11 декабри соли 2020 таҳти раёсати муовини Раиси Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон Хайриниссо Юсуфӣ бо иштироки Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода, муовинони ӯ Қодири Қосим ва Дилрабо Мансурӣ ҷаласаи вакилони аъзои ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагон баргузор гардид, ки дар он масъалаи интихоби раиси нави Фраксияи ҲХДТ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Хайриниссо Юсуфӣ иброз дошт, ки вакилони ҲХДТ дар парлумон баҳри амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, инчунин, татбиқи Барномаи ҳизб ва таҳкими низоми қонунгузории кишвар кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон Эмомалӣ Насриддинзода зикр кард, ки мақоми ҳуқуқии Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи моддаи 52 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон», боби 4 Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қисми 4 оинномаи ҲХДТ муайян шудааст.
- Зарурати таъсиси Фраксия, пеш аз ҳама, дар фаъолияти дастаҷамъона ва изҳори мавқеи ягонаву ақидаҳои сиёсӣ вобаста ба масъалаҳое, ки Маҷлиси намояндагон баррасӣ менамояд, инчунин, амалигардонии барнома ва ҳадафҳои барномаи пешазинтихоботии ҳизб асос меёбад, — афзуд Эмомалӣ Насриддинзода.
Сипас, бо қарори ҷаласаи вакилон — аъзои ҲХДТ узви Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Фозил Обидов раиси Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуд.
Дар ин бора Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ дод.
«Садои мардум»