11 ноябри соли 2018 ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров дар чорабиниҳо бахшида ба ёдбуди қурбониёни Ҷанги якуми ҷаҳон ва таҷлили садсолагии сулҳи соли 1918, ки дар мавзеи Аркаи триумфалии шаҳри Парижи Ҷумҳурии Фаронса баргузор гардиданд, иштирок намуд.
Дар он, ки бо иштироки сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми даҳҳо кишвари дунё сурат гирифт, як силсила чорабинии идона, аз ҷумла гузашти низомӣ, дақиқаи хомӯшӣ, иҷрои «Марселиеза» ва дигар суруду оҳангҳои мавзӯӣ, барафрохтани оташи ҷовидонӣ дар назди мақбараи сарбози номаълум, инчунин, суханронии Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон, сурат гирифт.
Қабл аз чорабинии мазкур дар Осорхонаи Орсэи шаҳри Париж ба муносибати ташрифи меҳмонони воломақом намоиши асарҳои рассоми машҳур Пабло Пикассо баргузор гардид.
Дар ҳамин ҷо мулоқоти роҳбари ҳайати расмии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров бо як зумра роҳбарони ҳайатҳои кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла, бо Президенти Ҷумҳурии Фаронса Эммануэл Макрон, доир гардид, ки дар рафти он дуруду саломи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Фаронса расонида шуд.
Президенти Фаронса барои пазируфтани даъват ва иштироки ҳайати Тоҷикистон дар чорабиниҳои Париж изҳори миннатдорӣ намуд.
11 ноябри соли 2018 дар шаҳри Париж ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маросими ифтитоҳи Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ иштирок намуд.
Дар ҷамъомад, ки бо ширкати сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо, роҳбарони созмонҳои байналмилалӣ ва намояндагони воломақоми 85 кишвари дунё баргузор гардид, ноиби президенти Шӯрои тадорукоти Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ Триша Шетти, Президенти Фаронса Эммануэл Макрон, Канслери Олмон Ангела Меркел ва Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Антониу Гутериш суханронӣ намуданд.
Форуми Париж оид ба масъалаҳои сулҳ 12-13 ноябр идома ёфт ва дар он иштирокдорон масъалаҳои марбут ба мудирияти глобалӣ, аз ҷумла, амният ва сулҳ, муҳити зист, рушди устувор, технологияҳои нав ва иқтисоди инклюзивиро мавриди муҳокима қарор медиҳанд.
Пас аз анҷоми суханрониҳои сарони давлатҳо ва ҳукуматҳо дар ҷаласаи пленарии Форум, Шукурҷон Зуҳуров китоби «Меъмори сулҳ»-ро (ба забонҳои англисӣ ва фаронсавӣ) доир ба нақши таърихии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қатъи ҷанги шаҳрвандӣ ва барқарорсозии сулҳу субот ва шукуфоӣ дар Тоҷикистон ба китобхонаи «Сул»- и Париж тақдим карданд.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон