Матбуот оинаи рӯзгор аст, баробар бо замон пеш меравад ва бозгӯйи таҳаввулоту рӯйдодҳои ҷомеа аст. Сухан силоҳи бузург аст ва онро метавон бо ҳар ҳадафе истифода бурд. Қонун, ахлоқ, озодӣ, ошкорбаёнӣ, масъулият, ҳадаф, ормон арзишҳое ҳастанд, ки рӯзноманигорони мо бо онҳо сарукор доранд. Дар атрофи ин мавзӯъҳо бо раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва иттилоот Олим Салимзода суҳбат оростем.
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» аз замони қабул то имрӯз борҳо такмил дода шуд. Бигӯед, ки барои ин кор чӣ зарурат буд?
- Дар оғоз аҳли қалам — рӯзноманигоронро ба муносибати Рӯзи матбуоти тоҷик самимона шодбош мегӯям.
Қонун догма нест. Бо тағйиру таҳаввулоте, ки дар ҷомеа рух медиҳанд, таҷдиди назар мешавад. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», ки соли 1990, дар замони барои Тоҷикистон ҳассос, қабул шуд, низ аз ин ҷараён истисно нест. Он соли 2013 дар таҳияи нав ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид. Аммо то пешниҳод шудан марҳилаи тӯлониеро тай намуд. Қариб се сол дар баррасии он намояндаҳои нашрияҳои давлатӣ, хусусӣ, ҷамъиятӣ ва соҳавӣ ширкат варзиданд. Баъдтар аз ҷониби Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба лоиҳаи қонун тағйирот пешниҳод гардид, ки муҳтавои он ҷилавгирӣ аз мухолифат бо қонунҳои дигар буд. Ҳатто барои муҷозот шудани ВАО ниҳоди сабтиномкунанда муваззаф мегардид, ки фаъолияти ин ё он нашрияро боздорад. Ин тарҳ аз ҷониби вакилони парлумон мавриди баррасии ҷиддӣ қарор гирифт ва дар таҳрири нав пешниҳод шуд. Мо дар кишваре зиндагӣ мекунем, ки ҳадафу талошаш расидан ба ормонҳои демократист. Бинобар ин, ҳар масъалаи ба фаъолияти нашрияҳо рабтдошта бигзор аз ҷониби судҳо одилона ҳаллу фасл шавад.
Ахиран, ба қонун баъзе тағйироти забониву услубӣ пешниҳод ва пазируфта шуд, зеро қонун, пеш аз ҳама, аз нигоҳи забон ва тарзи баён бояд нуқс надошта бошад.
- Дар ин раванд ҷомеаи журналистӣ фаъол буданд. Оё фикру пешниҳоди онҳо ба инобат гирифта шуд?
- Дуруст. Ҷомеаи журналистӣ ҳангоми таҳияи таҳрири нав хеле фаъол буданд. Гурӯҳҳои корӣ таъсис додем. Дар он олимон, рӯзноманигорони нашрияҳои давлативу хусусӣ баҳри такмили лоиҳа талош карданд. Мехоҳам номи рӯзноманигорони маъруф Қироншо Шарифзода, Нуриддин Қаршибоев, Хуршеди Атовулло ва ҳуқуқшинос Қаноат Қаноатовро махсус ёдрас шавам. Аз ниҳодҳои байналмилалӣ бахши душанбегии матбуоти Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба мо ёрӣ расонд.
Агар ёд дошта бошед, қаблан дарёфти иттилоъ аз ниҳод пас аз муроҷиат то як ҳафта тӯл мекашид, дар қонуни нав он то ба се рӯз кам карда шуд. Дар сурати сарпечӣ кардани мансабдори давлатӣ аз додани иттилоот муҷозот низ муқаррар шудааст. Албатта, дар ин робита аз Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба маводҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО» низ метавон ёдовар шуд, ки такони бузурге дар муносибат ба матбуот мебошад.
Дар ин замина мехоҳам дар бораи нишастҳои матбуотӣ бигӯям, ки шеваи корашон дигар шудаасту таъсирбахш нестанд, зеро онҳо ба як навъ ҳисоботи идораву муассиса ва вазоратхонаҳои давлатӣ мубаддал гаштаанд. Ҳол он ки ҳадаф аз баргузории нишастҳо таҳлили воқеӣ, дарёфту ислоҳи камбудиҳои соҳа мебошад.
- Қонун ва ахлоқ. Ин ду бо ҳам чӣ иртиботе доранд? Оё қонуни мазкур меъёрҳои ахлоқиро дар фаъолияти журналистӣ фаро мегирад?
- Ахлоқи журналистӣ, пеш аз ҳама, дар он зоҳир мешавад, ки қонун муроот гардад. Ба ҳаёти шахсии одамон мудохила кардан аз адаб нест. Қонун дасти журналистро боз гузоштааст ва баъзан аз меъёре, ки барояшон муқаррар шудааст, берун мераванд.
Сухан ҳам созанда ҳасту ҳам сӯзанда. Ҳарфи нешдор, дағал ва аз одоб берун натиҷаи манфӣ ба бор меорад. Шоир мегӯяд:
Сухан к-он аз сари андеша н-ояд,
Навиштанрову гуфтанро нашояд.
Ҷомеа ба сухани созанда ниёз дорад. Агар сухан ҳадаф надошта бошад, ба дили хонанда роҳ намеёбад. Дар бисёре аз кишварҳо қонуне, ки фаъолияти ВАО-ро танзим кунад, вуҷуд надорад. Виҷдонашон довари онҳост.
- Озодӣ дар тамоми давру замон хостаи башар будааст. Озодии сухан, озодии матбуот дар кишвар чӣ ҷойгоҳеву мақоме дорад?
- Озодии баён талаботест, ки ҷомеаи Тоҷикистон онро мадди назар дорад ва барои рӯзноманигорон низ фароҳам аст. Агар ба омор назар андозем, мебинем, ки дар кишвар нисбат ба нашрияҳои давлатӣ нашрияҳои хусусӣ бештаранд. Аз даҳ оҷонсии иттилоотӣ ба ҷуз АМИТ «Ховар» боқӣ хусусианд. Рӯзноманигорон озодона ибрози назар менамоянд, агар ин гуна набуд, мардум ба матбуот муроҷиат намекарданд. Онҳо нома менависанд, мушкилу муаммоҳои рӯзгорашонро аз тариқи нашрияҳои давлативу хусусӣ бозгӯйӣ мекунанд.
Агар ба фазои иттилоотии Осиёи Марказӣ назар андозем, нисбат ба Туркманистону Ӯзбекистон ва ҳатто дар баъзе маврид Қирғизистон, Тоҷикистон дар ибрози назари холисона ба рӯйдоду паёмадҳое, ки дар ҷомеа рух медиҳанд, дар сафи пеш аст. Аммо рӯзноманигорон аз фазое, ки барояшон муҳайёст, баъзан истифода намебаранд.
- Ҳамкории парлумон бо рӯзноманигорон чӣ гуна аст?
- Имрӯз муносибати парлумон бо рӯзноманигорон ба тамом тағйир ёфтааст. Вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамеша омодаанд, ки ба пурсишҳои ВАО ҷавоб гӯянд. Зуд-зуд баргузор шудани муҳокимаҳои парламентӣ бо иштироки рӯзноманигорон гувоҳи он аст.
Бо ибтикори Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров аз соли ҷорӣ соатҳои парламентӣ дар шакли нав баргузор мешаванд. Дар асоси пурсишу номаҳои интихобкунандагон дар он соатҳо бо роҳбарони ин ё он ниҳоди давлатӣ гуфтугӯйи ҷиддӣ сурат мегирад.
- Нақши матбуоти давриро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?
- Ҷойгоҳи матбуот дар ҷомеа махсус аст. Замони шӯравӣ мардум ҳар пагоҳӣ, пеш аз он ки ба кор раванд, дар назди дӯконҳои рӯзномаву маҷаллафурӯшӣ навбат меистоданд. Онҳо рӯзи худро бо хондани рӯзнома оғоз мекарданд. Ин кор шоистаи пайравист, аммо барои он таъсиси дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ зарур аст. Ҳоло КВД «Почтаи тоҷик» фаъолтар шудааст. Сайти интернетиаш ҳам кор мекунад. Он рӯз дур нест, ки рӯзномаву маҷаллаҳо аз дӯконҳои рӯзномафурӯшӣ дастраси хонандагон мегарданд ва «Почтаи тоҷик» низ сари вақт рӯзномаву маҷаллаҳоро ба обуначиён мерасонанд.
Мардум баъзе нашрияҳоро мекобанд, ҳатто дар пайдо кардан душворӣ ҳам мекашанд. Онҳо ба сухани чопӣ, сухани созандаву нав ниёз доранд, зеро:
Беҳтарин гавҳари ганҷинаи ҳастӣ сухан аст,
Гар сухан ҷон набувад, мурда чаро хомӯш аст?!
Гирифтани пеши роҳи каҷравиҳо, калавишҳо, гаравидан ба фарҳангҳои бегона рисолати бевоситаи аҳли қалам аст. Албатта, ин кор осон нест, заҳмат металабад.
Парлумони кишвар ба фаъолияти аҳли қалам, заҳмати шабонарӯзии онҳо эътибор медиҳад. Матбуотро дар амалӣ шудани он ҳадафҳое, ки дар назди ҷомеа қарор дорад, шарики боэътимод медонад.
- Шумо низ замоне журналист будед. Фаъолияти журналистии шумо ба фаъолияти сиёсиатон таъсире гузоштааст?
- Дар фаъолияти намояндагӣ ва қонунгузории ман пешаи журналистӣ ҳамеша ёрӣ мерасонад. Замони дар матбуот кор кардан ман аз мактаби бузурги ҳаёт гузаштам. Инро вақте дар курсии вакилӣ нишастам, хубтар эҳсос намудам.
Таҳия ва эҷоди қонун то ҷое ба рӯзноманигорӣ шабоҳат дорад. Рӯзноманигор зиндагиро меомӯзад, паҳлуҳои рӯзгорро таҳқиқу таҳлил мекунад ва рӯи қоғаз меорад. Вақте навиштаи журналист аз ҳаёти воқеӣ гирифта мешавад, он беҳтару хубтар ба дили хонанда мерасад. Қонун ҳам мисли ҳамин аст.
- Барои суҳбат ташаккур!
ВОРИС,
«Садои мардум»