Рӯзҳои 23-24 феврали соли равон дар шаҳри Будапешти Ҷумҳурии Маҷористон дар доираи омодагӣ ба гузаронидани муколамаи Маҷмааи умумии Созмони Милали Муттаҳид ва бо мақсади густариши минбаъдаи ҳамкориҳо ва робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба миёни кишварҳои аъзои Иттиҳоди байнипарламентӣ семинари минтақавии давлатҳои Европаи Марказиву Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ дар мавзӯи «Таъсири мутақобилаи парламентҳо ба мақсади рушди устувор: сармоягузорӣ барои ҳамкориҳои оянда дар масъалаҳои тағйири иқлим ва захираҳои об» баргузор мегардад.
Тибқи даъвати Раиси Маҷлиси миллии (Парлумони) Ҷумҳурии Маҷористон ҷаноби Ласло Кёвер ва Котиби генералии Иттиҳодияи байнипарлумонӣ Мартинг Шунгонг дар семинари мазкур Ҷумҳурии Тоҷикистонро раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, ҳифзи сиҳатӣ, илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати байни ҷавонону занон дар ҷомеа Раҳимӣ Фарҳод намояндагӣ ва муаррифӣ мекунад.
Дар ин бора қарори дахлдори Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардидааст.
Дар кори семинар гузаронидани шаш ҷаласа, аз ҷумла «Об ҳамчун унсури меҳварии рушди устувор ва таъсиррасони танзими муассири захираҳои обӣ дар минтақа: иқдомҳои асосӣ барои аъзои парламентҳо» ба нақша гирифта шудааст, ки дар он баҳсу мунозираҳо атрофи масъалаҳои марбут ба об ва истифодаи он барои рушди ҳамкории байни парламентҳо сурат хоҳад гирифт.
Н. Қурбонзода, ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма