Мардуми шарифу сарбаланди кишвар, чун солҳои пешин, бо ҳисси баланди шукронаву қаноатмандӣ аз рӯзгори ободу осуда, бистудусолагии Рӯзи Ваҳдати миллиро таҷлил менамоянд.
Хуб дар хотир дорем, ки кишвар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба «шарофат»-и фитнаву дасисаи неруҳои бадхоҳи дохиливу хориҷӣ ва ба ном «дилсӯзи миллат» ба гирдоби мухолифатҳои сиёсӣ печид. Дар натиҷа, ашхоси зиёд ба ҳалокат расида, беш аз як миллион ҳамватанон гуреза шуданд. Сохтори давлатдорӣ пурра фалаҷ гардида, иқтисодиёти мамлакат, тибқи ҳисоби пешакӣ, даҳ миллиард доллари ИМА хисорот дида, инфрасохтори иқтисодиву иҷтимоӣ харобу валангор шуд.
Ба хотири қатъи ҷангу хунрезӣ ва истиқрори сулҳ майлу иродаи қавӣ, ҷидду ҷаҳд ва аз худ гузаштанҳои Роҳбари давлат боис гардид, ки сулҳу оромӣ дар кишвар барқарор гардад.
Насли ҷавон бояд хуб дарк намояд, ки ваҳдати миллӣ осон ба даст наомадааст. Тавре аз далелҳои мавҷуда бармеояд, пас аз бисту як вохӯриву музокироти тарафҳо, ба хотири рафъи хатарҳои таҳмилӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ, ки қариб чор сол идома ёфт, низои миллӣ бартараф гардида, ниҳоят, санади тақдирсоз ва ҳаётбахши сулҳ, яъне ҳуҷҷати наҷоти миллат ва давлат ба имзо расид.
Моҳиятан, ваҳдати миллӣ заминагузори ҳама пешравиҳост. То замоне ки даргириҳо идома доштанд, Ҳукумат баҳри пешбурди сиёсат дасти кӯтоҳ дошт. Аз ҷониби дигар, вазъият он вақт барои татбиқи нақшаҳои ба созандагиву бунёдкорӣ рабтдошта умуман созгор набуд. Ба имзо расидани созишнома имкон фароҳам овард, ки барқарор кардани фаъолияти фалаҷшудаи шохаҳои ҳокимият ва сохтору мақомоти давлатӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа оғоз ёфта, минбаъд таваҷҷуҳ ба таҳкими пояҳои рушди иқтисоди миллӣ равона гардид.
Мехоҳам аз он ёдовар шавам, ки қисми даромади Буҷети давлатӣ аз 300 миллион сомонии соли 2000 — ум соли 2019 24 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, афзоиши он 80 баробарро ташкил медиҳад. Инчунин, Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ, ки соли 2000-ум 1 миллиарду 787 миллион сомониро ташкил медод, соли ҷорӣ 78 миллиарду 212,5 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки 43,7 маротиба зиёд аст. Даромадҳои ҷории Буҷети давлатӣ, аз рӯи воридоти андозӣ ва ғайриандозӣ, ки соли 2000-ум 251,7 миллион сомонӣ буд, соли 2019 — ум 17,5 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, суръати афзоиш 69,5 баробарро ташкил медиҳад.
Дар буҷети соли равон нисбат ба соли 2018 ба соҳаҳои фарҳангу варзиш 17,3 фоиз, илму маориф — 14, суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ — 9,5 ва тандурустӣ 7,2 фоиз зиёд маблағ равона мешавад. Илова бар ин, афзоиши қисми даромади Буҷети давлатӣ нисбат ба соли 2018-ум 13 фоиз, суръати рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ беш аз 7 фоиз таъмин гардида, даромади пулии аҳолӣ 10 фоиз афзоиш меёбад. Бегуфтугӯ, ин дастовардҳои арзанда самараи Ваҳдати миллӣ, таъмини амният ва субот мебошад.
Ҳарчанд ба ёд овардани айёми нобасомониҳо чандон ҷоиз нест, вале зарур аст аз он ёдовар шавем, ки чанд сол пеш бо чӣ мушкилот рӯ ба рӯ будем ва кӣ боис гардид, ки рӯзгори саодатманди онҳо таъмин гардад.
Таърихи ин ё он халқ дар сурате метавонад арзиш дошта бошад, ки наслҳои минбаъда аз он сабақ гиранд. Миллате, ки аз гузаштаи хеш сабақи зарурӣ мегирад, бе шакку шубҳа, роҳи ояндаро бе саҳву хато муайян хоҳад кард.
Даҳаи охирини асри бист халқи тоҷикро пешорӯи имтиҳону санҷишҳои сангину ҷиддӣ қарор доду Ватан хароб шуда, тамомияти марзии кишвар зери хатар қарор гирифт. Ба ибораи дигар, фаромӯш кардани гузашта, аз ёд бурдани сабақҳои таърих боис гардид, ки миллат по ба канори вартаи бетаг, қадам ба марзи водии нестӣ гузорад.
Он айёми ҳассос нишастан ба сари мизи гуфтушунид ягона роҳи аз нобудӣ раҳоӣ бахшидани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва наҷоти миллату мардуми Тоҷикистон аз парокандагӣ буд. Вале на ҳама ҳавасманди чунин тарзи кор буданд. Роҳбари мамлакат дар яке аз суханрониҳояшон зикр намуда буданд, ки «қисмати зиёди қумондонҳо ва ҳатто масъулини ҳамонвақтаи Ҳукумат барои оғози гуфтушунид бо мухолифин ҳавасманд набуданд». Танҳо азми қавӣ ва нияти неки Сарвари дурандеши давлат замина фароҳам овард, ки ин раванд муваффақона анҷом пазирад.
Шоҳиди ҳол будем, ки вилояти Хатлон, бахусус водии Вахш, дар маркази талошҳои сиёсӣ ва даргириҳои хунин қарор гирифт. Дар муддати на чандон тӯлонӣ, ки бенизомӣ, бесарусомонӣ, беқонунию беҳокимиятӣ ҳукмрон буд, бар асари ҷангу ҷидол ва задухӯрдҳои бемаънӣ ба соҳаҳои хоҷагии халқ чунон хисороте расид, ки мутмаинам, ки мислашро мардум надида буд. Минтақаи Вахш, ки бо заҳмати миёншикан, бо устуворию матонати ҳайратовари намояндагони ҳама маҳаллу манотиқи ҷумҳурӣ ободу корам ва шукуфон шуда, бо номи «водии тиллоӣ», «водии меҳру муҳаббат» шуҳрати хоса касб карда буд, ба саҳрои ваҳшоният ва маъвои бераҳмию бешафқатӣ табдил ёфт.
Бояд ҳеҷ вақт фаромӯш накунем, ки дар муддати кӯтоҳ аз баракати таъмини Ваҳдати миллӣ ва ба шарофати дастгирӣ ва таваҷҷуҳи хосаи Президенти мамлакат ин гӯшаи валангоршудаи мамлакат ободу зебо гардид. Боғу бӯстони хушкида аз нав сабзу хуррам гардида, ҳазорон манзилу муассисоти бар асари ҷанги шаҳрвандӣ харобу валангоршуда аз нав қомат афрохта, ба муҳити атроф шукӯҳу шаҳомати тоза зам намуданд. Қариб як миллион фирории иҷборӣ дубора ба оғӯши гарми Ватан баргашта, бо дастгирии бевоситаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯзгор барқарор намуданд, ки дар таҷрибаи ҷаҳонӣ камназир эътироф шудааст.
Таҳаввулоти охири ҷаҳони муосир ҳушдор медиҳад, ки барои пойдор нигоҳ доштани сулҳу субот дар ҷомеа, таҳкими он ва таъмини ҳаёти осоиштаи халқ бояд ҳамеша ҳушёру омода ва дар тарғиби Ваҳдати миллӣ фаъол бошем.
Хушбахтона, 22 сол аст, ки дар кишвар дигар садои тиру туфанг, нолаи талхи модарон ба гӯш намерасад. Мардум нафаси осуда мекашад ва бо эътимоди комил, бо дилҳои пур аз умед, орзуҳои наҷиб ба сӯйи фардои дурахшон собитқадамона роҳ мепаймояд.
Барҳақ гуфтаанд, ки «то гурусна намонӣ, ба қадри нон нарасӣ ва то ташна нашавӣ, лаззати об надонӣ». Тоҷику тоҷикистониён, ки чӣ будани ҷангҳои бемаънии хонумонсӯз, пайомадҳои даҳшатбори онро бо чашми сар дидаанд, хуб дарк кардаанд, ки Ваҳдати миллӣ, воқеан ҳам, неъмати бебаҳо аст.
Пешвои миллат дар яке аз суханрониҳояшон зикр карданд, ки «Ваҳдат дар сурате бегазанду абадӣ мемонад, ки ҳар як шаҳрванди кишвар манфиати милливу давлатиро аз ҳама манфиатҳои дигар боло гузорад, барои иттиҳоду ягонагии ҷомеа талош намояд, ба қадри сарзамини аҷдодии хеш расад ва онро чун модари худ азизу муқаддас шуморад».
Ин суханони пур аз ҳикматро анҷомбахши матлаб интихоб намуданам бесабаб нест, зеро он ҳамчун хулосаи асоснок, даъват, ҳушдор, роҳнамо маҳсуб шуда, бояд сармашқи кори ҳама бошад.
ҶОБИРЗОДА Тоҳир Гул, вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон