7-уми ноябри соли 2023 узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Муҳамадулло Шерализода ва муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулқодир Мавлодод дар Форуми минтақавии «Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар роҳ ба сӯи Конфронси 28-уми ҷонибҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим — 5 кишвар — 1 минтақа — 1 овоз», ки дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.
Дар кори форум роҳбарони сохторҳои давлатии кишварҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим, намояндагони сохторҳои давлатӣ ва парлумонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ, фаъолони ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ, академӣ, илмӣ, намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ ва Маркази минтақавии экологии Осиёи Марказӣ иштирок намуданд.
Ҳадаф аз баргузории форуми мазкур фаъолсозии ҳамкориҳои минтақавӣ оид ба масъалаҳои тағйирёбии иқлим дар Осиёи Марказӣ, ҳамоҳангсозии мавқеи давлатҳои Осиёи Марказӣ оид ба масъалаҳое, ки дар форум баррасӣ шудаанд, баланд бардоштани самаранокии иштироки кишварҳои Осиёи Марказӣ дар кори он арзёбӣ гардид.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон