Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон ҳамовозии бештар меёбанд
Даҳуми июни соли 2024 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар доираи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» дар мавзуи «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон» форуми байналмилалии парламентӣ баргузор гардид.
Дар он вакилони парлумонҳои беш аз 20 кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Ҷопон, Туркия, Қазоқистон, Туркманистон, Ӯзбекистон, Покистон, Беларус, Озарбойҷон, Гурҷистон, Малайзия, Арманистон, Австрия, Босния ва Герсеговина, Молдова, Непал, Руминия ва намояндагони минтақавию кишварии ниҳодҳои байналмилалӣ, иштирок доштанд.
Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ форумро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфт ва изҳор дошт, ки форуми имрӯза тавсеабахши ҳамкорӣ оид ба истифодаи оқилонаи об бо назардошти пешоҳангии ҷониби Тоҷикистон дар заминаи ташаббусҳои ҷаҳонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба масъалаҳои обу энергетика ба шумор меравад. Ҳадафи форум низ муттаҳид кардани талошҳои ҷонибҳо барои муваффақ ва натиҷабахш гардондани ин иқдом арзёбӣ гардид.
- Дар асоси рӯзномаи Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд (ICPD) кӯшишҳои заруриро бояд барои ноил шудан ба ҳадафҳои умумии дар барномаи амал муайяншуда роҷеъ ба мушкилоти демографӣ, тағйирёбии иқлим, амнияти об ва озуқаворӣ ва тавсеаи дастрасӣ ба энергияи барқароршаванда сафарбар намоем, — зикр кард номбурда.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода зимни суханронӣ аз ҷумла, иброз дошт, ки нишасти имрӯзаи мо дар ҳамовозӣ ба яке аз ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» баргузор мегардад.
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба истифодаи оқилонаи об аз минбари Созмони Милали Муттаҳид маърӯза ва ташаббус намуданд, ки дар натиҷа қатъномаҳои дахлдор қабул гардид. Ба шарофати ин абармард ҳоло ҷаҳониён Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҳамчун кишвари фаъол, ташаббускор ва яке аз субъектҳои асосии «дипломатияи об» мешиносанд. Ифтихормандам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббускори асосии «Соли байналмилалии оби тоза» (соли 2003), Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об — барои ҳаёт» (солҳои 2005-2015), «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об» (соли 2013), Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» мебошад. Итминони комил дорам, ки иштирокдорони форуми имрӯза ба шарофати ҳамкорӣ ва густариши шарикӣ ҳуҷҷатҳои ниҳоии ин чорабиниро барои мусоидат ба раванди татбиқи ҳадафҳои рушди устувори захираҳои об ва беҳдошт истифода хоҳанд кард, — таъкид кард Маҳмадтоир Зокирзода.
Номбурда, ҳамчунин, афзуд, ки ҳоло мушкилоти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист аз мавзуъҳои мубраму ташвишовари ҷомеаи ҷаҳонӣ маҳсуб ёфта, бидуни ҳамкорӣ ва ҳамгироии байналмилалӣ ҳалли он ғайриимкон гардидааст. Тоҷикистон, ки 93 фоизи қаламрави онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, таъсири тағйирёбии иқлимро бештар эҳсос менамояд ва яке аз кишварҳои осебпазири ҷаҳон дар ин раванд маҳсуб меёбад. Офатҳои вобаста ба иқлим дар шакли ярч, сел, обхезӣ, хушксолӣ ва тармафароӣ дар Тоҷикистон ҳамасола ба вуқӯъ пайваста, боиси талафоти ҷонӣ ва хисороти инфрасохторӣ мешаванд.
Бино ба гуфти нотиқ, яке аз нишонаҳои возеҳи ҳамбастагии обу иқлим обшавии босуръати пиряхҳо ба шумор меравад. Тайи чанд даҳсолаи охир аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон, ки манбаи ташаккул ёфтани то 60 фоизи обҳои Осиёи Марказӣ мебошанд, як ҳазораш пурра об шудааст.
- 15 декабри соли 2022 Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид бо пуштибонӣ аз ташаббуси панҷуми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об қатъномаро дар бораи эълон кардани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» қабул кард. Тибқи ин санад 21 март «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» эълон гардида, дар назди Созмони Милали Муттаҳид «Фонди мақсадноки ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шуд. Бо ташаббусҳои дигари Тоҷикистон дар соҳаи об Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид даҳ қатънома қабул кардааст, ки ҳадафи онҳо ба муттаҳидсозии ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати ҳалли мушкилоти мавҷудаи вобаста ба об ва суръат бахшидан ба амалҳо дар ин ҷода нигаронида шудааст. Ҳоло татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018 — 2028» идома дорад. Мо қарорҳои Созмони Милали Муттаҳидро дар раванди ҳалли мушкилоти тағйирёбии иқлим ва норасоии об бисёр муҳим ва самарабахш медонем ва албатта, талошҳои худро дар ин самт тақвият хоҳем дод, — афзуд Маҳмадтоир Зокирзода.
Тоҷикистон аз рӯи миқёси масоҳат дар ҷаҳон ҷои 85-умро ишғол мекунад, аммо аз ҷиҳати захираҳои гидроэнергетикӣ пас аз кишварҳои Чину Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Бразилия, Заир, Ҳиндустон ва Канада дар ҷои 8-ум қарор дорад. Ин иқтидор аз лиҳози саҳми минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар паст кардани фишори экологӣ ба муҳити табиӣ, кам кардани партовҳои гази карбон ба атмосфера ва таъсири манфии тағйирёбии иқлим хеле муҳим аст. Истифодаи манбаъҳои барқароршавандаи энергия дар Тоҷикистон барои истеҳсоли неруи барқ воситаи ноил шудан ба ҳадафҳои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва рушди иқтисодӣ эътироф шудааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти имконияту захираҳои «энергияи сабз» дар кишвар барои боз ҳам афзоиш додани истеҳсоли неруи «барқи тоза» ва ба ин васила, беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист ва вазъи экологии мамлакат тамоми имкониятҳоро сафарбар намудааст.
- Парламенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ташаббусҳои қонунгузорӣ маркази чорабиниҳои гуногун оид ба ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим мебошад. Дар тӯли фаъолияти парламенти кишвари мо вобаста ба ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим беш аз 30 қонун қабул намудааст. Парламент ҳамарӯза баҳри иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти тағйирёбии иқлим ва ҳифзи муҳити зист такмили қонунгузории кишварро роҳандозӣ намудааст. Имрӯз дар Тоҷикистон заминаи мукаммали қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва тағйирёбии иқлим фароҳам аст. Барои мисол, дар иртибот ба пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон гардидани соли 2025-ум «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи пиряхҳо» қабул гардид. Ҳамчунин, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҷалби ҷавонон, олимон, рӯзноманигорон, дар маҷмӯъ, ҷомеаи шаҳрвандӣ доир ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, хусусан ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, гармшавии глобалӣ, хушксолӣ, обшавии пиряхҳо ва ҳифзи манбаъҳои об ҳамасола озмунҳои ҷумҳуриявӣ баргузор менамояд. Илова бар ин, ҳамасола дар доираи муҳокимаҳои парламентӣ иҷрои барномаҳои давлатӣ марбут ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист таҳлил мешавад, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.
Бо намояндагӣ аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ суханронӣ кард. Ӯ бо ёдоварӣ аз таъсири пайомадҳои тағйирёбии иқлим ба кишвар чунин изҳор дошт: «Мо аз офатҳои табиии марбут ба об, ки дар ҳолатҳои алоҳида ҳатто боиси талафоти ҷонӣ мегарданд, дар қатори дигар давлатҳо ҳамасола зарари зиёди молию моддӣ мебинем. Бо мақсади паст кардани таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии кишвар Ҳукумати Тоҷикистон «Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим барои давраи то соли 2030»-ро татбиқ менамояд. Баҳри расидан ба ҳадафҳои ин стратегия кумаки молиявии ҷомеаи байналмилалӣ, аз ҷумла барои баланд бардоштани иқтидор ва интиқоли «технологияҳои сабз», зарур мебошад. Умед дорем, ки кишварҳои аъзо ва дигар шарикон ба талошҳои мо дар ин ҷода пайваст хоҳанд шуд».
Боиси қаноатмандист, ки бо ташаббуси Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 21-уми декабри соли 2016 аз ҷониби Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» қабул гардид. Ҷиҳати татбиқи ташаббусҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти истифодаи самарабахши захираҳои об то ин давра як қатор корҳои назаррас ба анҷом расидааст.
- Тағйирёбии иқлим, пеш аз ҳама, ба манбаъҳои захираҳои об таъсири манфӣ мерасонад. Харобшавии манбаъҳои об яке аз нишондиҳандаҳои манфии тағйирёбии иқлим ба шумор меравад. Лозим ба ёдоварист, ки бо ташаббуси Тоҷикистон қатъномаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълон намудани соли 2025 «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва 21-уми март «Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо» қабул гардида, «Фонди мақсадноки байналмилалӣ оид ба масъалаҳои ҳифзи пиряхҳо» таъсис дода шуд. Тоҷикистон саҳми молии аввалияи худро ба ин фонди мақсаднок гузошт. Умед дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ низ дар ин фонд ҳиссагузор хоҳанд буд. Итминон дорем, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ, ҳамчунин, дар татбиқи саривақтии дигар ҳадафу уҳдадориҳои марбут ба об, бахусус натиҷаҳои Конфронси сеюми оби Созмони Милали Муттаҳид, саҳми босазо хоҳад гузошт, — зикр кард Дилрабо Мансурӣ.
Дар форум, ҳамчунин, иҷрокунандаи вазифаи Раиси Сенати Малайзия датук Нур Ҷазлон Муҳаммад, муовини Раиси Маҷлиси Парламенти Ҷумҳурии Қазоқистон Дания Еспаева, муовини Раиси Палатаи қонунгузории Ҷумҳурии Ӯзбекистон Улуғбек Иноятов, директори минтақавии Форуми парлумонҳои Осиё оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд дар Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказӣ Флоренс Бауэр, сафири фавқулода ва мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Айкӣ Тошихиро суханронӣ карда, паёми видеоии иҷрокунандаи вазифаи Раиси Форуми парлумонҳои Осиё оид ба нуфуси аҳолӣ ва рушд, узви Палатаи намояндагони Филиппин Эдсел Лагман шунида шуд.
Қисми ифтитоҳии форум бо маросими расмгирии роҳбарони ҳайатҳо ва меҳмонон дар саҳни Китобхонаи миллӣ ба охир расид.
Қобили зикр аст, ки зимни баргузории форум масоили тавонмандсозии занон, ҷавонон, баробарии гендерӣ, устувории демографӣ, камбизоатӣ, норасоии об ва тағйирёбии иқлим, инчунин, роҳҳои ҳалли татбиқи иқтидори пурраи занон тавассути сиёсати оилавӣ, таҳкими шарикӣ ва суръат бахшидан ба амалҳо барои ноил шудан ба Рӯзномаи 2030, табодули таҷриба барои баланд бардоштани огоҳӣ ва саҳмгузорӣ оид ба рушди устувор матраҳ шуд. Ҳамзамон, Эъломияи Душанбе таҳия ва қабул гардид, ки дар он амалҳои мушаххаси аз ҷониби вакилони парлумонҳо барои муайян намудани афзалияти устувории демографӣ, баробарии гендерӣ, тавсеаи ҳуқуқу тавонмандиҳои ҷавонон, амнияти об ва амалҳо оид ба тағйирёбии иқлим баҳри ноил шудан ба рӯзномаи Конфронси байналмилалӣ оид ба аҳолӣ ва рушд, инчунин, Ҳадафҳои рушди устувор инъикос ёфтаанд.
Иштирокчиёни форум рӯзи 11 июни соли 2024, дар ифтитоҳи Конфронси сеюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» низ иштирок намуда, маконҳои фарҳангии шаҳрҳои Душанбе ва Ҳисорро тамошо карданд.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
Сайфиддин СУННАТӢ,
Шарифҷон ҲУСЕЙНЗОДА,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ