Гуфтугӯи Файзулло Баротзода бо Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ

№117 (4379) 18.09.2021

Парламент17 сентябри соли 2021 раиси Комиссияи одоби вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон Файзулло Баротзода бо раиси Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Маҷлиси Шӯрои исломии Ҷумҳурии Исломии Эрон бо Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷалил Раҳимӣ Ҷаҳонободӣ мулоқот намуд.

Зимни он масъалаи тақвияти ҳамкории байнипарлумонии миёни кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифта, зикр гардид, ки робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикис­тон ва Эрон дар доираи ҳамкориҳои бисёрҷониба роҳандозӣ шудаанд.

Инчунин қайд гардид, ки зарурати роҳандозӣ ва тавсеаи ҳамкории байнипарлумонӣ миёни Тоҷикистон ва Эрон дар вохӯриҳои сатҳи баланд миёни роҳбарони олии сиёсии Тоҷикистону Эрон, инчунин, дар сатҳи машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ҳар ду кишвар борҳо баррасӣ гардида, натиҷаҳои дилхоҳ низ додаанд.

Файзулло Баротзода таърих, забон, фарҳанг ва оини муштараки байни халқҳои тоҷику эрониро яке аз омилҳои асосии густариши муносиботи ҳар ду кишвар арзёбӣ кард.

Таъкид гардид, ки барои пешбурду ривоҷи ҳамкориҳои ҳамаҷониба байни Тоҷикистону Эрон асосҳои ҳуқуқӣ фароҳам буда, санадҳои зиёди танзимкунандаи ҳамкориҳои дуҷониба ба имзо расидаанд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон