11-уми сентябри соли 2024 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷиҳати иштирок дар кори дуюмин Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ, ки дар мавзуи «Нақши парламент ва органҳои намояндагии ҳокимияти Осиёи Марказӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа» дар шаҳри Хива баргузор мегардад, ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон сафар намуданд.
Раиси Маҷлиси намояндагонро дар ин сафар раиси Комиссия оид ба назорати Дастур ва ташкили кори Маҷлиси намояндагон Ҷамшед Муртазозода, вакили Маҷлиси намояндагон Солеҳа Холмаҳмадзода ва роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода ҳамроҳӣ менамоянд.
Худи ҳамон рӯз ҳайати парлумонии Тоҷикистон дар доираи сафарашон ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз Маҷлиси намояндагони Ҷумҳурии Ӯзбекистон ва Осорхонаи марказии шаҳри Тошканд дидан намуданд.
12-уми сентябри соли 2024 ҳайати парлумонии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи сафар ба Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар кори дуюмин Форуми байнипарламентии давлатҳои Осиёи Марказӣ дар мавзуи «Нақши парламент ва мақомоти намояндагии ҳокимияти Осиёи Марказӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа» иштирок намуд.
Дар оғози форум Раиси Сенати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёевро ба иштирокчиёни форум расонид.
Сипас, дар назди иштирокчиёни форум Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода баромад намуда, суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷаласаи шашуми машваратии сарони кишварҳои Осиёи Марказиро, ки моҳи августи соли равон дар пойтахти Қазоқистон бомуваффақият баргузор гардид, махсусан қайд намуд: «Тақвияти ҳамгироии минтақавӣ дар хонаи умумии мо – Осиёи Марказӣ кори ихтиёрӣ нест, балки зарурати объективӣ мебошад. Боиси хушнудист, ки дар давоми шаш соли охир дар минтақа дар ин бобат дигаргуниҳои мусбат ба амал омаданд. Ин ба шарофати азму иродаи қавии сиёсии мо ва мустаҳкам шудани муҳити боварии ҳамдигарӣ ва пешгӯишаванда имконпазир гардид.
Дар шароити кунунии тағйироти босуръати ҷаҳон зарурати ташаккули дидгоҳи умумӣ ба ояндаи Осиёи Марказӣ ба миён омадааст.
Вазифаи мо аз он иборат аст, ки бо саъю кӯшиши муштарак як минтақаи пешрафта ва шукуфон бунёд кунем, ки дар он тибқи пешбиниҳои СММ то соли 2050 беш аз 100 миллион нафар зиндагӣ хоҳанд кард».
Изҳори хушнудӣ шуд, ки кишварҳои минтақа бар пояи принсипҳои ҳусни тафоҳум, эътимод ва эҳтироми ҳамдигар робитаҳои дӯстона ва шарикии бисёрҷанбаи мутақобилан судмандро барқарор ва пайваста пеш мебаранд.
- Итминон дорам, ки ҷаласаи имрӯза бахшида ба нақши парлумон ва мақомоти намояндагии Осиёи Марказӣ дар рушди иҷтимоию иқтисодии минтақа ба рушди минбаъдаи ин равандҳо мусоидат намуда, ба кишварҳои мо имкон медиҳад, ки заминаи мусоидро таҳким ва густариш диҳанд, шароити расидан ба ҳадафҳои умумӣ – таҳкими сулҳу суботи минтақа, таъмини рушди муштарак ва зиндагии шоистаи халқҳоямонро таъмин намояд. Дар ин замина парлумони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори ҳамкориҳои фаъоли мақомоти қонунгузори кишварҳои мост.
Мо муколамаи ошкоро ва эътимодбахшро оид ба масъалаҳои мубрами байналмилалӣ ва минтақавӣ муҳимтарин омили таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ мешуморем, — иброз дошт М. Зокирзода дар форум.
Таъкид гардид, ки бо назардошти асос ва ҳадафи амалӣ гардонидани ташаббусҳои ҷаҳонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июни соли ҷорӣ Анҷумани байналмилалии парлумонҳо таҳти унвони «Захираҳои об ва устувории демографӣ ба манфиати ҷавонон»-ро баргузор намуд. Ин ҳамоиши байналмилалии парлумонӣ зарурати афзоиши саҳми вакилонро дар мубориза бо тағйирёбии иқлим, ҳифзи муҳити зист, истифодаи оқилонаи захираҳои обу энергетикӣ, таъмини амнияти энергетикӣ ва озуқаворӣ ва пешбурди лоиҳаҳо ва барномаҳои байналмилалӣ дар ин самтҳо тасдиқ кард.
- Мо ба наздикӣ чорабинии муҳими байналмилалӣ — Конфронси байналмилалии байнипарламентӣ бахшида ба 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мегузаронем. Қабули Қонуни асосии кишвар барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ, инчунин, ба таъмини суботи конститутсионӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар кишвари мо заминаи мустаҳкам гузошт.
Аз фурсат истифода бурда, ҳамаи шуморо барои иштирок дар ин ҳамоиш, ки рӯзҳои 10-11 октябри соли равон дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, даъват менамоям, — изҳор намуд дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.
12-уми сентябр дар доираи Форуми байнипарлумонии давлатҳои Осиёи Марказӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо Раиси Сенати Ҷумҳурии Ӯзбекистон Танзила Норбоева мулоқот намуд.
Зимни мулоқот таъкид гардид, ки комёбиҳои дар минтақа бадастомада бешубҳа натиҷаи саъю кӯшиши сарони давлатҳо мебошад.
Инчунин, дар мулоқот ғанӣ гардонидани робитаҳои байнипарлумонӣ бо мазмуни нав ва истифодаи самараноки назорати парлумонӣ дар татбиқи тавофуқоти дар сатҳи олӣ ҳосилшуда баррасӣ шуданд.
Зарурати боз ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти гурӯҳҳои дӯстии байнипарлумонӣ ва комиссияҳои ҳамкорӣ таъкид шуд. Ҳамзамон, дар бораи такмили заминаи ҳуқуқӣ дар самтҳои муҳимтарини ҳамкории кишварҳои минтақа ва роҳандозии табодули таҷриба миёни мақомоти намояндагии маҳаллӣ мувофиқа ҳосил шуд.
Таъкид гардид, ки муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Ӯзбекистон дар сатҳи боварибахш рушд карда истодааст ва мардуми ду кишвар аз таҳкиму тавсеаи робитаҳо қаноатманд ҳастанд.
12-уми сентябри соли 2024 дар доираи Форуми дуюми байнипарлумонии кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти роҳбарони дастгоҳҳои парлумонҳои Осиёи Марказӣ баргузор шуд.
Дар мулоқот роҳбари Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуҷаббор Сатторзода таъкид намуд, ки иштироки кормандони парлумон дар иҷрои масъалаҳои дар ҷараёни анҷуман баррасишуда, пешниҳоду ташаббусҳои ба миён гузошташуда ва вазифаҳои муайяншуда аҳамияти хоса дорад.
Дар татбиқи барномаву лоиҳаҳое, ки ба рушди ҳамкории парлумонҳо, равобити комиссияҳои байнипарлумонӣ ва гурӯҳҳои дӯстӣ нигаронида шудаанд, саҳми кормандони парлумон муҳим арзёбӣ гардид.
Зимни суҳбат роҳбарони дастгоҳҳои парлумонҳо оид ба мунтазам роҳандозӣ намудани ҳамкориҳо табодули афкор намуда, доир ба таҳлили раванди рушди робитаҳои байнипарлумонӣ, такмили ҳамкории хадамоти илмию экспертӣ ва иттилоотию таҳлилии парлумонҳои кишварҳои минтақа мувофиқа ҳосил шуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ