25 апрели соли 2017 муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Акрамшо Фелалиев бо машваратчии байналмилалии ташкилоти маблағгузории иҷтимоии Британияи Кабир хонум Гопи Шах мулоқот намуд, ки дар он вазъ ва дурнамои ҳамкориҳои байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
- Ман хеле хушнудам, ки ташкилоти ғайридавлатии шумо дар панҷоҳ кишвари калонтарини дунё намояндагии худро дорад ва ба масъалаи таъмини оби ошомиданӣ ба аҳолӣ диққати ҷиддӣ медиҳад. Қисмати зиёди лоиҳаҳои шумо дар вилоятҳои Хатлону Суғд босамар татбиқ шуда истодаанд, — гуфт Акрамшо Фелалиев.
- Чун Тоҷикистон ташаббускори асосии чорабиниҳои байналмилалӣ дар соҳаи об мебошад, мо барои татбиқи рӯзномаи оби Созмони Милали Муттаҳид бо андешидани чораҳои амалӣ ҷиҳати ҳалли ботадриҷи мушкилоти бо об алоқаманд ҳавасманд мебошем, — афзуд муовини Раиси Маҷлиси намояндагон.
Акрамшо Фелалиев, ҳамчунин таъкид намуд, ки қариб 60 фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар Тоҷикистон ташаккул меёбад.
Ҷонибҳо, ҳамчунин масъалаҳоро вобаста ба рушди гидроэнергетика, имкониятҳои бузурги Тоҷикистон дар ин самт, тавсеаи бештари муносибатҳои байнидавлатӣ, аз ҷумла дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ мавриди гуфтугӯ қарор доданд.
Хонум Гопи Шах изҳор дошт, ки Британияи Кабир ҳамеша ҷонибдори густариши равобит ва ҳамкории судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. — Мо инкишофи пайгиронаи ҳамкориҳои иқтисодиро бо Тоҷикистон аз ҷумлаи афзалиятҳои аввалиндараҷа медонем, — гуфт ӯ.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти
Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон