Эҳтироми парчам арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу давлатист

№147 (4567) 25.11.2022

DSC_9652Бисту чоруми ноябри соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Парчами давлатӣ чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Маҳмад­тоир Зокирзода гуфт, ки Парчами давлатӣ таҷассумгари асосҳои таърихиву мероси арзишманди миллӣ, ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормони халқи тоҷик ба ҳисоб рафта, рангу аломатҳои он ифодагари воқеияти роҳи таърихии халқи мост.

- Парчами давлатӣ барои ҳар халқу миллат муқаддас аст, зеро дар назди он аз Президенти мамлакат то сарбози одӣ савганди садоқату вафодорӣ ёд мекунанд. Арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ, аз ҷумла парчам, арҷ гузоштан ба тамоми арзишҳои дирӯзу имрӯз ва фардои миллат аст.

Ин ҷашн эҳтиром ба рӯҳи қаҳрамонони миллат, онҳое, ки дар тӯли таърих ҷоннисориҳо карда, забон, фарҳанг ва ҳаққи давлатдории ин миллати куҳанбунёдро эмин ва пос доштаанд, яъне Коваи оҳангару Куруши Кабир, Шераку Деваштич, Исмоили Сомониву Темурмалик, Рӯдакиву Фирдавсӣ ва ҳазорон абармардони гузаштаи мост, — зикр кард Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Қодири Қосим  аз таърихи парчамдории халқи тоҷик ёдоварӣ карда гуфт, ки онро чор ҳазор сол пеш барои муттаҳид кардани мардум барои ба даст овардани ҳадафҳои ягона, ба мисли озодӣ, ободӣ, истиқлолият ва ғайра истифода мекарданд.

Номбурда инчунин иброз дошт: «Парчами давлатӣ дар шароите тасдиқ гардид, ки Тоҷикис­тони соҳибихтиёри мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ нахустин қадамҳои худро мегузошт. Душманони дохиливу берунӣ бо ҳар роҳу восита оромиро дар кишвар халалдор мекарданд. Дар он шароит Парчами давлатии ҷумҳурии соҳиб­истиқлол бо ҷаҳду талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон қабул гашт, ки аз рангҳои сурх, сафед, сабз ва тоҷу ҳафт ситора иборат буда, ҳар кадом рамзи хос дорад.

Аз соли 2009-ум инҷониб 24-уми ноябр дар ҷумҳуриамон Рӯзи парчами давлатӣ сазовор таҷлил мегардад. Мардуми Тоҷикис­тон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери Парчами давлатӣ ба ҳам омада, ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ хотима бахшиданд, ба кишвар сулҳу оромӣ ва ба сокинони мамлакат осоишро фароҳам оварданд. Алҳол Парчами давлатии мо дар қатори парчами дигар кишварҳо дар созмонҳои баландпояи ҷаҳонӣ барафрохта шудааст, ки мояи ифтихору рӯҳбаландӣ ва эҳтироми ҳамаи ҳамватанонамон мебошад», — хулоса кард номбурда.

Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Маҳмадалӣ Қурбонзода аз рафти қабули Парчами давлатӣ ёдовар шуда, онро яке аз дастовардҳои Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон арзёбӣ кард. Бино ба гуфти ӯ, маҳз дар раванди баргузории иҷлосияи мазкур, 24-уми ноябри соли 1992 таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатори дигар иқдомҳо масъала «Дар бораи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон» низ баррасӣ гардид.

Воқеан, нақши вакилони иҷлосияро дар баррасии ин масъалаи муҳим ва қабули қарорҳои дахлдор дар ин самт, махсус қайд кардан зарур аст.

- Ҳамин тавр, 24-уми ноябри соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон расман соҳиби аввалин рамзи давлатӣ — Парчами давлатӣ гардид, ки дар асоси муқаррароти моддаи 3-юми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Парчам дар баробари Нишон ва Суруди Миллӣ яке аз рамзҳои давлатӣ эътироф шуд.

Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатӣ» омадааст, ки эҳтироми Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ ифтихори миллии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Парчами давлатӣ таҷассумгари асосҳои давлат ва нишони давлатдории гузаштаи тоҷикон, инчунин ифодакунандаи мақсаду маром ва орзуву ормонҳои тамоми мардуми Тоҷикис­тон мебошад, — зикр кард номбурда.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Парвина Маликзод изҳор дошт, ки парчам рукни муқаддасот ва рамзи давлатдории ҳар як халқу миллат буда, ифодагари соҳибистиқлолӣ ва давлату давлатдории миллатҳост.

Бостоншиносони фаронсавӣ ва эронӣ аз харобаҳои Тахти Ҷамшед акси парчами замони Ҳахоманишиҳоро пайдо карданд, ки аз ранги сурх иборат буда, дар маркази он акси уқоби болкушода тасвир ёфтааст. Тибқи маълумоти китоби «Авесто», ҳар як ранг ифодагари касбу кори гурӯҳҳои алоҳидаи иҷтимоии ҷомеа буд. Масалан, ранги сурх рамзи ҳокимону ҳарбиён, ранги сафед рамзи аҳли илму дониш ва ранги сабз рамзи барзгарон ба ҳисоб мерафт. Тасвири уқоб рамзи соҳибдавлатӣ ва нерумандӣ ҳисобида мешуд. Бо ин шаклу намуд давлатҳои Ашкониён, Юнону Бохтар, Кӯшониён, Ҳайтолиён ва Сосониён низ соҳиби парчам буданд, аммо он парчамҳо бо баъзе ҷузъиёташон аз ҳамдигар фарқ мекарданд.

- Дар давраи шӯравӣ халқи тоҷик 7 маротиба Парчами давлатиро иваз кардааст. Баъд аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатҳои нави соҳибистиқлол пайдо шуданд. Табиист, ки ҳамаи онҳо соҳиби парчами миллӣ гаштанд, — гуфт дар фарҷом Парвина Маликзод.

Узви Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои аграрӣ, захираҳои об ва замин Файзулло Қосимӣ аз нахустин таҷрибаи парчамдории тоҷикон ёдовар шуд. Ӯ гуфт, ки нахустин парчами миллии мо пешдомани чармини Коваи оҳангар буд, ки онро ба нӯги найза баста, ҳамроҳи мардуми адолатхоҳ бар зидди Заҳҳоки морон бархост.

Ин парчами адолатхоҳӣ, ки рамзи раҳоӣ аз зулму истибдоди душман буд, бо номи «Дирафши ковиён» машҳур гардид. Шоҳони минбаъдаи ориёӣ, ки ба сари тахт меомаданд, ба «Дирафши ковиён» арҷгузорӣ намуда, онро ҳамчун рамзи муборизаи некӣ бар бадӣ, ғолиб омадани равшанӣ бар зулмот эътироф намуданд.

«Дирафши ковиён» дар Ливои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфта, баёнгари роҳи минбаъдаи халқи тоҷик баҳри зиндагиии арзанда ба шумор меравад.

- Парчами давлатӣ миллати моро дар тамоми олам муаррифӣ намуда, дар шинохти Тоҷикистон нақши калон ­гузошт. Он мардуми моро ба муттаҳидӣ, хештаншиносӣ, ноил гаштан ба ҳадафҳои стратегӣ даъват намуда, барои комёб шудан дар мусобиқаҳои сатҳи ҷаҳонӣ ба варзишгарон неру мебахшад.

Муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Гулбаҳор Ашӯрзода таъкид кард, ки арҷгузорӣ ба Парчами давлатӣ қарзи виҷдонии ҳар соҳибватан аст.

- Воқеан, Парчами давлатӣ ҳамчун нишони азму иродаи устувори мардум барои ободии кишвари зебоманзарамон ҳаммароми «Дирафши ковиён»-и аҷдоди ориётаборамон бо тобиши се ранг — сурх — озодиву истиқлол, сафед — сулҳу оромӣ, сабз — ободиву хуррамӣ ва дар байни он рамзи тоҷи заррини соҳибдавлатӣ бо ҳафт ситораи дурахшон бори дигар аз мавҷудияти тамаддуну фарҳанги бостонии тоҷикон, пайкори созандагиву асолати миллӣ, давлату давлатдории мустақил ва ормонҳои ватанхоҳиву қаҳрамониҳои родмардони сарзаминамон башорат медиҳад.

Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамқадами соҳибистиқлолии Ватанамон буда, дар баробари Конститутсия, Нишон, Суруди Миллӣ ва пули миллӣ, аз ҷумлаи рамзҳо ва муқаддасоти давлатӣ мебошад. Дар он даъват ба муттаҳидӣ, ваҳдат, ғайрату номус, ватандӯстиву ватанпарастӣ, ҳимояи марзу бум ва саъю талош барои бунё­ди ҷо­меаи адолатпарвар таҷассум гардидааст,- хулоса кард Гулбаҳор Ашӯрзода.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»