоҳ»-и вирус — шаҳри Ухани Чин ҳам расид.
Ахиран ҷумҳурии азизи мо низ, новобаста аз истодагарии тамом ва андешидани чораҳои пурзӯри пешгирӣ, мутаассифона, бо ин вабо рӯ ба рӯ шуд. Бояд гуфт, дар шароите ки кишварҳо дар гирудори паҳншавӣ бо ин беморӣ азият мекашанд, сироятшавии аҳолии мо низ амри табиӣ ба ҳисоб меравад. Чунки рафтуомади бениҳоят зиёд миёни аҳолии мову бародаркишварҳо ҷой дорад, ки бешак, эҳтимолияти паҳншавии бемориҳои сироятӣ, аз ҷумла, коронавирус, дар чунин шароит ҷой дорад.
Таҷрибаи давлатҳои алоҳида нишон медиҳад, ки бо вирус муборизаи илман асоснок бурдан мумкин аст ва аллакай олимони соҳаи биология ва тиб таъкид бар он доранд, ки коронавирус, ба он ҳадде ки муаррифиаш мекунанд, кушанда нест.
Барои пешгирӣ аз вирус Ҳукумати кишвар ва мақомоти дахлдор корҳои саривақтӣ ва чораҳои пешгириро дида истодаанд. Умед ва боварии комил дорем, ки дар наздиктарин фурсат он паси сар мешавад.
Муҳим он аст, ки ба таҳлука наафтем, воҳима накунем. Таърих гувоҳ аст, ки вазнинии аз ин бадтарро мардуми шарифи тоҷик бо сари баланд паси сар кардааст. Дар шароите ки соҳаи тиб ба дастовардҳои беназир мерасад, тандурустӣ ҳамчун як самти афзалиятноки соҳаи иҷтимоӣ эълон гардида, солимии миллатро ҳамчун боигарии давлат Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар меҳвари сиёсати иҷтимоӣ қарор додаанд, нест кардани вирус аз кишвар фақат чанд кори одиро аз ҳар яки мо талаб мекунад. Ин, пеш аз ҳама, риоя кардани тавсияҳои мутахассисон, яъне духтурон мебошад.
Агар мехоҳед ба ин «фариштаҳои сафедпӯш»-и ҳомии ҷону тани мо, ки шабонарӯзӣ дар сафи аввали мубориза қарор доранд, кумак кунем, худ ва хонаводаи худро дар шароити тозагиву озодагӣ нигоҳ дорем. Душмани асосии коронавирус тозагӣ аст. Тозагие, ки дар вуҷуди мо, рагу шарёни мо, табиати мардуми тоҷик ҳаст. Ҳамчунин, муваққатан даст кашидан аз чанд одате, ки боис ба паҳншавии бемориҳои сироятӣ шуда метавонад. Боз замони самимона дастфишорӣ кардан, бӯсу канори ёру наздикон, оғӯшгирӣ, чойнӯшии якҷоя, нишастҳову чақ-чақ мерасад. Аммо ҳоло аз онҳо худдорӣ бояд кард.
Дар баробари ин, барои баланд кардани масунияти худ ва хонавода аз меваю сабзавоти тару тоза, ки аз витамин бой мебошанд, истифода кардан лозим аст.
Бар замми ин, бояд таъкид намоем, ки наҳс худаш танҳо намеояд. Дар шароите ки додугирифт миёни кишварҳо ба ҳадди минималӣ расидааст, бояд аз пештара бештар дар фикри таъмини амнияти озуқаворӣ ва бо маҳсулоти худӣ таъмин кардани худамон шавем. Барои ин, мавсими мусоиди киштукори баҳорӣ, коркарди заминҳои наздиҳавлигӣ ва умуман, ба таъбири Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ибораи мардумӣ шудааст, «ҳар як ваҷаби замин»-ро самаранок истифода барем.
Бахтовар САФАРЗОДА, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси фраксияи ҲХДТ