Зимни вохӯрии муовини якуми Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадалӣ Ватанзода ва сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Беларус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Виктор Денисенко, ки 18 ноябри соли равон доир гардид, масоили ҳамкории Тоҷикистону Беларус мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Маҳмадалӣ Ватанзода изҳор дошт, ки Тоҷикистон ва Беларус ҷонибдори таҳкими ҳамкориҳои минтақавӣ буда, оид ба баланд бардоштани сатҳи муносибатҳои самаранок дар доираи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони амнияту ҳамкорӣ дар Аврупо, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва дигар созмонҳои минтақавӣ мавқеи ҳамсон доранд.
Дар мулоқот омодагӣ барои ба роҳ мондани робитаи зичу пурсамар байни минтақаҳои ҳар ду кишвар ва субъектҳои хоҷагидори Тоҷикистону Беларус низ таъкид шуда, зикр гардид, ки барои ноил шудан ба ҳадафҳои судманд истифодаи фаъоли сохтори Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ зарур мебошад.
Зимни суҳбат масъалаҳои таҳкими ҳамгироӣ дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир низ баррасӣ шуд.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ