21 феврал - Рӯзи байналмилалии забони модарӣ

Эҳтиром ба забон арҷгузорӣ ба модар аст

№21 (4283) 16.02.2021

кпЗабон муҳимтарин воситаи алоқаи байни одамон аст. Ҷомеа ва забон баробар пайдо шуда, ташаккул ёфтаанд ва зуҳури ҳар ду ҳам бо меҳнат алоқамандӣ дорад. Маҳз дар натиҷаи рӯ ба меҳнат овардан инсоният ба пешравиҳо ноил гашт. Метавон гуфт, ки баробари дигар омилҳо, меҳнати ҳалолу бунёдкорона ба рушди забон мусоидат хоҳад кард.

Забони тоҷикӣ аз забонҳои бою шево ва ширину гуворо буда, миёни дигар забонҳо мақоми шоиста дорад.

Таърихи пайдоиш ва таҳаввулу такомули забони тоҷикиро муаррих ва донишманди гаронмоя Бобоҷон Ғафуров ба риштаи таҳқиқ кашида, аз ҷумла, нигоштааст: «Забони имрӯзаи тоҷикӣ аз забонҳои ғарбӣ — эронӣ мебошад. Ба ақидаи забоншиносон, асоси он лаҳҷаи ҷанубу ғарбии форс аст, ки он баъдтар ба тарафи шимол ва шимолу шарқ паҳн шуда, бисёр унсурҳои забонҳои гурӯҳи шимолу ғарбӣ, аз ҷумла, унсурҳои забони портиро, ҳазм менамояд. Навиштаҷоти форсӣ (аниқтараш форсии миёна)-и асрҳои VII — VIII, ки дар қарибии Марв ёфт шуд, далолат мекунад, ки дар ин давра дар он ҷойҳо бо забони форсӣ (тоҷикӣ, ки онро забони форсӣ-дарӣ ё забони форсӣ ҳам номидаанд), ҳарф мезаданд». Ӯ ҷои дигар менависад: «Вазъияти сиёсии Осиёи Миёна ҳанӯз дар ибтидои асри IX барои тараққии адабиёти нави китобии тоҷик, ки бар асоси эҷодиёти даҳанакии халқ қарор гирифта буд, шароити мусоид фароҳам овард, вале ин шароит самараҳои худро дар вақти Сомониён бахшид».

Муҳаққиқи араб Муҳаммади Истеъломӣ гуфтааст: «Дар замони хонадони Сомониён шеъри дарӣ ҷон гирифт, шодобтару устувортар гардид». Поягузори шеъри тоҷикӣ устод Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ ба забони тоҷикӣ мақому шукӯҳу ҷалоли тоза бахшид. Маҳз содагиву равонии забони Рӯдакӣ боис шуд, ки ашъори кабир чун насими анбарафшони баҳорӣ рӯҳнавоз ва чун садои раъду барқ танинандоз гардад:

Ин ҷаҳонро нигар ба чашми хирад,

Не бад-он чашм, к-андар ӯ нигарӣ,

Ҳамчу дарёст в-аз накӯкорӣ,

Киштие соз, то бад-он гузарӣ.

          Ё

Чун теғ ба даст орӣ, мардум натавон кушт,

Наздики Худованд бадӣ нест фаромӯш-т,

Ин теғ на аз баҳри ситамгорон карданд,

Ангур на аз баҳри набиз аст ба чархушт.

Адиб ва муҳаққиқи барҷаста Саид Нафисӣ навиштааст: «Амсол дар ҳар забон ба манзалаи намак дар таом аст. Шоире, ки амсоли забони хешро накутар донад, дар дилҳои мардуми диёри хеш бештар роҳ ёбад. Рӯдакиро дар донистани амсоли забони порсӣ мақомест, ки камтар шуаро бад-он расидаанд, дар ин шумораи қалил ашъоре, ки аз ӯ мондааст, иддаи касир ва амсоли забони порсиро метавон ёфт».

Устод С. Айнӣ гуфтааст: «Шеърҳои Рӯдакӣ бисёр сода ва табиист ва бар болои ин бисёр лаззатбахш ва ҳаяҷоновар аст. Аз суханҳои форсӣ — тоҷикӣ бештар содатар ва оммафаҳмтаринашро чида гирифта, ба кор мебарад».

Ин ҳунари волои шоир тӯли садсолаҳо барои аҳли суханварон чун мактаби сабақомӯзиву пайравӣ, маҳорату суханварӣ хидмат мекунад. Устод Мирзо Турсунзода нигоштааст:

Кошки табъи равон медоштам,

Рӯдакиқудрат забон медоштам,

Менавиштам акси дилҷӯи туро,

Ҷилваҳову чашму абрӯи туро.

Аз осори донишмандону муҳаққиқони араб, чун Ал-Ҷаҳшиёрӣ, Ал — Муқаффаъ ва Мақдисӣ низ бармеояд, ки дар нимаи аввали асри VIII дар Балх забони тоҷикӣ паҳн шуда будааст. Ба қавли Наршахӣ, асри X дар аксар масҷидҳои Бухоро ҳатто китоби муқаддаси «Қуръон»-ро ба забони форсӣ қироат мекарданд.

Ин буд, ки тӯли садсолаҳо забони мо дар яке аз ҳавзаҳои бузурги таърихӣ, аз баҳри Миёназамин то марзҳои Чину Ҳинд забони муоширати байни қавму халқҳои гуногун маҳсуб шуда, дар рушди фарҳангу тамаддун нақши бориз дошт.

Аввалин Қонуни забон дар ҷумҳурӣ 22 июли соли 1989 қабул гардида, то моҳи октябри соли 2009 мавриди амал буд. Тайи ин солҳо пешравиҳои назаррас, воқеаҳои муҳими фарҳангиву сиёсӣ дар ҳаёти кишвар ба вуқӯъ пайвастанд, ки зарурати қабули қонуни нави забон ба миён омад. Биноан, 5 октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» ба тасвиб расид. Баъд аз тағйирот ворид намудани вакилон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи рӯзҳои ид» ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон 5 – уми октябр Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шуд.

Қонуни зикршуда рушди забони давлатиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин намуда, ба инкишофи дигар забонҳо имконият фароҳам меоварад.

Ғамхорӣ ва ҳифзу бузургдошти он вазифаи муқаддаси ҳар фарди соҳибдилу соҳибфазл аст. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти ҶумҳурииТоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд карданд: «Забон дар ҳамаи давру замонҳо яке аз сарчашмаи асосии истиқлолияти миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад. Ташаккули пайвастаи он дар мақоми забони давлатӣ муҳимтарин рамзи Истиқлолияти давлативу сиёсии мо ба ҳисоб меравад».

Ҳукумати кишвар бо мақсади татбиқи қонуни мавриди назар тадбирҳои зарурӣ андешида, барои рушди ҳамаҷонибаи он мусоидат менамояд. Баргузории озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикис­тон-Ватани азизи ман» ва ғайра гувоҳи гуфтаҳои болоянд. Бузургон барҳақ фармудаанд:

Рӯй овар бар китобу дониш аз он саҳл гир,

То ба дониш гардӣ машҳури ҷаҳону дилпазир.

Дар давраи ҳассоси ҷаҳонишавӣ ва рушди босуръати техника ва технологияи навин бояд забони модариро ҳифз карда, мақоми онро боз ҳам баланд бардорем. Фаромӯш набояд кард, ки умри миллат ба умри забон вобаста аст. Ба қавли устод Бозор Собир:

Дар ҳаду сарҳадшиносии ҷаҳон,

Сарҳади тоҷик забони тоҷик аст.

То забон дорад, ватандор аст ӯ,

То ватандор аст, бисёр аст ӯ.

Забони мо баёнгари сарнавишт ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллатамон аст. Забони модарӣ, давлати миллӣ, ваҳдату истиқлолият барои мо муқаддасанд. Эҳтирому арҷгузорӣ ба забон, пеш аз ҳама, эҳтиром ба модари азиз аст:

Забони модариро пос дорем,

Ки аз модар варо мерос дорем.

Файзулло НАҶМИДДИНИЁН,
вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон