Гузориши Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров оид ба ҷамъбасти фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум (солҳои 2015 — 2020)
28 — уми феврали соли 2020
Вакилони гиромӣ! Ҳозирини муҳтарам! Хонумҳо ва ҷанобон!
Имрӯз мо аз Иҷлосияи шашуми Маҷлиси намояндагон даъвати панҷум ва дар маҷмӯъ, аз даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон натиҷагирӣ мекунем.
Ин марҳалаи фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба замони дигаргуниҳои қатъӣ дар ҷаҳон ва кишвари азизамон рост омад.
Ҷаҳон дар ибтидои садаи ХХI, воқеан, пешгӯинашаванда гардида, ба сари фарзандони одам мушкилию печидагиҳои зиёди фарҳангӣ, сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ ва динӣ оварда, ватани иддае аз мардуми оламро ноорому истиқлолияти давлатии онҳоро осебпазир гардонидааст. Вале моро зарур аст, ки аз ин хатарҳо ва таҳдидҳо наҳаросида, баръакс, роҳҳои табдил додани онҳоро ба имкониятҳои нав ва мусоид барои пешрафти миллат ва давлати худ пайдо намоем, зеро замона имрӯз танҳо ба халқҳое шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам месозад, ки қудрати илмии табдил додани бадиҳоро ба некиҳо доранд.
Имрӯз яқин аст, ки мардуми Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз ин имтиҳонҳои сангину мураккаби замон сарбаландона гузашта истодааст ва оянда низ хоҳад гузашт. Мо дигар ҳуқуқи иштибоҳ кардан надорем, зеро мардуми Тоҷикистон аз мо интизории зиёд дорад ва мо дар назди наслҳои гузашта, имрӯза ва оянда масъул мебошем.
Дар давраи ҳисоботӣ давлати Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба самти рушди устувор қадамҳои ҷиддӣ бардошт.
Ба шарофати сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ мо заминаҳои ҳуқуқии Истиқлолияти давлатии хешро таҳкими бештар бахшидем ва барои кору зиндагии мардум шароити беҳтар фароҳам сохтем. Акнун имкон дорем, ки дастовардҳои Истиқлолиятро боз ҳам афзун намоем ва кишварамонро ба сатҳи сифатан нави рушд барорем.
Маҷлиси намояндагон дар давоми даъвати панҷум фаъолияти хешро бо дарназардошти ин таҳаввулоти таърихӣ роҳандозӣ намуд. Ва ман фикр мекунам, ки фаъолияти мо — чӣ аз нигоҳи қонунгузорӣ, чӣ намояндагӣ ва чӣ муносибатҳои байнипарламентӣ, ба талаботи парламенти касбӣ комилан ҷавобгӯ буд.
Мо донишу таҷрибаи андӯхтаи хешро барои ташаккули қонунгузории Тоҷикистони нав равон кардем. Ба соҳаҳое бештар таваҷҷуҳ намудем, ки базаи қонунгузории онҳо куҳна шуда буд ё аслан вуҷуд надошт. Ва ҳамин тавр, мо дар бунёди таҳкурсии низоми ҳуқуқии Тоҷикистони асри бисту як саҳми шоиста гирифтем.
Дар давраи ҳисоботӣ кӯшишу дониш ва таваҷҷуҳу таҷрибаи вакилон бештар ба татбиқи авлавиятҳои стратегие, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ифтитоҳи даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон ва Паёмҳои ҳарсолаи хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иброз доштаанд, равона шуда буд.
Парламенти тоҷик, дар баробари иҷрои вазифаҳои касбӣ, корҳои муҳиме ҷиҳати амалишавии сиёсати Пешвои миллат дар самти ташаккули давлат ва ҷомеаи демократии Тоҷикистон анҷом дод. Бовар дорам, натиҷаҳои даъвати панҷум дар ояндаи наздик ва ҳамчунин дур мавриди пажӯҳиши амиқ ва ҳаматарафаи олимону сиёсатмадорон ва коршиносону рӯзноманигорони соҳа қарор хоҳанд гирифт. Дар миёни далелу ҳуҷҷатҳое, ки онҳо истифода мебаранд, албатта, маҳсули заҳмати мо — қонунҳо, қарорҳо, созишномаҳо, стенограммаҳо ва амсоли инҳо хоҳанд буд.
Мусаллам аст, ки ҳар як қонуни қабулшуда бо гузашти вақт заҳмати моро равшан ва пурҷило муаррифӣ менамояд, зеро қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ баъди ба воқеияти ҳаётӣ ворид шудан ва дар рӯзгори мардум таъсир расонидан арзиш ва аҳамияти бештар касб менамоянд.
Ҳозирини гиромӣ,
Дар давраи ҳисоботӣ дар 179 ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон 2514 қарор қабул карда шуд. Дар 129 ҷаласаи Маҷлиси намояндагон бошад, 795 санад, аз ҷумла, 497 қонун, ба тасвиб расид. Қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», «Дар бораи таъмини иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои тандурустӣ ва меҳнат, ду қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи авф (соли 2016 — ба муносибати 25 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва соли 2019 — ба муносибати 25-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф вобаста ба қонунигардонии мақоми ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванде, ки ба таври ғайриқонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд», қонунҳои мукаммали Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», «Дар бораи мақоми пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаи истеҳсолӣ», «Дар бораи ҳунармандӣ», «Дар бораи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Бо тақозои замон қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи интихоботи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо ворид намудани тағйироту иловаҳо нахустин маротиба дар таърихи парламенти касбии тоҷик дар таҳрири нав ба табъ расонда шуданд. Онҳо шаффофияти максималӣ ва демократисозии минбаъдаи раванди интихоботро таъмин ва истифодаи пурсамарро барои шаҳрвандон муҳайё менамоянд.
Ҳамчунин, бо ташаббуси аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22 — юми майи соли 2016 дар кишвар раъйпурсии умумихалқӣ барпо карда шуд ва аксари кулли шаҳрвандонамон барои ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудани тағйиру иловаҳои зарурӣ раъйи мувофиқ доданд.
Тағйироту иловаҳо ба Конститутсия марҳалаи нави рушди фазои ҳуқуқии кишвар буд, ки дар он ҳуқуқу озодиҳои инсон тавсеа ёфта, муқаддастарин институти сиёсӣ — Пешвои миллат мақоми конститутсионии худро соҳиб шуд.
Фикр мекунам, тағйиру иловаҳо ба Конститутсия ва қабули Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар афкори ҷамъиятӣ таҳаввулоти амиқ ба вуҷуд оварданд ва бо арзише, ки имрӯзҳо дар рӯзгори мардумамон касб намудаанд, шубҳае нест ба китобҳои таърихи мактабиёну донишҷӯён ворид мешаванд.
Бояд гуфт, ки ҳамчунин, қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор», 2018 — 2028», ки дар пайи ташаббуси навбатии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сурат гирифт, ҳамчунин, мавриди истифода қарор додани ду агрегати Неругоҳи барқи обии «Роғун», дастёбӣ ба ду ҳадафи стратегии давлатамон: раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва расидан ба истиқлолияти энергетикӣ дар ҳамин давра муяссар гаштанд. Пешвои миллат аз кишвари аграриву саноатӣ ба саноативу аграрӣ табдил додани Тоҷикистонро ҳадафи чоруми стратегӣ эълон карданд.
Дар иртибот ба ин ҳадаф Маҷлиси намояндагон, дар баробари қабули як силсила қонунҳои зарурӣ, «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030», «Барномаи миёнамуҳлати рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2020» ва «Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» -ро ба тасвиб расонд, ки бомаром татбиқ шуда истодаанд.
Қобили зикр аст, ки дар ин давра байни Тоҷикистону Ӯзбекистон муносибатҳои дӯстона дигарбора ва бо неруи дучанд барқарор гаштанд ва Маҷлиси намояндагон дар муддати нисбатан кӯтоҳ 16 созишномаи муҳимтарини ҳамкории байнидавлатиро ба тасвиб расонд. Муносибатҳои неки байнипарламентӣ ҳам бо ин кишвари ҳамсоя ба таври бесобиқа ривоҷ ёфтанд. Баъди танаффуси дурудароз президентҳо ва раисони парламентҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон ба кишварҳои ҳамдигар сафарҳои таърихӣ анҷом доданд.
Дар давоми ду-се соли охир миллионҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба Ӯзбекистон ва миллионҳо шаҳрванди Ӯзбекистон ба Тоҷикистон ба нияти меҳмонӣ ва саёҳат сафар карданд. Дар ниҳояти кор Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон муносибатҳои хешро то ба дараҷаи шарикии стратегӣ расонданд, ки ин воқеан барои ду халқи ҳамсоя рӯйдоди ногузир ва ҳамзамон таърихӣ буд.
Зимнан, дар солҳои даъвати панҷум Тоҷикистон бо давлатҳои Қазоқистону Туркманистону Беларус ҳам дар бораи шарикии стратегӣ шартномаҳо ба имзо расонд, ки дар тасдиқи ҳамаи ин санадҳои таърихии ҳамсоядорӣ заҳмат, раъй ва иродаи мо – вакилон дида мешаванд.
Ин ҳама гувоҳи онанд, ки Маҷлиси намояндагон тайи ин муддат ҳамқадаму ҳамнафаси миллату давлати хеш буд ва дар замони дигаргуниҳои бузурги иқтисодиву сиёсӣ фаъолияти шоиста роҳандозӣ намуд.
Ҳамкасбони гиромӣ,
Дар баробари вазифаи асосии хеш – баррасӣ ва қабули қонунҳо, вакилон бо институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мардуми кишвар ҳамкориҳои судманд анҷом доданд.
Дар давраи ҳисоботӣ дар Маҷлиси намояндагон 17 соати парламентӣ, 47 муҳокимаи парламентӣ, 11 хониши вакилӣ, беш аз 50 суҳбати «мизи гирд», ҷаласаи сайёри кумитаҳо ва конфронси байналмилалӣ барпо шуданд. Ин тадбирҳо фарогири масъалаҳои мубрамтарини ҳаёти иқтисодиву иҷтимоии кишвар буданд.
Ҳамчунин, дар ҷараёни даъвати панҷум вакилони Маҷлиси намояндагон ба ҳал намудани масъалаҳои мушаххасе, ки интихобкунандагон ҳангоми мулоқотҳо бо онҳо дар миён гузошта буданд, таваҷҷуҳи хос зоҳир намуданд. Гувоҳи ин гуфта садҳо дархости вакилист, ки онҳо ба мақомоти дахлдор фиристоданд.
Дар давоми даъвати панҷум ба унвони вакилон 3177 нома ва 19653 муроҷиати шифоҳии шаҳрвандон ворид гаштааст, ки ҳамаашон мутобиқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ ва аз рӯи онҳо қарорҳои дахлдор қабул шуданд.
Мусалламан, дар пушти ин рақамҳо кори мушаххас, манфиатҳои шаҳрвандон ва давлат истодаанд, ки афзоиши эътимоди сокинони мамлакатро ба мақоми олии қонунгузор бозгӯӣ мекунанд.
Зимнан, дар омади гап бояд зикр намоям, ки дастрас будан, муколама кардан бо шаҳрвандон ва вокуниши фаврӣ нишон додан ба ниёзҳои мардум дар фаъолияти мақомоти давлатӣ бояд авлавиятҳои асосӣ бошанд. Вале сад афсӯс, ки гоҳо аз бемасъулиятӣ ва дастрас набудани масъулону маъмурони идораҳо дар марказ ва шаҳру ноҳияҳо шаҳрвандон маҷбур мешаванд барои ҳалли масъалаҳои одии хеш ба Президенти кишвар ва Маҷлиси Олӣ муроҷиат намоянд.
Ин ҷо сафарҳои вакилонро ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат ва дидору гуфтугӯҳои мустақими онҳоро ба мардум зикр накарда наметавонам. Дар ин мулоқотҳо вакилон ба интихобкунандагони хеш нуктаҳои муҳимтарини Паёмҳои солонаи Пешвои миллат, ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон, стратегияҳои миллӣ ва барномаҳои давлатиро шарҳу эзоҳ доданд, ба пурсишҳои сершумори онҳо посухи мушаххас гуфтанд. Теъдоди ин мулоқотҳо ба беш аз 7200 мерасад ва дар онҳо тақрибан 850 ҳазор одам иштирок намудааст.
Корҳои хеле муҳиме, ки ҷиҳати таҳкими муносибатҳои дӯстона бо парламентҳои давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ анҷом дода шуданд, низ қобили зикр мебошанд. Дар давоми даъвати панҷум вакилони Маҷлиси намояндагон ҷиҳати иштирок дар чорабиниҳои байналмилалӣ 372 сафари хориҷӣ анҷом доданд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, 175 ҳайати парламентии давлатҳои ҷаҳон ва созмонҳои байналмилалӣ ташриф овард. Ҳамчунин, мо ҳамкориҳои Маҷлиси намояндагонро бо парламентҳои беш аз 60 мамолики ҷаҳон тақвият бахшидем.
Мо итминон дорем, ки таҳким бахшидани робитаҳои байнипарламентӣ ба тақвияти бештари сиёсати хориҷии кишварамон мусоидат хоҳад кард.
Мутаассифона, на ҳама он корҳоеро, ки дар нақша доштему барои анҷом доданашон дар давоми даъвати панҷум талош кардем, ба сомон расонда тавонистем. Баъзан фурсат даст надод, баъзан сабабҳои дигар ҳам буданд. Вале умед дорем, ки ҷавҳари касбият дар Маҷлиси намояндагон боқӣ мемонад, тақвият меёбад. Ва ин ҷавҳар дар даъвати оянда давомат ва масъулиятро ҷиҳати анҷом бахшидани корҳои анҷомнаёфта ва корҳои нави дигар таъмин хоҳад намуд.
Ҳамкасбони гиромӣ,
25 сол муқаддам ибораи гӯшнавози «Маҷлиси Олӣ» ба афкору гуфтор ва зиндагии мо ворид гашт. 27 — уми феврали соли 2000, яъне расо 20 сол пеш бошад, нахустин интихобот ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Ин ду санаи муҳимро бо дили лабрези фараҳу ифтихор ба шумо — вакилони кунунӣ, инчунин ба вакилони чор даъвати пешин ва ҳамаи интихобкунандагони гиромиамон, табрик мегӯям.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи ҳар як даъвати Маҷлиси намояндагон ҳузури муборак доштанд ва ҳар сол дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси намояндагон ва Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ Паёми навбатии хешро ироа менамуданд.
Пешвои миллат дар ифтитоҳи даъвати панҷуми Маҷлиси намояндагон ёдовар шуданд: «Ба хотири таҳкими сулҳу ваҳдат, таъмини риояи ҳуқуқи шаҳрвандон, густариши равандҳои демократӣ, таъмини рушди устувору бомароми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, инчунин ҷиҳати мустаҳкам намудани пояҳои давлатдорӣ ва таҳияву қабули қонунҳо дар асоси ислоҳоти конститутсионӣ парламенти касбиро таъсис додем».
Мусалламан, таъсиси парламент дар ҳар як кишвар рӯйдоди бунёдии таърихӣ ба шумор меравад. Бо таъсиси парламент таърихи ин ё он кишвар ба ду замон тақсим мешавад: замоне ки давлат аз мардум ҷудо буд ва замоне ки иродаи мардум дар сурати намояндагони ӯ неруи қонунро пайдо мекунад ва шакли қарорҳои давлатиро мегирад.
Имрӯз парламент дар давлатҳои пешрафта мақоми олии намояндагии халқ аст, иродаи мустақили халқро ифода мекунад, муносибатҳои муҳимтарини ҷамъиятиро ҳамоҳанг месозад, назорати фаъолияти мақомоти иҷроияро ба уҳда дорад, манфиати неруҳои гуногуни сиёсиро ифода менамояд, майдони ҷустуҷӯи созишҳост.
Таҷрибаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки парламент дар мамолике пурқувват аст, ки ҳам иқтидори давлат ва ҳам нуфузи ҷомеа рӯ ба афзоиш мебошанд. Ва баръакс, бе парламенти пурқувват ҷомеа шаҳрвандӣ, давлат мустаҳкам ва ҳокимият халқӣ буда наметавонанд.
Моҳиятан, Маҷлиси намояндагон дар таърихи Тоҷикистон нахустин институти ҳақиқии демократӣ гашт, парламенте шуд, ки дар он қонунҳо бори аввал ошкоро ва коршиносона эҷод, баррасӣ, таҳрир ва қабул шуданд. Маҷлиси намояндагон ба маркази ҳаёти сиёсии кишвар табдил ёфт. Солномаи парламентаризми ватанӣ бахши арзишмандтарин ва сабақомӯзи таърихи навини Тоҷикистон маҳсуб мешавад.
Маҷлиси намояндагон баръало нишон дод, ки печидатарин қазияро ба чаҳорчӯби раванди муътадили сиёсӣ ворид ва ҳал кардан мумкин аст. Ва баръакс, сарпечӣ аз баррасии масоили доғ, ки ҷомеаро ба ташвиш овардаанд, метавонад оқибати ногувор дошта бошад.
Зимнан, мехоҳам зикр намоям, ки ҷашни 20 — солагии парламенти касбии тоҷик на танҳо ба мо — вакилон, балки ба журналистикаи муосири парламентии тоҷик низ, тааллуқ дорад. Он ҳамсоли Маҷлиси Олӣ мебошад. Фикр мекунам, кор дар самти парламент аз журналист якбора чандин сифати касбӣ, ҳамчунин дониши ҳаматарафа ва амиқи соҳаро тақозо менамояд. Хушбахтона, аксари кулли журналистоне, ки дар давоми даъвати панҷум паҳлуҳои гуногуни кори Маҷлиси намояндагонро дар радиову телевизионҳо ва нашрияву сомонаҳои хеш инъикос намуданд, ба талабот ҷавобгӯ буданд. Мо аз ҳамкорӣ бо журналистони парламентӣ, ба сурати умум, қаноатмандем ва ба онҳо сипос мегӯем.
Дар давоми ин бист сол дар кори журналистони парламентӣ низ анъанаҳои зиёд ташаккул ёфтанд, ки мо онҳоро медонем ва ба онҳо эҳтиром мегузорем. Анъанаҳои мазкур дар озодиҳои муқаррарнамудаи Конститутсияи Тоҷикистон ва, пеш аз ҳама, дар арзишҳои озодии сухан асос ёфтаанд. Ва ҳар дафъа, ки ба қонунгузорӣ оид ба воситаҳои ахбори омма тағйиру иловаҳо пешниҳод мешаванд, вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҳифзи ҳуқуқҳои журналистон қарор мегиранд, зеро озодии сухан яке аз дастовардҳои воқеии ҷомеаи кишвар маҳсуб мешавад.
Қобили ёдоварист, ки ҷашнҳои 25 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 25 — солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба солҳои даъвати панҷум рост омаданд. Барпосозии он иҷлосияи таърихӣ ва қабули Конститутсия аз роҳи раъйпурсии умумихалқӣ, бешубҳа, дастовардҳои бунёдии таърихӣ маҳсуб мешаванд. Дар ин дастовардҳо неруҳои гуногуни сиёсӣ ва албатта, миллионҳо шаҳрванди Тоҷикистон – интихобкунандагон ва иштирокчиёни раъйпурсии умумихалқӣ оид ба лоиҳаи Конститутсия саҳм доранд.
Хеле хуб шуд, ки мо ба чорабиниҳои ҷашнии Маҷлиси намояндагон вакилони даъватҳои пешинро низ даъват намудем, зеро на танҳо таҷрибаи ғанӣ, балки сифатҳои фардӣ ва ҳатто ёддоштҳои онҳо барои вакилони кунунӣ ва ҷомеа ҷиҳати афзоиши эҳтироми ҳуқуқ дар кишвар муфид мебошанд.
Зикр кардан мехоҳам, ки барои мо — вакилони кунунии Маҷлиси намояндагон дар ёд доштану ёдовар шудан аз кору шахсияти вакилони пешин қарзи маънавӣ маҳсуб мешавад. Ва дар иртибот мехоҳам барои хидматҳояшон ба ҳамаи вакилони чор даъвати гузашта низ самимона изҳори сипос намоям.
Ҳозирини арҷманд,
Пӯшида нест, ки иддае аз сиёсатбозон ва ба ном мухолифони давлати Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва баъзе расонаҳои хабарии хориҷӣ кӯшиш мекунанд фаъолияти парламенти кишварро паст зананд, камарзиш нишон диҳанд. Онҳо, масалан, мегӯянд замонҳое буд, ки зиндагӣ дар парламенти тоҷик меҷӯшид, ҳозир бошад, ҳар санади меъёрии ҳуқуқие, ки аз Ҳукумат ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод мегардад, бемамоният қабул ё тасдиқ мешавад ё худ, вакилон «бо равиши об шино мекунанд».
Ҷӯшидану ҷанҷол бардоштанҳо, хархашаю муноқишаҳо дар парламент ҳеҷ гоҳ нишонаи кори солиму манфиатовар набуд ва буда ҳам наметавонад. Парламент ин мақоми муқаддас аст, ки халқ аз миёни беҳтаринҳо интихоб кардааст. Одоб ва эҳтироми ҳамдигар аз сатҳу сифати кори парламент гувоҳӣ дода, оромию низомаш гувоҳи сатҳи баланди фарҳанг ва озодии ӯст.
Вале ҳуҷум ба парламент ҳамчун институти сиёсиро метавон ҳуҷум ба имконияти пешбурди муколамаи ҷамъиятӣ, ба имконияти рушди конститутсионӣ ва демократии мамлакат унвон кард. Дар гузаштаи на чандон дури мо маҳз чунин ҳуҷумҳо ба муқовимати мусаллаҳона роҳ кушода буданд. Саҳифаҳои алоҳидаи фоҷиавии таърихи парламентаризми тоҷик бояд ба ҳамаи сиёсатмадорони имрӯзу оянда ҳушдоре бошанд.
Тавре Пешвои миллат таъкид намуданд, мо — ворисони миллати куҳанбунёди фарҳангии ориёием, ҳар мушкилӣ ва печидагиро метавонем бо лаҳни мулоим, муколамаи солим ва эҳтироми ақидаҳо ҳал намуда, дар ҳамаи ҳолатҳои мушкил имкониятҳои нави таърихиро барои худ пайдо намоем.
Замони ҷангу ҷидолҳо, бетартибию ҳарзагӯиҳо ва муноқишаю ҷӯшиданҳои бемавқеъ, ки ба фасоду номуназзамии кори парламент омехта буд, гузашт. Парламенти касбӣ ва вакилони имрӯзу фардои он ба ин тартиб ҳаққи маънавии ноором кардани фазои қонунгузорӣ ва мафкураи ҳуқуқии халқро надоранд. Мо дар оинаи нилгун ҳар рӯз мебинем, ки дар кишварҳое, ки парламентҳо ва ҳукуматҳо ба тарафкашию муноқишаҳо моиланд, оқибати корашон чӣ шуда истодааст.
Ба назари мо, бартарии бузурги Тоҷикистон дар баробари баъзе давлатҳо дар шароити буҳронии солҳои охири ҷаҳон маҳз ҳамин кори бамаслиҳати Ҳукумати кишвар бо Маҷлиси намояндагон маҳсуб мешавад. Дар Тоҷикистон Ҳукумат бо Парламент шарики якдигаранд, дар байни онҳо конфронтатсияи сунъӣ, ки эродгирҳои мо мехоҳанд, вуҷуд надорад, ин ду шохаи ҳокимият мисли механизми ягона кор мекунанд.
Мо бо кори хеш исбот кардем, ки мубоҳисаро дар парламент доир намудан манфиатбахштар аст, на дар кӯчаву майдон ва шабакаҳои иҷтимоӣ. Ягон хел «демократияи кӯчагӣ» кори ҳирфаии неруҳои гуногуни сиёсиро, ки дар мақоми олии қонунгузор анҷом дода мешавад, иваз карда наметавонад.
Ин ҷо ҳамаи қарорҳо, бахусус оид ба масъалаҳои калидӣ, дар асоси муколама, машварат ва баррасии вакилони Маҷлиси намояндагон бо мутахассисони вазоратҳо ва идораҳои марбута қабул мегарданд. Ба аксари кулли лоиҳаи қонунҳое, ки Ҳукумат барои қабул ба Маҷлиси намояндагон мефиристад, низ дар сурати зарурат аз тарафи вакилон ҳама тағйиру иловаҳои даркорӣ ворид карда мешаванд. Баҳсҳои корӣ зиёданд, гоҳо сифати кори вазоратҳои алоҳида мавриди муҳокимаи шадид қарор мегирад.
Вале дар мубоҳиса бо Ҳукумат мо ҳамеша ҳадафи муштарак дорем, ки он бунёди Тоҷикистони пешрафта — Тоҷикистоне ҳаст, ки мутобиқ ба Конститутсияи худ бояд, воқеан ҳам, давлати иҷтимоӣ бошад, дар он барои ҳар як шаҳрванд шароити шоистаи зиндагӣ фароҳам бошад.
Ба назари ман, озодиву демократия аз чунин ҳамкорӣ, ки мо дорем, зарар надидаасту нахоҳад дид. Иллати озодихоҳони замони нав дар он аст, ки онҳо дар демократия озодиро дидаву сарҳади онро дарк накардаанд, худи демократияро шунидаву ҷавҳари онро ҳазм накардаанд. Зеро озодии асил сарҳад дорад, ки бо ахлоқ ва ҳуқуқ муқаррар мегардад. Демократияи комил танҳо дар пояи низому тартиб ва эҳтироми тарафайни субъекони ҳокимият ва халқ тавлид мегардад. Демократия ҳеҷ аст, агар ниҳодҳои зуҳури он тобеи қонун ва ахлоқ набошанд.
Дар иртибот ба ин гуфтаҳо, ба Пешвои миллат, Маҷлиси миллии Маҷлиси Олӣ, Ҳукумати кишвар, ёрдамчиёни Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сиёсати ҳуқуқӣ – намояндаҳои комилҳуқуқи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Давлатзод, Маҳмадалӣ Ватанзода, Зариф Ализода ва халқи азизам барои ҳамкориҳои пурсамар, риояи ин арзишҳои муқаддас дар ҳадди эътидол ва дастгириҳои ҳамешагии Маҷлиси намояндагон сипоси бепоён изҳор менамоям.
Ҳамчунин, аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузории хеш лоиҳаи 127 қонуни нави барои давлату ҷомеа зарурро таҳия ва ҷиҳати қабул ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод намуданд, ки қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат», «Дар бораи таъмини иҷтимоӣ, хизматрасонӣ ва муҳофизати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи сайёҳии дохилӣ», «Дар бораи ассотсиатсияи истифодабарандагони об», «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», «Дар бораи таҳсилоти калонсолон», «Дар бораи чарогоҳ», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Дар бораи фаъолияти ноширӣ» аз ҷумлаи онҳо мебошанд. Сарфи назар аз он ки санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби кадом субъекти ҳуқуқи қонунгузорӣ омода ва барои қабул пешниҳод шуданд, онҳо иродаи интихобкунандагони моро ифода менамуданд ва масъулияти қабул кардани онҳо маҳз бар дӯши мо вогузор буд. Ман ифтихор дорам, ки Маҷлиси намояндагон зимни анҷом додани ин рисолат дар баландии масъулияти таърихии худ қарор дошт.
Ҳамкасбони гиромӣ,
Ин шабу рӯзҳо маъракаи пешазинтихоботӣ ба Маҷлиси намояндагон ба авҷи аълои хеш расидааст. Барои онҳое, ки дар интихобот иштирок доранд, марҳалаи кунунӣ ҳассостарин маҳсуб мешавад.
Воқеан, вакилӣ ё худ фаъолияти қонунгузорӣ таҷрибаест, ки бисёриҳо орзуи онро мекунанд. Вале дар ҷараёни кор дар парламент мо ҳама хуб дарк намудем, ки барои вакили ҳақиқии мардумӣ шудан пирӯзӣ дар интихобот кам будааст. Бояд вижагиҳои сершумори фаъолияти парламентиро пурра омӯзӣ ва ҳар рӯз тамоми талаботи кори пурмасъулияти вакилиро риоя намоӣ.
Аксари мо бори нахуст на танҳо вижагиҳои кори ниҳоят мураккаби қонунгузорӣ, балки ҳунари нозуки сухангӯӣ ва баҳси нозуки парламентиро аз бар кардем. Чунин таҷриба, тавре медонем, якбора ва ба осонӣ андӯхта намешавад, вале он барои рушди минбаъдаи ҷомеа ва давлати мо ниҳоят зарур аст. Шояд аз ин рӯст, ки теъдоди зиёде аз вакилони мо такроран вориди интихобот мешаванд ва сарбаландона ба ин толори барои мо азиз бармегарданд.
Дар иртибот, ба он вакилони даъвати кунунӣ, ки таҷрибаи пурарзиши тӯли солҳо андӯхтаи хешро дигарбора ва бедареғ дар хидмати парламенти тоҷик қарор додан мехоҳанд, самимона барор мехоҳам. Умед дорам, интихоботи парламентӣ дар фазои эҳтироми тарафайн сурат мегирад ва мо шоҳиди як интихоботи одилонаву шаффоф хоҳем гашт.
Бисёр мехоҳам маъракаи пешазинтихоботӣ на саҳнаи муборизаи компроматҳо, балки майдони сабқати идеяҳои созандае бошад, ки татбиқи онҳо ба тақвияти Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва болоравии сатҳи зиндагии мардуми кишвар мусоидат намояд.
Боз ҳам таъкид мекунам: дар ин марҳила аз ҳама муҳимтар на ҳизбҳоянд ва на номзадҳо. Муҳимтар аз ҳама интихобкунандагон, шаҳрвандони давлатамон мебошанд. Ҳамин интихобкунандагонанд, ки ба номзадҳои шоиста ваколат медиҳанд, то мушкилоти мубрами мардумро осон кунанд, то мамлакатамон аз ҳар ҷиҳат соҳибистиқлол гардад, то зиндагиву кор дар Тоҷикистон роҳату бехатар шаванд.
Ҳамаи аҳзоби сиёсӣ ва номзадҳои алоҳида бояд дар назди Тоҷикистони азиз камоли масъулият эҳсос намоянд ва дастоварди асосии интихобот бояд боварии интихобкунандагон ба натиҷаи он бошад.
Ҳозирини арҷманд,
Ин ҳама солҳо, яъне ин панҷ сол ва даъвати аз ин пеш ҳам, ки, бешубҳа, давраи беҳтарин дар корномаи касбиям маҳсуб мешаванд, ман ҳар рӯз эътимоду дастгириҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва шумо — вакилони Маҷлиси намояндагонро амиқ эҳсос мекардам ва гиромӣ медоштам. Барои эътимод ва дастгириҳои бузург, ки нисбати ман зоҳир шуданд, ба Пешвои миллат сидқан миннатдорӣ баён мекунам.
Ба ҳамаи шумо — ҳамкасбони арҷмандам низ барои заҳмати пурсамару фидокорона дар давраи ҳисоботӣ, барои эҳтиром ба анъанаҳои неки парламентӣ ва барои омодагӣ ҷиҳати идомаи хизмат ба хотири пешрафти давлату миллат изҳори сипос менамоям.
Мехоҳам ба муовинони Раиси Маҷлиси намояндагон: А.А. Азизӣ, Х. Юсуфӣ ва А.С. Фелалиев ба раисони кумитаҳо, комиссияҳо, фраксияҳо ва ҳизбҳои парламентӣ ташаккури алоҳида гӯям, зеро ҳамаи шумо бори гарони масъулияти ҳуқуқӣ ва сиёсӣ ба дӯш доштед ва онро аз оғоз то имрӯз ба таври шоиста дар ҷой ва мавқеи худ мутобиқ ба талаботи қонун ва воқеият сарбаландона иҷро намуда истодаед.
Ба вакилони муҳтарам — ба онҳое, ки ин ҷо ҳузур доранду ба онҳое, ки бо фармонҳои Президенту қарорҳои Ҳукумати кишвар ба корҳои дигар гузаштанд, аз таҳти дил миннатдорӣ изҳор менамоям. Ба рӯҳу равони ҳамкорамон Муҳаббатшоҳ Рӯзадор, ки бо амри Илоҳӣ дар давоми фаъолияти якҷояамон риштаи умраш канда шуд, дуои нек мефиристам. Вакили шоиста ва инсони шариф буданд.
Фикр мекунам, яке аз ҷиҳатҳои ба худ хоси даъвати панҷум ин буд, ки мо – вакилон тавонистем якдигарро бишнавем, ба андешаҳои якдигар эҳтиром гузорем ва мубоҳисаи касбиву коршиносонаро ба анъана табдил диҳем.
Ҳоло фурсатест, ки ба ҳамаи шумо барои татбиқи чунин гузариши мушкил, вале, дар айни замон, хеле зарур ба самти касбияти воқеӣ изҳори таҳсину сипос намоям. Умед дорам, фаъолияти муттафиқонаи мо дар ҳама шаклу навъ, бидуни шубҳа, ба тақвияти демократияи намояндагии тоҷик мусоидат хоҳад намуд, зеро мо дар қабули қарору қонунҳо ҳамеша таносуби дурусти адолатро дар мизони манфиати давлати миллии хеш, халқи Тоҷикистон ва ояндаи давлатдориамон ба ҳадди эътидол риоя намудем. Ва ин нуктаи муҳими дарёфти адолат кори на ҳар фарди алоҳида, балки натиҷаи маҳсули ҳамдигарфаҳмии парламенти касбӣ буд, ки маро аз натиҷаи худ дар тамоми рӯзгори ояндаам қаноатманд медорад.
Ва якчанд ҷумлаи комилан самимӣ унвонии кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон гуфтаниям, ки ин ҳама солҳо ҳамроҳи мо – вакилон буданд. Имрӯз ин Дастгоҳ як мақоми давлатии дорои сохтори муназзам ва касбӣ мебошад, ки тамоми тақозои парламентро – ҳам дар қонунгузорӣ ва ҳам дар иқдомҳои дигари мо таъмин менамояд.
Дастгоҳ ба 1302 лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ хулосаи ҳуқуқӣ пешниҳод намудааст. Барои барпо кардани садҳо мулоқоти расмӣ, чорабинии кумитаву комиссияҳо, муҳокимаҳо ва хонишҳои парламентӣ, «мизҳои гирд», семинарҳо, конфронсҳо ва монанди инҳо шароити мусоид фароҳам овардааст. Ин муҳити солими эҷодӣ ва ин шароити хуби корӣ, ки мо ба онҳо одат кардаем ва як чизи ҳатмӣ мепиндорем, низ маҳсули заҳмати кормандони Дастгоҳ мебошанд. Аз шумо — кормандони Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон барои заҳматҳои шабонарӯзӣ сипосгузорам. Ташаккури зиёд.
Ҳозирини гиромӣ,
Дар урфият мегӯянд, ки ҳар чиз оғозу анҷом дорад. Ин ҳақиқати бебаҳс аст. Вале инсон, бо вуҷуди ин ҳама, ба оғозу фарҷомҳо муносибати яксон надорад. Ин лаҳза дар ҳаёти сиёсӣ ва ҷамъиятии банда як нуктаи анҷоми фаъолияти даврӣ маҳсуб мегардад. Банда бо дастгириҳои ҳамешагии Роҳбари давлат, вакилони даъвати чорум ва панҷум даҳ соли охир дар ин бино масъулияти вазнин ва муқаддаси Раисии Маҷлиси намояндагонро бар дӯш доштам. Инак, пас аз ҷаласаҳои зиёду фаъолияти пурсамар то ба ҷаласаи охири даъвати панҷум ҳам расидем. Ин лаҳза сухан гуфтан, андешаҳоро баён кардан, аз муваффақияту дастовардҳо ҳарф задан барои банда, рӯирост ва сидқан изҳор менамоям, ки бисёр вазнин аст.
Вазнин на аз он лиҳоз, ки ваколати раисии банда ба итмом мерасад, балки аз он, ки чанд рӯз баъд фаъолияти якҷояи ин оилаи бузурги саршори меҳр, муҳаббат ва самимият барои банда ва аксари вакилон дар ин маскани муқаддас хотима меёбаду тақдир моро ба иҷрои корҳои навбатӣ ҳидоят менамояд. Ин ҷудоии касбӣ чун хотимаи даврӣ эҳсоси муайяни дардро дорад, ки қудрати баёни онро забон надорад. Дил онро эҳсос менамояд, вале ақл бо ҳама тавоноияш дар кушодани асрори он оҷиз аст, чунки сухан аз муҳаббат, дӯстӣ ва эҳтироми самимии мо ба якдигар меравад.
Ягона чизе, ки моро дар ин лаҳзаҳо дар баробари эътирофи ин қонуни зиндагӣ ором менамояд, дӯстони азиз, ин хотира аз фаъолияти якҷояи мо аст. Зеро баҳсҳо, ҳамдигарфаҳмиҳо, ҳамсафариҳо, нишастҳои якҷоя ва дигар лаҳзаҳои нодир ёде аз ин рӯзгоранд, ки ҳеҷ гоҳ аз хотири мо зудуда нахоҳад шуд. Чунки онҳо на дар аксҳо, на дар забонҳо, балки дар тафаккури мо, бо ченакҳои ҳуқуқ ва ахлоқ ба мизони хирад гузошта шуда, дар қалбҳои мо бо муҳаббат ва самимият абадӣ ҳаккокӣ гаштаанд.
Рӯзҳо, моҳҳо ва солҳо мегузарад, табиат борҳо зиндаю пажмурда мегардад, парламент ва ҳайати вакилон низ бо мурури замон тағйир мебанд, вале мусаллам аст, ки ин рӯзгори фаъолияти якҷояи мо ҳамчун як саҳифаи дурахшони қонунгузории давлатамон бо қонунҳои мондагори худ дар ёди аҳли назар боқӣ хоҳад монд.
Парламенти касбӣ тавассути шумо ба макони воқеан муқаддасе табдил ёфт, ки ҳамаи хоҳишу армонҳои фардӣ ва манфиатҳои гурӯҳӣ берун аз дари он монда, ғояи ҳукмрон ва муттаҳидкунанда танҳо манфиати халқ ва ободии давлати Тоҷикистон буд.
Умед дорам, шумо аз ин ба баъд ҳам дар бароварда шудани орзуҳои мардуми кишвар ботаҳаммул, қавиирода ва ҳадафмандона рафтор хоҳед кард.
Бо орзуи саломативу сарбаландии ҳамаи ҳозирин, гузоришамро оид ба ҷамъбасти фаъолияти Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум анҷом бахшида, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.