Гуфтугӯи Идигул Қосимзода бо Мишел Таран

№81 (4343) 22.06.2021

DSC_3171Зимни мулоқоти раиси Гурӯҳи дӯстии Маҷлиси намояндагон бо Парлумони Фаронса Идигул Қосимзода ва сафири фавқулода ва мухтори Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Таран, ки 22 июни соли равон доир шуд, роҳу василаҳои таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба, хусусан аз тариқи афзоиши табодули сафарҳои намояндагони баландпояи Тоҷикистон ва Фаронса мавриди баррасӣ қарор гирифт.

IMG_7330Ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои мутақобилан судманд байни Маҷлиси намояндагон ва Парлумони Фаронса низ яке аз мавзӯъҳои муҳими гуфтугӯи тарафҳо буда, ҷониби Фаронса ба иқтидору имкониятҳои фаровони рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои амният, энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия, сайёҳӣ, маориф ва фарҳанг таваҷҷуҳ зоҳир намуд.

Дар интиҳо изҳори боварӣ карда шуд, ки тавассути муколамаҳои доимии сатҳи баланд робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Фаронса дар ҳама самт мазмуну мундариҷаи нав касб намуда, дар оянда доираҳои бештари мавриди таваҷҷуҳи тарафҳоро фаро хоҳанд гирифт.

Муҳаммадато Султонов, мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи

Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Суратгир Неъматулло АЛИЕВ