Муҳокимаи парламентӣ

Эътирози прокурорӣ ба 1331 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо дар соли 2021

№27 (4447) 01.03.2022

WhatsApp Image 2022-02-25 at 17.41.30Бисту панҷуми феврали соли равон таҳти раёсати раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода дар мавзӯи «Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» муҳокимаи парламентӣ баргузор шуд. Дар он вакилони Маҷлиси намояндагон, масъулини Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқшиносону коршиносони соҳа ва намояндагони воситаҳои ахбори омма ширкат варзиданд.

Файзалӣ Идизода зикр кард, ки парламенти доимоамалкунандаи касбӣ дар таърихи навини давлатдории тоҷик яке аз шохаҳои муҳими ҳокимияти давлатӣ ба ҳисоб  рафта, дар рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ ва сиёсию фарҳангии кишвар туфайли қабули қонунҳо ва дигар  санадҳои меъёрии ҳуқуқии ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир саҳми бориз дорад. Дар ин бора Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 чунин иброз доштанд: «Бо пешрафти ҷомеа муносибатҳои ҷамъиятӣ пайваста тағйир ёфта, дар ин замина ба муносибатҳои нав мутобиқ гардонидани қонунҳо шарти асосии таъмин намудани рушди устувори сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии кишвар мебошад.

Баланд бардоштани сатҳу сифати қонунҳо, такмили механизми иҷрои онҳо, ба талаботи ҷомеа ва шаҳрвандон ҷавобгӯ будани меъёрҳои қонунҳои амалкунанда, ҳамкории доимӣ ва ҳамаҷонибаи шохаҳои ҳокимияти давлатиро тақозо менамояд.

Дар баробари таҳияву қабули қонунҳо риоя ва иҷрои қатъии онҳо низ муҳим мебошад, зеро риоя нагардидани талаботи қонун боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон, манфиатҳои давлату ҷомеа, ташкилоту муассисаҳо, қонунияту адолат, афзоиши ҷинояткорӣ ва бенизомӣ мегардад».

- Барои амалӣ намудани ин таъкиди Сарвари давлат Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ масъаларо «Оид ба рафти иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба муҳокимаи парламентӣ дар нақшаи кории Маҷлиси намояндагон дар соли 2022 ҳамроҳ намуд, — гуфт Файзалӣ Идизода.

Сипас, узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сох­тори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Ғайрат Азиззода оид ба рафти иҷрои қонуни зикршуда гузориш дода, иброз намуд, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» 17 майи соли 2004 қабул гардида, тартиби ташкил, ваколат ва фаъо­лияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро танзим мекунад.

Ба риоя ва иҷрои дурусти он таъмини тараққиёти иҷтимоӣ ва иқтисодии маҳал, аз ҷумла буҷет, молия, идораи амволи давлатӣ, истифодаи оқилона ва самараноки замин ва дигар захираҳои табиӣ, кишоварзӣ, муҳофизати табиат, сохтмон, фарҳанг, ҳифзи иҷтимоӣ, умуман соҳаи хоҷагии халқ дар маҳалҳо вобастагӣ дорад.

Зикр гардид, ки барои аксар давлатҳо заминаи асосии таъмини рушди устувор равнақ додани минтақаҳои он ба ҳисоб меравад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати равнақ додани минтақаҳо дар сатҳи Давлату Ҳукумат тадбирҳои лозимию мушаххас андешида мешаванд ва барои амалӣ намудани тадбирҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор қабул гардидаанд, ки муносибатҳоро танзим менамоянд. Аз ҷумла, амалишавии барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ба танзим медарорад. Дар моддаи 24-уми он дарҷ гардидааст, ки манбаъҳои иқтисодии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатиро замин, сарватҳои зеризаминӣ, об, ҷангал, олами набототу ҳайвонот ва дигар боигариҳои табиӣ, ки дар воҳидҳои маъмурию ҳудудии дахлдор воқеанд, ҳамчунин, моликияти коммуналӣ ва дигар шаклҳои моликият низ, ки сарчашмаи даромади мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва қонеъ гардонидани талаботи иҷтимоию иқтисодии аҳолии воҳид­ҳои маъмурию ҳудудии дахлдор мебошанд, ташкил медиҳанд.

- Тибқи талаботи моддаи 20 қонуни конститутсионии мазкур ҷиҳати банақшагирӣ, истифодабарӣ ва рушди манбаъҳои иқтисодии фаъолияти мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, раиси ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳияҳо барномаҳои тараққиёти иҷтимоию иқтисодии минтақа ва  барномаҳои мақсадноки минтақавиро барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқ пешниҳод менамояд ва оид ба иҷрои онҳо дар иҷлосия ҳисобот медиҳад. Ба ғайр аз ин, дар моддаи 8 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» қайд карда мешавад, ки Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва шаҳру ноҳияҳо роҳҳои инкишофи иқтисодию иҷтимоии маҳалро муайян намуда, барномаҳои рушди иқтисодӣ — иҷтимоии минтақаи дахлдорро тасдиқ ва иҷрои онҳоро назорат мекунад. Яъне, аз муқаррароти моддаи 20 бармеояд, ки таҳия ва таҳлили асоснокии барномаҳои рушди иқтисодиву иҷтимоӣ салоҳияти раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба ҳисоб рафта, ин барномаҳо аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи мақомоти номбаршуда тасдиқ мегарданд, — гуфт Ғайрат Азиззода.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи рушди маҳали назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии шаҳру ноҳияҳои Ёвон, Хуҷанд, Б. Ғафуров, Зафаробод, Истиқлол, Спитамен, Мастчоҳ хуб ба роҳ монда шуда, иҷрои онҳо барзиёд таъмин гардидааст, вале дар шаҳру ноҳияҳои  Варзоб, Тоҷикобод, Лахш, Конибодом, Кӯшониён, Восеъ, Носири Хусрав, Хуросон, Панҷ, Темурмалик, Ванҷ, Роштқалъа аз 12 то 40 фоиз иҷро шудаанду бас.

- Дар маҷмӯъ, иҷрои барномаҳо дар вилояти Суғд ба андозаи 68 фоиз, вилояти Хатлон 96,6 фоиз, ВМКБ 34,9 фоиз иҷро гардидаанд. Аз ин рӯ, масъулини вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳоро зарур аст, ки минбаъд зимни таҳияи барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии маҳал, вазъи воқеии сарчашмаҳоро дақиқан таҳлил карда, ба манбаъҳои молиявию иқтисодии воқеӣ такя намоянд, — иброз намуд Ғайрат Азиззода.

Дар назария ва амалия таҷрибаи аз ҷониби мақомоти назорати иҷрои қонунҳо овардани эътироз ба санадҳои Маҷлиси вакилони халқ ва санадҳои раисони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ба таври васеъ истифода мегардад. Тибқи моддаи 36 қонуни конститутсионии мазкур, санадҳои Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, ки аз рӯи онҳо прокурор эътироз баён кардааст, дар иҷлосияи он баррасӣ карда мешаванд. Дар сурати қонеъ нагардидани эътирози прокурор аз тарафи Маҷлиси вакилони халқ, прокурор метавонад ба мақомоти намояндагии болоӣ ё суд муроҷиат намояд.

Дар асоси маълумотномаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2020 аз ҷониби прокуророн ба 1055 ва соли 2021 ба 1331 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо, бинобар мухолифат доштанашон ба меъёрҳои қонун, эътироз оварда шудааст. Яъне, соли 2021 нисбат ба соли 2020 қариб 300 адад эътироз зиёдтар пешниҳод гардидааст.

Аз таҳлили нишондиҳандаҳои солҳои 2020 — 2021 бармеояд, ки аз ҷониби мақомоти прокуратура ба 2381 қарори раисони шаҳру ноҳияҳо эътироз оварда шудааст, ки 1896 адади он (79,6 фоиз) ба вайрон намудани қонунгузории замин рабт дорад.

Маърӯзачӣ, ҳамчунин, гуфт, ки дар ҷараёни иҷрои Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» мавҷуд будани мухолифатҳо ба қонуну кодексҳо ва санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон мушоҳида мегардад. Дар татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз тарафи баъзе аз роҳбарони мақомоти давлатӣ духӯрагиҳо ба миён омада истодааст, ки боиси пайдо шудани мушкилӣ зимни ба амал баровардани салоҳияту ваколати мақомоти маҳаллӣ мегардад. Чунончи, ин духӯрагиҳо дар қонуни конститутсионии мазкур дар сархати 18 моддаи 20 ва қисми 1 моддаи 201 дида мешаванд.

- Ҷиҳати фаъолияти самараноки мақомоти маҳаллӣ зарур аст, ки ба қонунҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйироти зарурӣ ворид карда шаванд, — афзуд Ғайрат Азиззода.

Вобаста ба масъалаи баррасигардида директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Изатулло Саидзода ва устоди факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Ҷӯрабек Қодиров фикру андеша ва пешниҳодҳои мушаххас баён намуданд.

Сипас, миёни иштирокчиён саволу ҷавоб сурат гирифт. Раиси Комиссияи экологии Маҷлиси намояндагон Муҳаммадраҳим Юсуфӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Мавзуна Шамсиддинзода, Шарифҷон Ҳакимзода, муовини якуми директори Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Гурез Қосимзода, муовини раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Садриддин Давлатзода, мудири шуъбаи  маъмурию ҳуқуқии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон Содиқ Аминҷонов ва дигарон ба музокира баромада, таклифу пешниҳодҳои ҷолиб иброз доштанд.

Дар охир вобаста ба масъалаи  баррасишуда қарор ва тавсияҳо қабул гардиданд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»