22 октябри соли 2021 дар қароргоҳи АБ ИДМ дар шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия таҳти раёсати раиси Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонӣ оид ба омӯзиши таҷрибаи сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ, раиси Комиссияи доимии Палатаи намояндагони Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Беларус оид ба сохтори давлатӣ, худидоракунии маҳаллӣ Валентин Семеняко ҷаласа доир гардид, ки дар он раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Файзалӣ Идизода муовини раиси комиссия интихоб шуд.
Иштирокчиёни ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаҳои Консепсияи рушди устувор барои кишварҳои аъзои ИДМ-ро бо дарназардошти пешниҳоду эродҳои расида баррасӣ ва тасдиқ карда, бо маълумот дар бораи татбиқи Консепсияи ҳамкории байниминтақавӣ ва наздисарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ дар давраи то соли 2020 ва Нақша — чорабиниҳо оид ба татбиқи он шинос шуданд.
Онҳо дар конфронси «Симои шаҳри муосир» бахшида ба «Соли меъморӣ ва рушди шаҳрсозӣ дар ИДМ», ки дар шаҳри Петергоф баргузор мешавад, низ иштирок мекунанд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон