31-уми октябри соли 2022 Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо мудири Дафтари минтақавии Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ (WHO) барои Аврупо Ҳанс Ҳенри Клюге вохӯрда, доир ба ҳамкории парлумони Тоҷикистон бо созмони зикршуда суҳбат оростанд.
Зикр гардид, ки Тоҷикистон аз соли 1992 узви Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ буда, таи ин солҳо дар доираи созмон ҳамкории судманд дошт.
Маҳмадтоир Зокирзода гуфт: «Замони муосир талаб мекунад, ки афзалиятҳои шарикии амалиро барои дарозмуддат аз нав дида бароем. Ҳамкории ҳар ду тараф бояд ба талаботи ҳозира пурра ҷавоб диҳад. Кишвари мо дар иҷрои уҳдадориҳои Созмони умумиҷаҳонии тандурустӣ, татбиқи принсипҳо дар сатҳи қонунгузории миллӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидааст».
- Дар ин замина мо саъю кӯшиши созмонҳо, бахусус Созмони умумиҷаҳонии тандурустиро барои расонидани кумаки фаврӣ ва дарозмуддат дар мубориза бо оқибатҳои башардӯстона ва иҷтимоию иқтисодии бемории сироятии COVID-19, қадр мекунем. Аз ин рӯ, андешидани тадбирҳои муштарак ҷиҳати пешгирии паҳншавии минбаъдаи ин беморӣ ва барқарорсозии рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ аз ҳарвақта муҳимтар аст, — афзуд Раиси Маҷлиси намояндагон Маҳмадтоир Зокирзода.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон