Гуфтугӯ аз таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар Женева

№29 (4925) 05.03.2025

Махмадтоир Зокирзода дар Женева (1)Дар шаҳри Женева Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ­Маҳмадтоир Зокирзода дар иҷлосияи 12-уми Парлумони байналмилалӣ оид ба таҳаммулгароӣ ва сулҳ иштирок ва суханронӣ намуд.

Зимни суханронӣ Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои иҷлосия, таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва расидани Тоҷикистон ба сулҳу оромӣ ва рушди устувор маълумот пешниҳод карда, нақши муҳими Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар фароҳам овардани сулҳу субот таъкид намуд.

Маҳмадтоир Зокирзода иброз дошт, ки имрӯз таҷрибаи сулҳи тоҷикон ба мактаби ибратомӯзи ҳалли низоъҳои дохилӣ мубаддал гардида, ин таҷриба ҳамчун намунаи беҳтарин аз ҷониби дигар кишварҳо ва минтақаҳо қабул шудааст.

Муҳаммадато СУЛТОНОВ,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МНМО ҶТ