Эмомалӣ Раҳмон — Поягузори низоми ҳуқуқии Тоҷикистони соҳибистиқлол

№141-142 (3621-3622) 15.11.2016

DSC_1267Яке аз муҳимтарин нишондиҳандаи давлатҳои устувору соҳиб­истиқлол доштани Конститутсияи комил ва ҳокимияти қавии конститут­сионӣ мебошад. Хушбахтона, Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки ин омилҳоро дорад. Мувофиқи таҳлили коршиносони муътабари ҳуқуқӣ ва сиёсӣ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз комилтарин ва пешрафтатарин санади ҳуқуқии ҷаҳон буда, ба шумори панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё шомил мешавад. Он меъёрҳои муосиртарини сохторӣ ва арзишии низомҳои демократӣ ва ҳуқуқу озодиҳои эътирофшудаи умумибашариро фаро гирифтааст.

Аммо соҳиб шудан ба чунин Конститутсия роҳи басе душвор ва печидаеро пушти сар гузошт, ки ҳар як қадами он моҳияти таърихӣ ва аҳамияти тақдирсоз дошт. Дар садри ин талошу муборизаи таърихии миллат Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад, ки бо ҷонбозиҳо халқро соҳиби шиносномаи давлатӣ ва аркони қавии давлатдорӣ намуд.

Корномаи сиёсии Эмомалӣ Раҳмон бо мафҳуми Конститутсия аз оғоз пайванди ногусастанӣ дошт, зеро ӯ аввалин қадами худро ба арсаи сиёсати бузург маҳз бо ҳамин маром, яъне «барқарории ҳокимияти конститутсионӣ» гузошт. Ин аст, ки дар таърихи давлатдории навини мо номи Эмомалӣ Раҳмон бо мафҳумҳои усулие чун волоияти қонун, ҳукумати қонунӣ ва ҳокимияти конститутсионӣ пайванди амиқ доранд.

Таъкиди Эмомалӣ Раҳмон бар волоияти қонун ва иҷрои қатъии меъёр­ҳои конститутсионӣ бесабаб набуд. Ӯ замоне ба роҳбарии давлат расид, ки Конститутсияи Тоҷикистон на танҳо ба як санади бетаъсир, балки ба бозичаи дасти гурӯҳҳои гуногуни сиёсӣ табдил гашта буд. Қариб дар ҳар ҷаласаи Шӯрои Олии Тоҷикистон чанд банди Конститутсия ба манфиати ин ё он гурӯҳ тағйир дода мешуд. Фақат соли 1992 ба Конститутсияи Тоҷикистон даҳ маротиба тағйиру иловаҳо ворид шуд. Аз тарафи дигар, таҷрибаи давлатдории ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки бе устувории Конститутсия таъмини раванди сиёсӣ ва пойдории давлат номумкин аст. Роҳбари давлат ин масъаларо чунин ба миён гузошта буд: «Бе қабули Конститутсияи нав ва дар асоси он муайян намудани сиёсати ҳуқуқии кишвар ва барқарор намудани сохторҳои фалаҷшудаи ҳокимияти давлатӣ пешравии ҷомеаро таъмин кардан, муайян намудани сиёсати мутавозини дохиливу хориҷӣ ва ҳимояи манфиатҳои сиёсиву иқтисодии кишвар ғайриимкон буда, давлат ва ҷомеаи мо дар ҳар қадам ба душвориҳои сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавӣ рӯ ба рӯ мегардид». Аз ин сабаб, Эмомалӣ Раҳмон фаъолияти худро маҳз аз ташаккул ва устувории Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Танҳо ҳамин хизмати Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон кофист, ки ӯро ҳамчун поягузори ҳуқуқии давлати навини тоҷикон эътироф намоем.

Барои дарки дурусти ин корномаи таърихии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ ба чор ҷанбаи асосии фаъолияти ӯ дар ин самт хеле муҳим аст:

Ҷанбаи якум, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташкил ва роҳбарии бевоситаи раванди таҳия ва қабули Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол. Нуктаи муҳим дар ин самт он аст, ки Эмомалӣ Раҳмон раванди таҳия ва қабули Конститутсияро дар шакли бисёр шаффоф ва демократӣ ба роҳ монд. Гарчӣ мувофиқи Конститутсияи он замон амалкунанда Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ҳуқуқи ворид намудани ҳама гуна тағйироту иловаҳо ба Конститутсияро доро буд, лек баръакси ин, Эмомалӣ Раҳмон ба муҳокимаи умумихалқии Конститутсия ва қабули он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ — референдум таъкид намуд. Бо дастури ӯ се гурӯҳи мустақили корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Конститутсия таъсис ёфт, ки ин як амали бесобиқа аст. Илова бар ин, Эмомалӣ Раҳмон шахсан ин равандро бевосита зери назорат гирифта, пайваста таъкид менамуд, ки бояд ҳар як пешниҳоди мардум ва орзуву омоли қишрҳои мухталифи ҷомеа ба назар гирифта шавад. Дар ин раванди таърихӣ аз тарафи мардум ба гурӯҳҳои корӣ беш аз ҳаштуним ҳазор таклифу пешниҳод расид. Пешвои миллат ин лаҳзаҳои таърихиро дар суханронии худ чунин ёдоварӣ намудаанд: «Қабули Қонуни асосии кишвар, ки аслан бо дарназардошти андешаву пешниҳодҳои сершумори мардуми шарифи Тоҷикистон таҳия гардидааст, танҳо ба шарофати кӯшишу талошҳои халқи тоҷик дар роҳи эъмори давлатдории навин муяссар гардид. Аз ин лиҳоз, қабули ин санад дастоварди бузурги миллии мо ба шумор меравад».

Дар натиҷа, маҳз бо ташаббуси Эмомалӣ Раҳмон нақши мардум дар ин раванд марказӣ ва таъинкунанда дониста шуда, аввалин бор ба маънои томи ин ибора «Конститутсияи мардумӣ» таҳия ва қабул гашт. Ин тарзи муносибати Эмомалӣ Раҳмон дурбинона буда, фарогирӣ ва устувории Конститутсияи навро таъмин менамуд.

Хусусияти дигари муносибати Эмомалӣ Раҳмон бо раванди таҳияи Конститутсияи навини Тоҷикистон дар он буд, ки бо супориши ӯ гурӯҳҳои корӣ бояд таҷрибаи беҳтарини ҷаҳонӣ дар самти конститутсионализмро ҳамаҷониба омӯхта, мавриди истифода қарор медоданд.

Ҷанбаи дуюм, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули мазмун ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол. Аъзои гурӯҳҳои кории таҳияи Конститутсия дар ёддошт хотирнишон кардаанд, ки Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Сардори давлат дар шаклгирии мазмун ва меъёрҳои усулии Конститутсия низ саҳми таърихӣ дошт. Зимни нишастҳои корӣ Эмомалӣ Раҳмон идея, арзиш, меъёр ва механизмҳоеро ироа мекард, ки бо дурандешона будани худ фарқ мекарданд. Масалан, матни моддаи якуми Конститутсия, ки мазмун ва моҳияти давлатдории миллии моро ифода мекунад, бевосита аз тарафи Эмомалӣ Раҳмон ба миён гузошта шудааст. Он меъёрҳои усулие, ки дар ин модда сабт шудаанд, ҳанӯз дар аввалин суханронии Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми интихоб ба ҳайси Роҳбари Тоҷикистон дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд садо дода буданд. Маҳз дар он лаҳзаи таърихӣ ӯ бо қатъият эълон кард, ки ҷонибдори давлати демократии дунявии ҳуқуқбунёд мебошад. Маҳз ҳамин идеяи Эмомалӣ Раҳмон аввалин хишти Конститутсияи навини Тоҷикистони соҳибистиқлол буд. Он батадриҷ такмил ёфта, ба меъёри муайянкунандаи давлатдории миллии муосири мо табдил ёфт.

Яке аз меъёрҳои бунёдии дигаре, ки дар раванди таҳияи Конститутсияи навини тоҷикон Эмомалӣ Раҳмон барои он таъкид ва пофишорӣ намуд, дар сатҳи конститутсионӣ ҳифз шудани моҳияти иҷтимоии давлат буд. Ин нукта низ мавқеи халқпарварона ва мардумдӯстона доштани Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро дар ин раванд нишон медиҳад.

Ҷанбаи сеюм, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар анҷоми ислоҳоти конститутсионӣ ва такмили низоми ҳуқуқии кишвар. Пас аз қабули Конститутсияи мукаммал бояд маҷмӯи қонунҳо пурра ислоҳ гашта, ба низоми ҳуқуқии давлати мустақили миллӣ табдил дода мешуд. Ин вазифаи моҳиятан мушкил ва кори ҳаҷман бузург буд, ки дар таърихи давлатҳои классикии мутамаддин маъмулан чанд даҳсола ва ҳатто садсоларо дар бар мегирад. Аммо таърих барои мо фурсати кӯтоҳ дод ва ин кор бояд дар муддати кӯтоҳ анҷом мешуд.

Ҳамин тавр, зери роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон дар Тоҷикистон дар заминаи Конститутсияи навини миллӣ ислоҳоти амиқи қонунгузорӣ сурат гирифт. Дар ин давраи кӯтоҳ дар заминаи он 16 қонуни конститутсионӣ, 21 кодекс, 14 қонуни авф, 18 қонуни буҷет, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 30 санади ҳуқуқии байналмилалии дуҷониба, 313 қонуни соҳавӣ ва зиёда аз 17 ҳазор қарори Ҳукумат қабул шудааст.  Дар ин миён 3 кодекс ва 61 санади меъёрии дигар вазифаҳои давравии худро иҷро карда, аз эътибор соқит дониста шудаанд. Ба ин восита модели давлати демократӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ, ки дар Конститутсия қабул шуда буд, дар низоми қонунгузории кишвар пурра татбиқ гашт.

Чун ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ имзои Роҳбари давлат гузошта мешавад, аз назари илми ҳуқуқшиносӣ ва техникаи қонунгузорӣ ӯ ба таври табиӣ тарҳрезандаи низоми ҳуқуқии кишвар ба ҳисоб меравад. Аммо таҷрибаи ин давра нишон медиҳад, ки таваҷҷуҳи Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаҳои ҳуқуқӣ аз дигар субъектони ташаббуси қонунгузорӣ камтар набуда, ӯ бо ташаббус, пешниҳод, эрод ва идеяҳои сершумор дар раванди такмили қонунгузорӣ саҳми бевосита гузошта, барои ҳимояи манфиатҳои мардум пофишорӣ ва истодагарӣ кардааст.

Ҳамин тавр, зери роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон як раванди бисёр муҳим ва мураккаби таърихӣ, яъне ислоҳоти амиқи конститутсионӣ ва миллишавии низоми ҳуқуқии кишвар пурра анҷом ёфт.

Ҷанбаи чорум, саҳми Эмомалӣ Раҳмон дар татбиқи амалии ҳадафҳо ва меъёрҳои Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол. Моҳияти ин самти фаъолияти Эмомалӣ Раҳмон дар он аст, ки ӯ дар таърихи давлатдории миллӣ на танҳо ташаббускори қабули  Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, балки ҳамчун татбиқкунандаи амалии ин санади таърихӣ шинохта мешавад. Таҷриба нишон медиҳад, ки гарчӣ қабули чунин Конститутсияи мукаммал кори осон набуд, аммо дар амал татбиқ кардани он вазифаи боз ҳам душвортар аст.

Дар ин ҷода дар рӯ ба рӯи Эмомалӣ Раҳмон чанд мушкили ҷиддӣ меистод. Аввалан, солҳои аввали татбиқи Конститутсия шароити мураккаби сиёсию низомӣ идома ёфта, дар кишвар низои дохилӣ давом дошт. Дар чунин шароит раванди татбиқи амалии сохтори давлати миллии тоҷикон бояд бо анҷоми музокироти бисёр печида барои дастёбӣ ба сулҳ ва ваҳдати миллӣ идома меёфт. Аз тарафи дигар, элитаи сиёсӣ ва идории кишвар, ки асосан дар шароити ҷомеаи шӯравӣ ташаккул ёфта буд, дар татбиқи меъёрҳои ҷомеаи демократӣ таҷрибаи амалӣ надошт. Бинобар ин, баъзан ташаббусҳои пешқадами Роҳбари давлат дар байни элитаи сиёсӣ бо мушкилот мувоҷеҳ мешуд. Душвории дигар он буд, ки кишварҳои дигар барои татбиқи амалии ин аслҳои давлати дунявии демократии ҳуқуқ­бунёд даҳсолаҳо ва садсолаҳоро сарф намуда буданд, аммо Тоҷикистон бояд ин марҳиларо дар фурсати кӯтоҳ мегузашт. Ҳамин тавр, дар чунин шароити печида, татбиқи меъёрҳои конститутсионӣ аз Эмомалӣ Раҳмон заҳмат, талош ва ҷасорати махсусро талаб мекард. Хушбахтона, Пешвои миллат аз уҳдаи ин вазифаи таърихӣ низ ба хубӣ баромад.

Дар маҷмӯъ, омӯзиши ҳамаҷонибаи мавзӯъ нишон медиҳад, ки Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мураккабтарин марҳилаи таърихӣ ҳаракати умумимардумии таҳия ва қабули Конститутсияи Тоҷикистони соҳиб­истиқлолро бевосита роҳбарӣ намуда, дар ташаккули мазмун ва меъёрҳои он саҳми бевосита гузошта, ислоҳоти сарнавиштсози конститутсиониро ҷасурона пеш бурда, бо фаъолияти пурсамари худ татбиқи амалии ин санади таърихиро таъмин намудааст. Табиист, ки бо чунин нақш ва хидмати таърихӣ ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар таърихи халқи тоҷик бисёр баланд ва номи ӯ дар саҳифаи давлатдории миллии мо барои ҳамеша пойдор аст.

 Ҷамшед МУРТАЗОҚУЛОВ,  вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор, доктори илмҳои ҳуқуқшиносӣ