Фраксияи ҲХДТ дар парлумон баҳри таҳкими сиёсати ҳуқуқӣ нақши муҳим дорад

№32 4294 09.03.2021

IMG_1227Сеюми марти соли равон дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқоти аъзои Фраксияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикис­тон (ҲХДТ) дар парлумон бо роҳбарони кумитаҳои иҷроияи ҳизб дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои кишвар баргузор шуд.

Муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Дилрабо Мансурӣ зимни суханронӣ гуфт, ки дар кишвар ҳанӯз аз рӯзҳои аввали соҳиб­истиқлолӣ ­масъалаи ташаккули ҳизбҳои сиёсӣ ва низоми бисёр­ҳизбӣ роҳандозӣ шуда, нахуст Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ» қабул гардид. Ҳуҷҷати ­зикршуда нақш ва мавқеи ҳизбҳои сиёсӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои онҳоро мушаххас намуда, муносибатҳои иштирок дар ҳаёти сиёсии ҷомеа ба воситаи рушди иродаи сиёсии шаҳрвандон, инчунин, ба амал баровардани ҳокимиятро ба воситаи намояндагон танзим менамояд.

- Роҳи тайнамудаи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буда, собит намудааст, ки он ҳизби халқ аст. Зеро ҳама идеяаш аз қаъри дили мардум нумӯъ карда, фаъолияташ ба манфиати халқ равона шудааст.

 Бино ба гуфти Дилрабо Мансурӣ, Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон тӯли солҳо ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ дар ҷомеа нуфузи махсусро соҳиб гардида, аз оғози таъсисёбӣ дар рушди мамлакат нақши сазовор гузошта истодааст. Он бо рисолати созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона миёни мардум ба таври шоиста муаррифӣ гардида, аз гурӯҳи хурд ба ҳизби муосири қариб ниммиллионнафара, ба неруи пешсаф, ташаббускору созанда табдил ёфтааст.

Зикр шуд, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат ба рушди ҳизбҳои сиёсӣ ва фаъолияти озодонаи онҳо дар доираи қонунгузории кишвар фазои мусоид фароҳам оварда, ҳизбҳои сиёсӣ дар маъракаҳои сиёсии интихоботӣ ширкат варзида, мавқеашонро дар ҳаёти сиёсии мамлакат муайян менамоянд. Шаффоф ва одилона баргузор гардидани интихоботҳо далели он аст, ки дар ҷумҳурӣ плюрализми сиёсӣ, яъне баробарӣ, риоя карда мешавад.

- Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2000-ум фаъолиятро тибқи барномаву ҳадафҳои ҳизб ва дастурҳои Сарвари ҳизб роҳандозӣ намуда истодааст, — афзуд Дилрабо Мансурӣ ва доир ба фаъолияти парлумон маълумот дода, изҳор дошт, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳайати нави роҳбарият ва вакилон аз ҳисоби мутахассисони соҳаҳои гуногун, аз қабили ҳуқуқшиносу иқтисодчӣ, муҳандису меъмор ва табибу омӯзгор, иборат аст, ки таҷриба ва донишу малакаи касбиашон дар раванди қонунэҷодкунӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати қонунгузорӣ мусоидат менамояд.

DSC_5458Роҳбари Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон Фозил Обидзода иброз дошт, ки вохӯрии аъзои фраксия бо роҳбарону ­масъулони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таҳким ва рушди сиёсати ҳуқуқии кишвар нақши муҳим мегузорад.

- Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад, бевосита санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ – қонунҳои конститутсионӣ, кодексҳо, қонунҳо ва қарорҳоро қабул намуда, аз тариқи ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод ва таклифҳоро амалӣ менамояд. Дар ин самт нақш ва ташаббуси Фраксияи ҲХДТ дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон назаррас аст, — афзуд Фозил Обидзода.

Баъдан, раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба сохтори давлатӣ ва худидоракунии маҳаллӣ Абдураҳим Холиқзода доир ба нақш ва мавқеи ҲХДТ дар давраи навини давлатдории тоҷикон суханронӣ намуд. Ӯ роҷеъ ба рисолати созандаву бунёдкорона ва ватандӯс­тонаву ватанпарваронаи ҳизб маълумот дода, аз ҷумла, таъкид кард, ки аъзои он бояд мақсад ва мароми давлатдории миллиро дарк намуда, дар шароити пуртазоди ҷаҳони муосир барои аз ҳама гуна хавфу хатар эмин нигоҳ доштани давлат ва миллат кӯшиш намоянд.

Сипас, иштирокчиён осорхонаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тонро тамошо карда, бо фаъолияти китобхонаи он шинос шуданд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»