Гуфтугӯи Маҳмадтоир Зокирзода бо Эмре Зеки Карагёл

№78 (4498) 23.06.2022

DSC_4035Зимни вохӯрии Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода бо сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Туркия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл, ки 23 июни соли равон баргузор шуд, дурнамои муносибатҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Туркия мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо барои рушду тавсеаи бештари ҳамкории байнипарлумонӣ изҳори ҳавасмандӣ карда, ёдовар шуданд, ки тайи 30 соли барқароршавии муносибатҳои дипломатии байни ҳар ду кишвар робитаҳо дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоӣ густариш ёфта, беш аз 70 санади ҳамкорӣ ба имзо расидааст.

- Мо омодаем, ки барои таҳкиму густариши бештари муносибатҳои байни кишварҳоямон, хусусан ҳамкории байнипарламентӣ, талошҳои муштарак ба харҷ диҳем, — гуфт Маҳмадтоир Зокирзода ва афзуд: — Дар Маҷлиси намояндагон Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкорӣ бо Маҷлиси бузурги миллии Ҷумҳурии Туркия босамар фаъолият дошта, парлумони кишвар омода аст, ки пояҳои қарордодиву ҳуқуқии муносибатҳои дуҷонибаро боз ҳам таҳким бахшад. Ҳамчунин, дар асоси «Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ — иқтисодӣ» ҷиҳати таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Туркия оид ба ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва техникӣ ба роҳ монда шудааст.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон