Таърихи ҷомеаи инсонӣ собит сохтааст, ки дин, дар баробари нақши мусбат доштан дар ташаккули фарҳанги башарӣ, тарбияи ахлоқию маънавӣ ва муттаҳидии инсонҳо, бо мақсадҳои ғаразнок ҳам истифода гардидааст. Дар зери шиорҳои динӣ ҷангҳои хунину кушторҳои зиёде ба анҷом расидаанд, намояндагони илму маърифат, мардони зиёди сиёсат бо баҳонаи ширку бидъат ва кофирию бединӣ таъқибу террор шудаанд.
Муайян намудани ҷойгоҳи воқеии дин дар рушду такомули ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита бо ҳама унсурҳои иҷтимоию фарҳангияш ва ба сӯйи созандагию пешрафт равона кардани он яке аз ҳадафҳои мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат буд.
Тавре Пешвои миллат изҳор доштанд, мутаассифона, дар фазои динии Тоҷикистон аз ҷумла, хурофоту таассуб, ифротгароии динӣ, тафриқаи мазҳабӣ, сиёсикунонии дин, бетарафӣ, бегонапарастӣ, таълими ғайрирасмии динӣ ва ифротишавии баъзе шаҳрвандон дар шароити кунунӣ ҳамчун таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ боқӣ мемонанд.
Бояд гуфт, ки дар кишвари мо муносибати қонунгузорӣ нисбати таълими динӣ ва фаъолияти муассисаи таълимии динӣ яке аз масъалаҳои бисёр муҳимест, ки ба муносибати дину давлат ва бо маърифати динии мардум робитаи зич дорад. Дар ин робита дар моддаи 7-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ» чунин омадааст: «Мутобиқи принсипи ҷудо будани таҳсилоти давлатӣ аз иттиҳодияҳои динӣ таълим дар муассисаҳои давлатии таҳсилоти умумӣ хусусияти дунявӣ дошта, дастрас будани намудҳо ва зинаҳои гуногуни таҳсилот, новобаста аз муносибат ба дин, таъмин карда мешавад».
Дар ин робита Президенти мамлакат аз ҷумла, чунин фармуданд: «Таҳлилу баррасии иқдомоти тайи беш аз 32 сол амалкардаи Ҳукумати Тоҷикистон дар муносибат ба дин нишонаи он аст, ки давлати демократӣ ва дунявии мо дар роҳи таъмин намудани озодии виҷдон қадамҳои устувор гузошта, рисолат ва вазифаи таърихии худро дар назди мардуми эътиқодманд дар сатҳи зарурӣ иҷро карда истодааст».
Вале, тибқи сарчашмаҳои боэътимод, дар давраи аз соли 2020 то соли 2023 дар кишвар 680 ҳолат ва дар соли 2023-юм 300 ҳолати таълими ғайриқонунии динӣ ошкор ва ҷалби беш аз 4100 нафар пешгирӣ карда шудааст, ки аз вусъати раванди мағзшӯйии кӯдакону наврасон ва ҷавонон дарак медиҳад. Дар ин давра аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 520 нафар ходимони дин барои чунин қонуншиканиҳо ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шудаанд. Ин дар ҳолест, ки дар 10 соли охир аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ 1320 ҷинояти монеъ шудани волидайн ба гирифтани таҳсилоти миёнаи асосии фарзандон ошкор гардидааст. Бо вуҷуди ин, 4 ҳазору 150 нафар шаҳрванд бар хилофи тартиби муқарраршуда ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, ба муассисаҳои таълими динӣ ба таври ғайрирасмӣ шомил шудаанд, ки боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.
Аз ин рӯ, дар мулоқоти мазкур Пешвои миллат дар бораи таҳсили ғайрирасмии динӣ дар дохил ва хориҷи мамлакат сухан ронда, вобаста ба таҳдиду хатарҳои он чунин изҳор намуданд: «Шахсоне, ки аз таҳсил дар муассисаҳои таълими динии ғайрирасмӣ ва шубҳаноки кишварҳои хориҷӣ бармегарданд, ба фазои динии Тоҷикистон афкори тундраву душманонаро ворид месозанд».
Пешвои миллат, инчунин, зикр намуданд: «Дар замони шуравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 34 масҷид, 15 калисо, ду куништ (синагога) фаъолият доштанд. На ҳаҷ буд, на ҳоҷӣ буд, на умра буд, на донишкадаи исломӣ ва на шумораи зиёди масҷидҳои панҷвақтаю ҷумъахонӣ. Вале бо вуҷуди чунин маҳдудиятҳои қатъии он замон на ифротӣ буд, на террористи динӣ ва на фитнаву дасисаи динӣ».
Мутаассифона, бар ивази ҳама тадбирҳои то имрӯз амалигардида ва дастгирию пуштибонии давлату Ҳукумат ҷиҳати муътадил нигоҳ доштани вазъи динӣ дар мамлакат таассубу хурофот, тафриқаандозӣ, бегонапарастию зиёдаравӣ, ифротгаройӣ ва амалҳои террористии хусусияти динидошта ба омили ташвишовар ва нигаронии ҷиддӣ табдил ёфта истодааст.
Гумони ғолиб он аст, ки барои сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик омили ифротишавии ҷомеа ва пайвастани шаҳрвандон ба созмонҳои террористии хусусияти динидошта дар шароити кунунӣ низ ҳамчун таҳдиди ҷиддӣ боқӣ мемонад ва дар сурати пешгирӣ нагардидани ин раванд оқибати ногувор хоҳад дошт.
Бинобар ин, аҳли зиё ва намояндагони динро мебояд ҳисси баланди ифтихори миллӣ дошта бошанд, дар фаъолияти худ арзишҳо ва манфиатҳои миллиро дар мадди аввал гузоранд. Масъалаи дарки манфиати миллӣ ва ҳимояи он дониши баланди сиёсиро талаб менамояд. Агар ҷомеа, хусусан ходимони дин, бо донишҳои сиёсӣ мусаллаҳ бошанд ва вазъи печидаю мураккаби геополитикии муосирро дарк намоянд, метавонанд аз манфиати миллату давлат ҳамеша пуштибонӣ намоянд ва аз ҳама муҳим, ба доми фиреби гурӯҳҳои манфиатхоҳ гирифтор нашаванд.
Ходими дин, пеш аз ҳама, нисбати тақдири ватанаш бетарафу бепарво набояд бошад. Агар яке аз сабабҳои ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ кашидани аҳолӣ истифодаи ғаразноки эҳсоси динии мардум буд, дигар омили асосӣ бетарафию бетафовутӣ нисбат ба тақдири давлат ва миллат маҳсуб мешавад.
Ҳамин тариқ, вохӯрии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат ба тарбияи маънавию ахлоқӣ ва дуруст ба роҳ мондани муносибати давлат ва созмону ташкилотҳои динӣ-мазҳабӣ, дарки дурусти манфиатҳои миллӣ таъсири амиқ гузошт. Мо, вакилони мардумӣ, фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дин, вазифадорем, ки муҳтаво ва гуфтаҳои пурҳикмати Пешвои миллатро дар зеҳни мардум ҷо намоем.
Мавлудахон МИРЗОЗОДА,
муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон