18 майи соли 2018 аъзои Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия бо намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор мулоқот намуданд, ки дар он масоили марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои молиявию иқтисодии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Таъкид гардид, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ташкилоту идораҳои молиявии байналмилалӣ дар татбиқи сиёсати иқтисодӣ ба нишондиҳандаҳои назаррас ноил гардидааст.
Инчунин, бештар ба масъалаҳои гуногуни вазъи ҷаҳони муосир, нақшаю дурнамои марбут ба рушди оянда ва кам кардани таъсири манфии омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Шариф Раҳимзода ба намояндагони Хазинаи байналмилалии асъор барои кумак ва мусоидати холисона дар рушди иқтисодии мамлакат ва дастгирии ҳамаҷониба дар раванди иҷрои барномаҳои гуногуни иқтисодӣ изҳори миннатдорӣ карда, мулоқоти онрӯзаро идомаи мантиқии таҳкими ҳамкориҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Хазинаи байналмилалии асъор ва омили вусъатбахши дигаргунсозиҳои иқтисодӣ арзёбӣ намуд.
Шариф Раҳимзода аз тадбирҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи паст кардани таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёт ва тақвият бахшидани рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ёдовар шуда, изҳори боварӣ намуд, ки дар оянда низ шарикони рушди Тоҷикистон дар доираи афзалиятҳои стратегии рушд бо роҳи дастгирии Буҷети давлатӣ ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар ҳалли мушкилоти мавҷудаи иқтисодию молиявӣ нақши муносиб мегузоранд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон