4 ноябри соли 2015 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати панҷум баргузор гардид.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо дарбаргирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул шуд:
1. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»
3. Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ (ТРИПС)
4. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
5. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
6. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»
7. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ».
РАИС: — Ба муҳокимаи масъалаҳои рӯзномаи ҷаласа шурӯъ менамоем. Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидорӣ» сухан ба раиси Кумитаи Маҷлиси намяондагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Шариф Раҳимзода дода мешавад.
Шариф РАҲИМЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Бо пешниҳоди Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров бо сабаби ҷой доштани номутобиқатии меъёрҳо лоиҳаи қонуни мазкур бо Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 октябри соли 2015 таҳти №199 барои такмил ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия пасгардонида шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур бо иштироки намояндагони кумитаи масъул, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шуъбаҳои дахлдори Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди омӯзиш қарор гирифта, дар натиҷа қисмҳои 1, 2, 4 ва 5 — уми моддаи 30 таҳрир шуданд, инчунин дар қисмҳои 1 ва 2 калимаи «Роҳбари» ба калимаҳои «Шахси мансабдори» иваз шуда, ба модда қисми 4 оид ба муҳлати қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор илова гардида, қисмҳои 5, 6 ва 7 мувофиқан қисмҳои 6, 7 ва 8 ҳисобида шуданд. Инчунин хатоиҳои имлоиву техникии лоиҳаи қонуни мазкур ислоҳ шуданд.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намуда, ба тарафдории он овоз диҳед.
Лоиҳаи қонун модда ба модда ва боб ба боб ба овоз монда, қонун яклухт қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» сухан ба вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳмурод Рустам дода мешавад.
Шоҳмурод РУСТАМ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ», ки дар баррасии шумо қарор дорад, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсад аз пешниҳод намудани лоиҳаи қонуни мазкур ин интихоби дурусти кадрҳо, ҷалби бештари мутахассисони болаёқати соҳа ба мақоми адвокатӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва таҳким бахшидани фаъолияти адвокатӣ ва ба ин васила таъмини риояи муқаррароти конститутсионӣ дар хусуси кафолати ёрии тахассусии ҳуқуқӣ дар тамоми марҳилаҳои тафтишот ва мурофиаи судӣ мебошад.
Аз ҷумла ба моддаи 10 илова пешниҳод шуд, ки мувофиқи он агар адвокат қаблан дар баррасии парванда ба ҳайси машваратчии халқӣ иштирок карда бошад ё бо машваратчии халқӣ муносибатҳои хешутаборӣ дошта бошад, ҳуқуқи дар парвандаи мазкур ба сифати адвокат баромад карданро надорад, зеро тибқи моддаи 34 -уми Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон машваратчиёни халқӣ ҳангоми ба амал баровардани адолати судӣ аз тамоми ҳуқуқҳои судя истифода мебаранд.
Тағйиру иловаҳое, ки ба моддаҳои 12 ва 14 пешниҳод гардидаанд, талаботи иловагиро барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ пешбинӣ менамоянд. Аз ҷумла ба қисми 2 моддаи 12 сархатҳои якум, сеюм ва чорум илова шуда, ба сархати дуюм тағйирот ворид шудааст. Тибқи сархати якуми иловашаванда шахсоне, ки ба талаботи қисми 1 моддаи 12 ҷавобгӯй намебошанд, яъне шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон нест, таҳсилоти олии ҳуқуқшиносӣ надорад, забони давлатиро намедонад, инчунин на кам аз ду сол собиқаи корӣ аз рӯи ихтисоси ҳуқуқшиносӣ надорад ё коромӯзиро дар ташкилоти адвокатӣ дар муҳлати муқаррарнамудаи қонуни мазкур нагузаштааст, ҳуқуқи соҳиб шудан ба мақоми адвокатиро надоранд.
Мутобиқи тағйироти ба сархати дуюм воридшаванда минбаъд шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноят маҳкум шудаанд, сарфи назар аз категорияи ҷинояти содиршуда, шакли гуноҳ ва бардоштани доғи судӣ ҳуқуқи гирифтани мақоми адвокатиро надоранд.
Сархатҳои сеюм ва чоруми иловашаванда талаботи навро барои гирифтани мақоми адвокатӣ ба миён гузоштаанд, ки тибқи онҳо шахсони аз мақомоти давлатӣ, судӣ, адлия, прокуратура, адвокатура, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хизмати ҳарбӣ барои вайрон кардани савганди касбӣ, содир намудани кирдорҳои хусусияти коррупсионидошта озод гардидаанд, ҳуқуқи гирифтани мақоми адвокатиро надоранд. Ҳамчунин ҳангоми қабули санади авф агар парвандаи ҷиноятӣ оғоз нашуда бошад ё қатъ шуда бошад, озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби пушаймонӣ аз кирдори худ, озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби оштӣ шудан бо ҷабрдида, озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби тағйир ёфтани вазъият, озод кардани шахс аз ҷавобгарии ҷиноятӣ бо сабаби гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан низ боиси он мегардад, ки шахс ҳуқуқи гирифтани мақоми адвокатиро надорад.
Тағйиру иловаҳо ба моддаҳои 13 ва 35 ба аттестатсия фаро гирифтани адвокатҳо ва тартиби гузаронидани аттестатсияро муқаррар намудаанд. Меъёрҳои пешниҳодгардида баҳри баланд бардоштани савияи дониш ва касбияти адвокатҳо бо мақсади дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани ҳуқуқу озодиҳои инсон равона шудааст.
Ба моддаи 22 иловаҳои дахлдор ворид карда шуд, ки тибқи онҳо асосҳои дигари қатъ гаштани мақоми адвокатӣ муайян шудаанд. Аз ҷумла аз аттестатсия нагузаштани адвокат, аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан ё шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз даст додани адвокат, барои истиқомати доимӣ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтани адвокат минбаъд асос барои қатъ гардидани мақоми адвокатӣ мегардад.
Тағйирот ба моддаи 45 муқаррар менамояд, ки барои соҳиб шудан ба мақоми адвокатӣ ҳар як довталаб сарфи назар аз собиқаи касбӣ имконияти баробар дошта бошад. Қабули лоиҳаи қонун аз буҷет маблағгузории иловагиро талаб наменамояд. Аз ин рӯ, хоҳишмандем, лоиҳаи мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.
Бахтовар САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо мақсади интихоб ва ҷобаҷогузории дурусти кадрҳо, ҷалби бештари мутахассисони болаёқати соҳа ба фаъолияти адвокатӣ, пешгирӣ намудани ҳолатҳои коррупсионӣ, баланд бардоштани масъулияти касбӣ ва таҳким бахшидани фаъолияти соҳаи адвокатура ва бо ин васила таъмини риояи муқаррароти конститутсионӣ дар хусуси ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон таҳия шуда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Аз ҷумла дар лоиҳа муқаррар гардидааст, ки шахсони қаблан барои содир намудани ҷиноят маҳкумгардида, инчунин бо асосҳои вайрон кардани савганди касбӣ ва содир намудани кирдорҳои хусусияти коррупсионӣ аз мақомоти давлатӣ озодкардашуда ҳуқуқи соҳиб шудан ба мақоми адвокатро надоранд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №295 аз 19 октябри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуда, ҳамзамон ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур 23 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки 14-тои онҳо қабул ва 9-тои онҳо қабул нашуданд.
Кумитаи масъул рӯзи 30 октябри соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.
Аз ҷумла:
- лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ карда шуд;
- матни лоиҳаи қонуни мазкур дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо ҳам мутобиқ карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адвокатура ва фаъолияти адвокатӣ» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ (ТРИПС) сухан ба вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Неъматулло Ҳикматуллозода дода мешавад.
Неъматулло ҲИКМАТУЛЛОЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони халқ, ҳозирини гиромӣ!
Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи Созмони умумиҷаҳонии савдо оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ (ТРИПС) », ки ба баррасии шумо пешниҳод шудааст, такмили низоми қонунгузорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ мебошад.
Дар лоиҳаи қарори мазкур ворид намудани моддаи 31bis баъд аз моддаи 31 ва Замима баъд аз моддаи 73 Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ (ТРИПС) пешбинӣ гардад.
Моддаи 31bis ба кишварҳои рӯ ба инкишоф ва камрушдкардаи аъзои СУС ҳуқуқи судури иҷозатномаи ҳатмӣ барои истеҳсол ва воридоти маводҳои дорувории патентонидашудаи нисбатан арзонро пешбинӣ менамояд.
Қаблан тартиби мазкур тибқи қарори Шӯрои Генералии СУС аз 30 августи соли 2003 ҷиҳати татбиқи Боби 6 Эъломияи Давҳа оид ба Созишномаи ТРИПС ва солимии аҳолӣ амалӣ мегардид. Вале низоми муқарраргардида танҳо дар муддати ду сол истифода намудани иҷозатномаи ҳатмиро имкон медод.
Механизми мазкур дастрасӣ ба маводҳои дорувории гаронбаҳоро барои кишварҳои аъзои СУС, ки иқтидори истеҳсолии нокифоя дар соҳаи фармасевтӣ доранд, маҳдудияти муҳлати истифодаи иҷозатномаи ҳатмиро аз байн мебарад.
Муқаррароти моддаи 31 Созишномаи ТРИПС кишварҳои рӯ ба инкишофро водор месозад, ки ҳангоми воридоти молҳои дорувории патентонидашуда иҷозат ва хароҷотҳои иловагиро пардохт намоянд.
Ҳангоми мавриди амал қарор гирифтани Протоколи мазкур (ворид намудани тағйирот) кишварҳои аъзои СУС бо истифода аз «Низоми» махсус метавонанд, бе пардохти ҳатмии ҷубронпулӣ ба соҳиби патент дар ҳолатҳои фавқулода ё дигар ҳолатҳо ба хотири беҳдошти солимии аҳолӣ истеҳсол ё воридоти маводҳои дорувории патентонидашуда ва нусхаҳои аслии нисбатан арзонро ба роҳ монанд.
Афзалияти Протоколи мазкур дар он аст, ки дар раванди гуфтушунидҳо кишварҳои рӯ ба инкишоф ва камрушдкардаи аъзои СУС метавонанд мавқеи худро нисбати ҳамаи намуди дорувориҳо ҳимоя намоянд.
Татбиқи Протоколи мазкур уҳдадориҳои иловагиро ба кишварҳои аъзои СУС пешбинӣ намекунад, балки роҳҳои алтернативии ҳалли мушкилоти дастрасӣ ба маводҳои дорувориро фароҳам меоварад.
Дар маҷмӯъ, мавриди амал қарор гирифтани Протоколи мазкур барои рушди минбаъдаи истеҳсоли дорувории ватанӣ ва ҳамлу нақли он барои соҳибкорон шароити нисбатан шаффофу мусоидро фароҳам меоварад.
Аз шумо муҳтарам, вакилони халқ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи пешниҳодшударо дастгирӣ намоед.
РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Раҷабов Сафаралӣ Худоёрович дода мешавад.
Сафаралӣ РАҶАБОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Протокол оид ба ворид намудани тағйирот ба Созишномаи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо оид ба ҷанбаҳои тиҷоратии ҳуқуқ ба моликияти зеҳнӣ (ТРИПС), ки аз ҷониби Шӯрои Генералии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо 6 декабри соли 2005 дар шаҳри Женева қабул гардидааст, аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидааст.
Мақсади қабули Протоколи мазкур мусоидати он ба рушди соҳаи фармасевтӣ дар кишвар мебошад.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои пешниҳодкардаи худ Протоколи зикргардидаро пурра ҷонибдорӣ намуданд.
Протоколи мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон» мутобиқ мебошад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони муҳтарам, хоҳиш дорем, ки Протоколи пешниҳодшударо дастгирӣ намуда, барои тасдиқи он овоз диҳед.
Дар бораи тасдиқи Протоколи мазкур Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Искандар дода мешавад.
Искандар Солеҳзода: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои бандҳои 1 ва 8 Нақшаи чорабиниҳо «Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 31 октябри соли 2013 дар ҷараёни сафари корӣ зимни ифтитоҳи Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд» ва бо мақсади мутобиқ намудани фаъолияти Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.
1. Мақсад аз илова ба сархати панҷуми қисми 2 моддаи 33 ва шаш моҳ муқаррар намудани муҳлати таъини ҷазо барои ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурие, ки тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» ошкор карда мешаванд, ин пеш аз ҳама, вобаста ба мавҷуд набудани имконияти баррасӣ ва таъин намудани ҷазо дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи мазкур (се моҳ) мебошад.
Таҷриба нишон медиҳад, ки аз ҳисоби умумии қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ, ки тавассути воситаҳои махсуси техникии низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт дар як шабонарӯз сабт мегардад, ба ҳисоби миёна аз 1300 то 1500 ҳуқуқвайронкуниҳо ба қайд гирифта мешаванд. Мувофиқи имкониятҳои техникӣ ва ҷисмонии мавҷуда танҳо 500 — 600-тои ин қоидавайронкуниҳо барассӣ гардида, ҷазои маъмурӣ таъин карда мешавад ва расми сабти видеоӣ бо амрномаи ҷаримаи маъмурии таъиншуда ба соҳибони воситаҳои нақлиёт фиристонида мешаванд. Ин нишондод гувоҳи он аст, ки дар муҳлати муқаррарнамудаи қисми 1 моддаи 33 (се моҳ) нисбати ҳамаи ҳуқуқвайронкунандагон таъин намудани ҷазои маъмурӣ ғайриимкон аст.
2. Дар таҳрири нав ифода намудани моддаи 315 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин таъмини иҷрои талаботи банди 5- и Тартиби ташкил ва гузаронидани муоинаи ҳатмии давлатии техникии воситаҳои механикии нақлиёт ва ядакҳои (нимядакҳои) онҳо, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №390 аз 2 августа соли 2010 тасдиқ шудааст, мебошад. Мутобиқи Тартиби мазкур муоинаи техникии ҳамаи воситаҳои нақлиёт, дар як сол як маротиба дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Бозрасии давлатии автомобилӣ гузаронида мешавад. Сарфи назар аз тадбирҳои андешидашуда, бинобар дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудани ҷазои маъмурӣ барои дар муҳлатҳои муқаррарнамудаи Бозрасии давлатии автомобилӣ аз муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ нагузаштан, нақшаи солонаи ҷалби воситаҳои нақлиёт ба муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ, таъмин намегардад. Ҳолати мазкур ба зиёд гаштани навбат дар нуқтаҳои муоинаи техникӣ, паст гаштани сифати муоинаи техникӣ, инчунин иҷро нагаштани нақшаи қисми даромади Буҷети давлатӣ оварда расонидааст.
3. Мақсад аз хориҷ намудани қисмҳои 2 моддаҳои 318 ва 324, ин аз байн бурдани баҳсу нофаҳмиҳо ҳангоми таъини ҷазо барои такроран содир намудани як намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки тавассути воситаҳои махсуси низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт сабт гаштаанд, мебошад. Мутобиқи моддаи 50 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқвайронкунанда ба шарте барои дар давоми як сол такроран содир намудани як намуди ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, ки барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии маъмурии аввалааш таҳти ҷазои маъмурӣ қарор гирифта бошад. Мутаассифона, имрӯз чунин имкониятҳои техникӣ ва ҷисмонии барои сари вақт ба ҳамаи ҳуқуқвайронкунандагон дастрас намудани амрнома оид ба таъини ҷазои маъмурӣ мавҷуд нест. Бинобар ин, дар аксар маврид барои ҳар як ҳуқуқвайронкунӣ сари вақт, яъне дар муҳлати то такрори содир намудани он нисбати ҳуқуқвайронкунанда андешидани чора ғайриимкон мебошад.
4. Дар моддаи 323 илова намудани қисми 2 ва пурзӯр кардани ҷаримаи маъмурӣ бевосита ба танзими ҳаракати воситаҳои нақлиёт вобаста мебошад. Амалия нишон медиҳад, ки ронандагони воситаҳои нақлиёт, бахусус мусофирбар худсарона аз хатсайрҳои муқарраршудаи ҳаракат мебароянд ё то охири он намераванд, ки норозигии шаҳрвандонро ба миён овардааст.
5. Дар таҳрири нав баён кардани қисми 1 моддаи 324 бевосита ба таъмини иҷрои боби 18 Қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1997 таҳти №565 тасдиқ шудааст ва афзалияти воситаҳои нақлиёти маршрутиро муқаррар намудааст, равона мегардад. Дар амал ин афзалият мушоҳида намегардад, зеро дар роҳҳое, ки дорои хатти ҳаракат барои воситаҳои нақлиёти хатсайр мебошанд, хилофи талабот воситаҳои нақлиёт дар ин хат ҳаракат мекунанд ё онро ба сифати истгоҳ истифода менамоянд. Ин ҳолат барои воситаҳои нақлиёт монеа ба миён оварда, ҳаракати мунтазами онҳоро халалдор месозад.
Қабули қонуни баррасишаванда ба манфиати ҷомеа буда, ҷиҳати таҳкими қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, эҳтироми қонун, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таъмини баррасии одилонаи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ равона шудааст.
Аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС:- Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.
Бахтовар САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар заминаи ду лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида, ки яке бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигаре аз ҷониби вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон И. Абдуллозода пешниҳод шуда буданд, таҳия гардида, бо дастрасии банди 301 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон якҷоя карда шуданд.
Мақсади лоиҳаи қонуни мазкур баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва муқаррар кардани ҷавобгарии маъмурӣ барои идора кардани воситаи нақлиёт бе муоинаи ҳатмии давлатии техникӣ ва суғуртаи ҳатмӣ, риоя накардани талаботи аломатҳои роҳ, нишонаҳои роҳ, истифодаи асбобҳои равшаникунанда ҳангоми шаб ё равшании на чандон зиёд ва дигар аломатҳои роҳ, инчунин бо мақсади пешгирии халалдор кардани оромии шаҳрвандон аз соати 2300 то 600 омода шудааст.
Лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №167 аз 22 июни соли 2015 ва таҳти №270 аз 5 октябри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онҳоро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати такмил додани лоиҳаҳои қонуни мазкур 27 таклифу пешниҳод манзур карданд, ки 23-тои онҳо пурра ё қисман қабул шуданд ва 4 -тоаш қабул нашуд.
Кумитаи масъул рӯзи 30 октябри соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.
Аз ҷумла:
- санксияҳои сархатҳои дуюм ва сеюми моддаи 462 таҷдиди назар шуда, ҳамчунин фарқияти байни андозаи ҷаримаҳои таъиншаванда кам карда шуданд;
- лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ карда шуд;
- матни лоиҳаи қонуни мазкур дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо ҳам мутобиқ карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Оид ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сухан ба муовини вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳзода Искандар дода мешавад.
Искандар СОЛЕҲЗОДА: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷиҳати иҷрои бандҳои 1 ва 8 Нақшаи чорабиниҳо «Оид ба иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки 31 октябри соли 2013 дар ҷараёни сафари корӣ зимни ифтитоҳи Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт «Шаҳри бехатар» дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд», таҳия ва пешниҳод шудааст.
1. Мақсад аз ба қисми 2 моддаи 87 илова намудани калимаҳои «аз тарафи Вазорати корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дар қисми 3 моддаи мазкур иваз намудани калимаи «намунаи» ба калимаҳои «намунааш аз тарафи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ин такмили тартиби барасмиятдарории ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки барои содир гардидани онҳо протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тартиб дода намешавад, мебошад.
2. Мақсад аз илова ба қисми 2 моддаи 69 ин аз байн бурдани хароҷоти иловагие, ки аз маблағи ҷаримаи ситонидашаванда дар аксар маврид зиёд аст, мебошад.
3. Мақсад аз илова намудани қисми 5 ба моддаи 229 ин мушаххас намудан ва тақвият бахшидан ба иҷрои маҷбурии қарор оид ба таъини ҷазои маъмурӣ мебошад.
Аз шумо, вакилони гиромӣ эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодшударо ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: — Аз рӯи ин масъала сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Сафаров Бахтовар Амиралиевич дода мешавад.
Бахтовар САФАРОВ: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ ва ҳозирини арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои такмил додани Кодекси мазкур таҳия гардида, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст. Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани интизоми иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ ва муқаррар кардани тартиби пешбурди мурофиаи маъмурӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии вобаста ба вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин муқаррар намудани иҷрои маҷбурии қарори таъин кардани ҷазои маъмурӣ ҳангоми дар муҳлати пешбининамудаи Кодекси мазкур иҷро накардани он таҳия шудааст.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №271 аз 5 октябри соли 2015 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуда буд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро мавриди омӯзиш қарор дода, онро ҷонибдорӣ намуданд. Ҳамзамон ҷиҳати такмил ёфтани лоиҳаи қонуни мазкур 14 таклифу пешниҳод манзур карданд.
Кумитаи масъул рӯзи 30 октябри соли 2015 бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи васеъ таклифу пешниҳодҳои ироагардидаро муҳокима намуда, аз 14 таклиф танҳо як таклиф қобили қабул дониста нашуд. Бо дарназардошти таклифу пешниҳодҳо лоиҳаи қонуни мазкур бо розигии намояндаи субъекти ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ такмил дода шуд.
Аз ҷумла:
- иловае, ки мувофиқи лоиҳа ба қисми 11 моддаи 69 пешниҳод шуда буд, таҳрир шуда, ба қисми 2 моддаи 69, ки қисман мазмуни онро дар бар мегирифт, илова карда шуд;
- иловае, ки ба сархати панҷуми моддаи 133 пешниҳод шуда буд, бинобар ба талаботи кодекси мазкур ҷавобгу набудан, хориҷ карда шуд;
- лоиҳаи қонуни мазкур ба талаботи техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ мутобиқ шуд;
- матни лоиҳаи қонун дар забонҳои тоҷикӣ ва русӣ бо ҳам мутобиқ карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва қабули он аз Буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Абдуназар Хисрав дода мешавад.
Хисрав Абдуназар: — Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони гиромӣ !
Ба баррасии шумо лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ», бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Р. Амирзода ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Шарипов ва Х. Абдуназар пешниҳод карда мешавад.
Мақсад аз пешниҳоди лоиҳаи қонуни мазкур ин, пеш аз ҳама, мутобиқгардонии қонуни зикргардида ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва Кодекси граждании Ҷумҳури Тоҷикистон мебошад. Инчунин:
-зарурати бартараф намудани норасоиву камбудиҳои ҷойдошта;
-зарурати истифодаи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои якхелаи ҳуқуқӣ, бо дарназардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ, мантиқӣ, ҳуқуқӣ ва мутобиқати дохилии қонуни амалкунанда.
Бо дарназардошти талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ моддаи 1-уми қонуни амалкунанда такмил дода шуда, мафҳуму ибораҳои дар он баёншуда, бо ҳам мувофиқ карда шудаанд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳои Маҷлиси намояндагон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳои худ нисбат ба лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ» таклифу пешниҳодҳои муфид ирсол карда буданд, ки аксарияти онҳо қабул гардиданд.
Лоиҳаи қонуни мазкур дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бо иштироки намояндагони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон, шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷонибдорӣ карда шуд.
Бо дарназардошти эроду тавсияҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров, ки дар ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси намояндагон изҳор гардид ва бо пешниҳоди намояндагони мақомоти ваколатдор лоиҳаи қонуни мазкур такмил дода шуд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад ва татбиқи он аз Буҷети давлатӣ маблағҳои иловагиро талаб намекунад.
Вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи намунаҳои саноатӣ»-ро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
РАИС: — Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» сухан ба узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия Асозода Хайрулло дода мешавад.
Хайрулло Асозода: — Муҳтарам Раис, Раёсат ва вакилони арҷманд!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагон А. Фелалиев, С. Шарипов ва Х. Асозода пешниҳод шудааст, бо Қарори Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июни соли 2015 таҳти № 166 барои хулоса ба Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия, кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои додани хулосаи экспертизаи ҳуқуқӣ ба шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон супорида шуда буд.
Мақсади асосии таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур аз мутобиқгардонӣ ба талаботи дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, алалхусус қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» ва «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ба ин васила бартараф сохтани мухолифати дохилии меъёрҳои мушаххаси қонун, зарурати истифодаи мафҳум ва истилоҳу ибораҳои якхелаи ҳуқуқӣ, бо дарназардошти техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқӣ, ҳуқуқӣ, инчунин мусоидат намудан барои таъмини риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунгузорӣ иборат мебошад.
Бо ворид намудани тағйиру иловаҳо муқаддимаи қонуни мазкур дар таҳрири нав мушаххас ифода карда шудааст. Илова гардидани моддаи 11 ҷиҳати муайян намудани мақсад ва вазифаҳои қонуни мазкур пешбинӣ шуда, аз ҷумла бо мақсади ноил шудан ба мутобиқати дохилии матни қонун ба моддаи 1 мафҳумҳои «объектҳои хизматгузорӣ дар роҳ ва роҳҳои автомобилгарди пулакӣ», ки дар матни қонуни амалкунанда ҷой доранд, илова гардидааст. Илова бар ин, бинобар такрор гардидани меъёрҳои моддаи 9 — уми қонуни амалкунанда ва бо мақсади мутобиқ намудан ба муқаррароти қисми 4 моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» пешбинӣ шудааст, ки ҷумлаи якуми қисми сеюми моддаи 9 — уми ҳамин қонун хориҷ карда шавад. Ҳамзамон лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида хусусияти муайянкунанда, мутобиқкунанда ва таҳрирӣ дошта, ҷиҳати якхела истифода намудани истилоҳу ибораҳои дар он истифодашуда мусоидат менамояд.
Кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хулосаҳояшон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» -ро пурра ҷонибдорӣ намуданд. Ҷиҳати такмили он ба кумитаи масъул 41 пешниҳод ирсол намудаанд, ки 27 — тоаш қабул, 3 — тои он қисман қабул гашта, дар мувофиқа бо намояндаи субъектони ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ ба лоиҳаи қонун ворид карда шуданд.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ» дар ҷаласаи васеи Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба энергетика, саноат, сохтмон ва коммуникатсия бо иштироки намояндагони кумитаҳои дигари Маҷлиси намояндагон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон 15 октябри соли 2015 баррасӣ ва ҷонибдорӣ карда шуд.
Пешниҳодҳои Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Шукурҷон Зуҳуров дар Шӯрои Маҷлиси намояндагон ба лоиҳаи қонун ворид карда шудаанд.
Лоиҳаи қонуни мазкур ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надорад.
Татбиқи лоиҳаи қонун аз Буҷети давлатӣ маблағи иловагиро талаб наменамояд.
Аз ин лиҳоз, аз шумо, вакилони гиромиқадр, эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки лоиҳаи қонуни мазкурро ҷонибдорӣ намоед.
Лоиҳаи қонун ба овоз монда, қонун қабул шуд. Вобаста ба қабули қонун Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Ҷаласаро Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷамъбаст намуд.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин ИСОЕВ