Зимни мулоқоти раиси Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Парлумони Фаронса Идигул Қосимзода ва сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Таран, ки 22 июни соли равон доир шуд, роҳу василаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан аз тариқи афзоиши табодули сафарҳои намояндагони баландпояи Тоҷикистон ва Фаронса мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Маҷлиси намояндагон ва Парлумони Фаронса низ яке аз мавзӯъҳои муҳими гуфтугӯи тарафҳо буда, ҷониби Фаронса ба иқтидору имкониятҳои фаровони рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуд.
Дар интиҳо изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар ҳама самт мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои бештари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳоро фаро хоҳанд гирифт.
Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ