13-уми майи соли ҷорӣ дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Форуми занони Осиё дар мавзуи «Равиши минтақавӣ дар масъалаҳои тавсеаи ҳуқуқ ва имконоти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии занон» баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мавсума Муинӣ иштирок ва суханронӣ кард.
Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки дар солҳои истиқлолият дар самти аз байн бурдани қолабҳо ва таъмини сиёсати самарабахши гендерӣ, ки самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлати мо мебошад, корҳои бузург анҷом дода шуданд. Дар ин замина, дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баланд бардоштани нақши занон дар ҷомеа» аз 3 декабри соли 1999 ба вазифаи яке аз муовинони роҳбарони вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва муассисаю идораҳои дигар занон таъин карда мешаванд. Дар Тоҷикистон мубориза бо ҳолатҳои таҳқиру зӯроварӣ нисбати занон, бисёрзанӣ ва маҳдуд кардани ҳуқуқи занону духтарон пурзӯр шудааст.
Таъкид гардид, ки имрӯз занони Тоҷикистон дар зинаҳои мухталифи тамоми соҳаҳои ҳаёт ва дар мақомоти олии қонунгузор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин, сохторҳои давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъол буда, дар рушди соҳаҳои дигари ҷомеа саҳми арзанда доранд.
Аз шумораи умумии хизматчиёни давлатӣ 25 фоиз, аз ҷумла дар вазифаҳои роҳбарикунанда қариб 20 фоизро занон ташкил медиҳанд. Зиёда аз нисфи кормандони соҳаҳои тиб, илм, маориф ва хизматрасонии ахборот занон мебошанд.
Шумораи умумии занон дар соҳаи маориф 73 фоиз, тандурустӣ — 71, фарҳанг — 47, бонкдорӣ — 39, алоқа 25 фоиз, аз ҷумла дар соҳаи хизматрасонии иттилоотӣ қариб 40 фоизро ташкил медиҳад.
Ин омор гувоҳӣ медиҳад, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо ва барномаҳоеро қабул кардааст, ки ҳадафи асосии онҳо фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагӣ ва фаъолияти занон, таъмини иштироки ҳамаҷонибаи онҳо дар ҳалли мушкилоти ҳаётӣ ва устувории онҳо мебошад.
Дар чорабинӣ, ҳамчунин, афзоиши нақши занон дар палатаҳои болоӣ ва поёнии парлумонҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, маҷлисҳои маҳаллӣ ва мақомоти иҷроия таъкид шуд.
- Итминон дорам, ки форуми имрӯза ба табодули таҷрибаи пешқадам мусоидат мекунад ва бо муттаҳид кардани саъю кӯшиши ҳамаи ҷонибҳо метавонем роҳҳои ҳалли мушкилоти мавҷударо муайян кунем, — гуфт дар интиҳо Мавсума Муинӣ.