Эмомалӣ РАҲМОН: «Забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад»

№124 (4544) 05.10.2022

133317_imageЗабони тоҷикӣ роҳи дарози таърихро бо шебу фароз ва печу гардишҳои зиёд тай намудааст. Он бо шевоӣ ва ширинӣ ҳазорсолаҳо забони давлатдорӣ, ҳуҷҷатнигорӣ ва хонаводагии сулолаҳо буд. Маҳз Истиқлолияти давлатӣ шукӯҳу шаҳомати қадимии забони тоҷикиро эҳё намуда, онро бар маснади давлатӣ нишонд. Тайи солҳои соҳиб­истиқлолӣ, воқеан, забони тоҷикӣ рушди бесобиқа намуда, мақоми иҷтимоӣ ва ҳуқуқиро дар ҷомеа пайдо кард, ҳамчун омили асосии ҳамбастагии миллатҳо ва халқиятҳои кишвар эътироф шуд ва дар арсаи байналмилалӣ мақоми хосаро касб кард.

 Таҳти сиёсати оқилонаву хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон забони тоҷикӣ бо пазириш ба мақоми давлатӣ ҳоло ба ҳайси забони сиёсат, қонунгузорӣ, илму маориф, фарҳанг, равобити дип­ломатӣ, тиҷорат ва дигар воситаҳои иртибот амал мекунад.

қонунгузорӣ ва ё эҷоди қонунҳо дар парламенти касбӣ тавассути забони давлатӣ амалӣ мегардад. Аммо, наметавон, пеш аз ҳама, аз нақши Пешвои миллат дар робита ба ин самт ва кӯшишҳояшон дар қабули санадҳои муҳими сарнавиштсоз доир ба забони давлатӣ хотиррасон нашуд.

Қобили ёдоварист, ки 22-юми июли соли 1989 Иҷлосияи даҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикис­тон «Қонуни забон» — ро қабул кард, аммо он аз нуқсонҳои сиёсие иборат буд, ки масъа­лаҳои бисёр муҳими нигоҳдорӣ ва ҳифзи забони тоҷикӣ ва риояи меъёрҳо, ки барои инкишоф ва рушду нумӯи забон бояд такони ҷиддӣ мебахшид, сарфи назар шуданд. Ҳамчунин, ҷиҳати иҷрои муқаррароти қонун фишанги сиёсие дар ҳамон давр вуҷуд надошт ва танҳо ба хотири ором намудани мардуми шӯрида, ки барои истиқлолияти забон сар бардоштанд, қабул гардид.

Пешвои миллат дар ин маврид таъкид мекунанд: «Ҳамчунон ки мо дар соҳаҳои дигари ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ ва иқтисодӣ гирифтори мушкилот будем, дар арсаи забон низ душворӣ ва вазифаҳои мо камтар аз он набуданд».

Албатта, ба маҷрои муайян даровардан ва муҳайё намудани шароити мусоид барои рушди забони давлатӣ дар ҳамон вазъияти мушкили сиёсӣ кори басо душвор буд, ки инро на ҳама ҳис мекарданд ва на ҳама медонис­танд. Чунон ки маълум аст, бо ба даст омадани истиқлолияти забон «забондӯстон»-и зиёд ба майдони забони тоҷикӣ ворид гардида, дар майдони «истилоҳофариниву калимасозӣ» аспи қудрат меронданд. Маҳз дар ҳамон давра калимаҳои зиёди нофаҳмои забонҳои бегона ба забони тоҷикӣ ворид гардиданд, ки то ҳол забони шевою ширини тоҷикиро ранҷу озор медиҳанд.

Ба монеаҳои сунъӣ нигоҳ накарда, бо пешниҳоди Роҳбари давлат Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қарор аз 4-уми ноябри соли 1995 таҳти №142 «Доир ба тамдиди «Тадбирҳо оид ба иҷрои Қонуни забони ҷумҳурӣ» қабул кард, ки тибқи он, муддати давраи гузариш дар татбиқи Қонуни забон то соли 1999 муайян шуд.

Бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 октябри соли 1997 тасдиқ гардидани «Барномаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тавсеа ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», 3 сентябри соли 1998 қабул гардидани таҳрири нави имлои забони тоҷикӣ, ки амалӣ гардида истодаанд, бешубҳа, ба таҳкими мавқеи забони давлатӣ ва забонҳои дигари кишвар мусоидат мекунанд.

Ҳамин тавр дар ибтидои асри ХХI бо ташаббуси Пешвои миллат забони тоҷикӣ ба марҳилаи нави рушду инкишоф ва гус­таришу такомули бемайлон дар ҷаҳони мутамаддин, ки пайваста бо навгониҳои технологияи иттилоотӣ ва вусъати босуръати техника рӯ ба рӯ мегардад, ворид гардид. Бамаврид аст, ки гуфтаҳои Пешвои миллатро дар робита ба ин масъала ёдовар шавем: «Дар ин марҳалаи на чандон тӯлонӣ мақом ва эътибори забони тоҷикӣ ба андозае боло рафт, ки дар давоми чандин даҳсолаи асри ХХ ба ин андоза инкишоф наёфта буд. Дар давраи Истиқлолияти ҷумҳурӣ ягон даст­оварди илму фарҳанг, раванд­ҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маънавии халқи тоҷикро бе иштироки забони давлатӣ тасаввур кардан мумкин нест. Гуфтори тоҷикӣ дар ҳама маҷлису маъракаҳо эътибору эҳтиром пайдо кард, рушди забон дар маҷмӯъ, ба рушди маънавиёти ҷомеа мусоидат намуд. Истилоҳу қолабҳои нави забон, ки як вақтҳо боиси талошҳои тӯлонӣ буданд, тавре ба муошират ва муросилоти хаттӣ ворид гардиданд, ки ҳамаи онҳо ба ҳусни баён, фасоҳату балоғати забон вусъат бахшиданд».

Эҳтирому арҷгузорӣ ба забони куҳанбунёди тоҷикӣ муқаддимаи марҳилаи дигаре буд, ки забони давлатӣ ба он ворид гардид ва ин консепсия дар баромаду суханрониҳо ва номаҳои табрикотии Пешвои миллат садо медиҳанд.

Пас аз касби Истиқлолияти давлатӣ бо ин забон санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, созишномаҳо ва қарордодҳои муҳим таҳия ва тарҷума мегарданд. Президенти маҳбуби кишвар аз минбарҳои бузургу муътабари ҷаҳонӣ ба забони тоҷикӣ сухан мегӯянд. Сарвари давлат забонро «нишонаи асосӣ ва муайянкунандаи асолату ҳувияти миллат» номида, таъкид намудаанд, ки «забони мо баёнгари сарнавишти мо, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост». Дар баробари ин, ифтихори мо аз забони модарӣ бояд яке аз нишонаҳои фарҳангу маънавиёти баланди мо бошад, зеро мегӯяд Пешвои миллат: «Забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин наслҳои нажоди ӯ об хӯрда, мояи ифтихору худшиносии наслҳои баъдина мегардад. Масалан, ба забони тоҷикӣ, ки забони расмии давлати мо мебошад, илму адабиёти хаттие мавҷуд аст, ки таърихи дуҳазорсола дорад. Ифтихори забон, аз донис­тани забони адабӣ оғоз мегардад».

Ду масъалаи зикршуда, яке, эҳтиром ба забони миллӣ ва давлатӣ ва дигаре, ифтихор аз забони тоҷикӣ масъалаҳои муҳим буданд, ки дар даҳсолаи аввали асри ХХI Пешвои миллат батакрор аз онҳо шаҳрвандони кишвар ва соҳибзабононро ҳушдор медоданд. Ҷиҳати боз ҳам мустаҳкамтар намудани ҳисси ифтихор ва посдорӣ аз забони миллӣ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳаждаҳумин солгарди Рӯзи забон 21-уми июли соли 2007 суханронӣ намуда, соли 2008 — умро «Соли забони тоҷикӣ» эълон намуданд.

 Дар самти дурнамои инкишофи забони давлатӣ Пешвои миллат зарурати бозбинии Қонуни забонро, ки дар даврони Иттиҳоди Шӯравӣ дар асоси ғояҳои сиёсӣ ва андешаҳои ҳамон замон таҳия шуд, ба миён оварданд: «Илова бар ин, қабули ҳар чӣ зудтари қонуни нав дар бораи забон, ки аз ҷониби Ҳукумат таҳия шуда, ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод гардидааст, зарур мебошад, зеро дар фосилаи бист соле, ки гузашт, талаботи замон дигар шуд. Имрӯз забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсат, қонунгузорӣ, коргузорӣ, муоширати байни сокинони кишвар, забони илму фарҳанг ва воситаҳои ахбори омма дар истифодаи васеъ қарор дорад», — таъкид доштанд Сарвари давлат.

Бо ҷаҳду талош ва ташаб­буси бевоситаи Президенти кишвар, Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон бо ҳуқуқ аз ташаббуси қонунгузорӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданд, ки он 1 октябри соли 2009 таҳти №1395 қабул шуд ва 3 октябри соли 2009 аз ҷониби Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардида, 5 октябри соли 2009 таҳти №553 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба имзо расид.

Бо мақсади татбиқи ҳамаҷонибаи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» бо дастгирии Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон барои солҳои 2012 — 2016»-ро қабул намуд. Баъд аз анҷоми он ҷиҳати тақвият бахшидан ва идома додани ин анъана бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 28 ноябри соли 2020 таҳти №647 «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020 — 2030» тасдиқ гардид.

Барномаҳо, албатта, таҳкимбахши рушди забони давлатӣ буда, барои пойдориву устуворӣ ва бақои забони давлатӣ омили муҳиманд.

Як нуктаи муҳимро мебояд зикр кард, ки Пешвои миллат доир ба бақои миллат ва ҳастии он сухан ронда, забони миллиро ба симо ва пайкари миллат ташбеҳ медиҳанд: «Ба ин далел метавон гуфт, ки забони миллӣ симо ва пайкари миллати мо мебошад. Аз ин рӯ, ин симо бояд зебо ва ин пайкар тавоно бошад. Гузашта аз ин, умри миллат ба умри забон вобаста аст, яъне, бақои забон бақои миллат аст. Забон нишонаи муҳимтарини миллат ва пайвандгари наслҳост. Бузургии миллатро, пеш аз ҳама, аз он эҳсос кардан мумкин аст, ки афроди он забони миллии худро то чӣ андоза ҳифзу эҳтиром менамоянд. Ҳар як фарди бонангу номус ва ватандӯсту ватанпарвар ва ҳар шахсе, ки забони тоҷикиро ҳамчун забони модарии худ дӯст медорад, бояд ин нуктаро бо тамоми ҳастияш дарк карда, аз рӯи он амал намояд».

Дар такя ба суханони арзишманду волои Пешвои миллат мақоми олии қонунгузори кишвар — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони фарогири корӣ ва муошират, яъне, ба забони давлатӣ, ки ҷавобгӯи ҳама ниёзи даврони истиқлолият ва давлати мустақил мебошад, бар асоси принсипҳои сиёсати давлатӣ доир ба ҳифзи арзишҳои миллӣ дар фаъолияти мақомоти қонунбарор амал намуда, вакилони Маҷлиси намояндагон бо масъулият бар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ва меъёрҳои илмию қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар таҳияи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикис­тон саҳмгузор мебошанд.

Тибқи моддаи 6 — уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд».

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, бевосита санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ — қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва қарорҳоро қабул намуда, аз тариқи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод ва таклифро амалӣ менамояд. Доир ба риояи ҳатмии меъёрҳои забони давлатӣ дар қонунэҷодкунӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 апрели соли 2005 баён намуда буданд: ­«Масъалаи дигаре, ки ҳангоми қонунэҷодкунӣ ба мушоҳида мерасад ва ҳалли ҷиддиро тақозо мекунад, таҳия ва пешниҳоди лоиҳаи қонунҳо ба забони давлатӣ, истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ, таъмини низоми мантиқии меъёрҳои қонун мебошад, ки дар маҷмӯъ сифати қонунҳоро муайян мекунанд. Аз ин рӯ, ба тамоми субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ зарур аст, ки ба ин масъала таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд».

Аз ин рӯ, чӣ дар қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва чӣ дар пешниҳоду таклифҳо чор масъалаи муҳими забонӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор мегирад:

1) риояи меъёрҳои забони адабӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ;

2) истифодаи дурусти истилоҳот дар қонунҳо;

3) риояи услуби баёни матни қонунҳо;

4) риояи аломатҳои китобат.

Риояи меъёрҳои забони адабӣ ва қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ бар пояи қисми 6 — уми моддаи 3-юми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ мегардад. Ҳамчунин, риояи қоидаҳои имлои забони тоҷикиро Пешвои миллат бо овардани далоили илмӣ ва амалӣ дар бахши густариши забони давлатӣ ва танзими истилоҳоти илмӣ дар риштаҳои гуногун ҳамеша дар суханрониҳояшон таъкид мекунанд: «Яке аз масоили муҳим дар ташаккули забони адабӣ ва ё забони меъёр танзими қоидаҳои имло бар пояи меъёрҳои илмӣ ва таърихӣ ба шумор меравад».

Дар мисоли санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки дар Парлумони кишвар қабул мегарданд, талаботи зикршуда пурра риоя гардида, мушкил дар ин самт вуҷуд надорад. Ҳамин тавр, истифодаи дурусти истилоҳот, риояи услуби баён дар матни қонунҳо ва аломатҳои китобат ҳамеша мавриди таваҷҷуҳи махсуси роҳбарияти Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд. Агар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар 30 соли даврони Истиқлолияти давлатӣ, ки аз ҷониби Шӯрои Олӣ ва минбаъд Маҷлиси Олии кишвар қабул гардидаанд (дар маҷмӯъ, зиёда аз 400 санади меъёрии ҳуқуқӣ), аз ҷиҳати забонӣ мавриди таҳлил қарор диҳем, вобаста ба қабули ҳуҷҷатҳои расмӣ доир ба забони давлатӣ марҳила ба марҳила имло ва ҳусни баёни матни санадҳои меъёрӣ низ суфта гардидаанд.

Тазаккур бояд дод, ки дар техникаи қонунгузорӣ мафҳуми «забони қонун» мавҷуд аст. Зери мафҳуми «забони қонун (ё забони санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ)» — маҷмӯи воситаҳои лексикӣ, синтаксисӣ ва услубӣ фаҳмида мешавад, ки дар асоси он матни қонун ё санади меъёрии ҳуқуқӣ навишта мешавад. Забони қонун забони адабӣ, яъне, забони меъёрӣ буда, ҷавобгӯи қоидаҳои имлоӣ, китобатӣ ва грамматикӣ, ки меъёри забонӣ номида мешаванд, мебошад.

Зикр бояд кард, ки дар парлумони касбӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ вобаста ба меъёрҳои асосии забони қонун навишта мешаванд. Хусусиятҳои зерини забони қонун ҳангоми таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар парлумон пурра ба назар гирифта мешаванд:

- истифодаи калимаю ибораҳо ба маънои аслӣ, дақиқ ва мустақими онҳо:

- ҳаргиз корбаст нанамудани калимаҳо бо маъноҳои маҷозӣ ва ибораҳои рехтаву устувор дар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- дар матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ истифода намудани танҳо калимаҳои забони адабӣ;

- истифода накардани калимаҳои шевагӣ, жаргонҳо ва аргоҳо дар матнҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- истифода кардани истилоҳот вобаста ба соҳаҳои гуногун дар қонунҳои соҳавӣ;

- риоя намудани ягонагии истилоҳоти умумӣ дар тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;

- баён намудани матнҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо услуби сода, возеҳ, муъҷаз ва оммафаҳм;

- корбасти ҷумлаҳои бешахс;

- истифода накардани ҷонишинҳои шахси якум ва дуюм;

- истифода накардани мухотаб;

- истифода аз калимаҳои модалӣ;

- дар феълҳо истифода аз замони ҳозира;

- истифода аз хабарҳои таркибии номӣ ва феълӣ;

- риояи қоидаҳои имло ва аломатҳои китобатӣ дар матни санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ.

Таъкид ба ёдоварист, ки дар баробари он ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» амал мекунад, инчунин, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки таи солҳои гуногун аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон қабул шудаанд, низ мавҷуданд, ки истифодаи забони давлатиро дар соҳаҳои гуногун тақозо доранд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» масъалаҳои муҳими марбут ба забони давлатиро дар таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳатмӣ мешуморад.

Ҳамчунин, ҳангоми ба кор қабул ё таъин намудани хизматчиёни давлатӣ ё ҳарбӣ, инчунин, мақомоти судӣ дар қонунҳои конс­титутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи судяҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизмати давлатӣ», «Дар бораи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Дар бораи амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» донистани забони давлатӣ ворид карда шудааст.

Ҳамин тавр, метавон гуфт, ки забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон забони тоҷикӣ, ҳамчун забони қонун, забони дипломатия ва забони сиёсат дар сатҳи мақомоти олии кишвар қарор дошта, ҷиҳати рушду инкишоф ва поку беолоиш нигоҳ доштани он пайваста кӯшиш ба харҷ дода мешавад.

МАТРОБИЁН Саодатшо Қосимзода,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои филологӣ, дотсент