Чанде пеш дар Шӯрои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Нақши эъломия дар ташаккули фарҳанги умумибашарии ҳуқуқи инсон» семинари машваратӣ баргузор гардид. Онро раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода ифтитоҳ намуда, гуфт:
- Дар замони муосир, ки тафовутҳои фарҳангӣ ва тамаддунӣ торафт зиёд гашта истодаанд, ташаккули фарҳанги умумибашарии ҳуқуқи инсон яке аз масъалаҳои меҳварии инсоният дар ҳазорсолаи нав боқӣ мемонад. Яке аз намудҳои фарҳанги ҳуқуқи инсон фарҳанги умумибашарӣ аст. Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон ва дигар санадҳои байналмилалӣ ба ташаккули ин навъи фарҳанги ҳуқуқӣ таъсири бузург расонидаанд.
Номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ Ҷаҳонгир Саъдизода иброз дошт, ки ташаккулёбии фарҳанги умумибашарии ҳуқуқи инсон орзуву ормони башарият маҳсуб меёбад. Новобаста аз гуногунии тамаддуну фарҳангҳо зӯроварӣ, шиканҷа, таҳқир ва геносид барин зуҳуроти номатлуб набояд бо хусусияти милливу фарҳангӣ асоснок карда шаванд. Зеро новобаста аз тафовути арзишу фарҳангҳо миёни миллатҳо асоси умумӣ вуҷуд дорад, ки он ҳуқуқи инсон аст. Яке аз нахустин иқдоме, ки баъд аз таъсиси Созмони Милали Муттаҳид роҳандозӣ шуд, таҳияи лоиҳаи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон аст, ки он 10- уми декабри соли 1948 дар Иҷлосияи Ассамблеяи генералии СММ қабул гардид. Он айём инсоният аз ҷангу хунрезӣ ва поймолшавии ҳуқуқи инсон хаста гардида, муҳтоҷи қабули ин санади башардӯстона буд, ки то ҳол ба 501 забон ва лаҳҷаҳои дунё тарҷума шуда, паҳншудатарин санад дар рӯйи ҷаҳон ба шумор меравад.
- Дар нахустин моддаи Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон таъкид шудааст, ки «Тамоми одамон озод ва аз ҷиҳати шаъну шараф ва ҳуқуқҳо баробар ба дунё меоянд. Онҳо соҳиби ақлу виҷдонанд ва бояд бо якдигар муносибати бародарона дошта бошанд». Ҳамчунин ҳуқуқу озодиҳое, ки дар эъломия пешбинӣ шудаанд, минбаъд дар дигар санадҳои байналмилалӣ таҳким ёфтанд, — гуфт Ҷаҳонгир Саъдизода.
Яке аз омилҳои асосии ташаккули фарҳанги ҳуқуқи инсон таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон аст. Дар қисми 2, моддаи 26-и эъломия омадааст: «Мақсади таълим бояд рушди ҳамаҷонибаи шахсияти инсон, афзоиши эҳтиром ба ҳуқуқу озодиҳои инсон бошад. Таълим бояд ба ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ, дӯстии миёни халқҳо, гурӯҳҳои нажодӣ ва мазҳабӣ, ҳамчунин ба фаъолияти СММ дар нигоҳдории сулҳ мусоидат намояд».
- Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12- уми июни соли 2001 қабул гардидани «Барномаи низоми давлатии омӯзиши ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дар мактабҳои миёна васеъ ба роҳ мондани омӯзиши фанни таълимии «Ҳуқуқи инсон», дар сохтори факултети ҳуқуқшиносии ДМТ таъсис ёфтани кафедраи ҳуқуқи инсон ва ҳуқуқшиносии муқоисавӣ, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2012 қабул гардидани «Барномаи нави таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон барои солҳои 2013- 2020» ва дигар дастовардҳои муҳим самараи ташаббусҳоест, ки аз ҷониби СММ дар самти таълим дар соҳаи ҳуқуқи инсон роҳандозӣ мешаванд, — гуфт дар хотима Ҷаҳонгир Саъдизода.
С. СУННАТӢ, «Садои мардум».
Суратгир Н. АЛИЕВ